ОЗМУНИ БАХШИҲО

Дар ноҳияи Қӯшработи вилояти Самарқанд таҳти мавзӯи «Нақши эҷоди Эргаш Ҷуманбулбул ӯғли ва мероси адабии мактаби достонсароии Қӯрғон дар рушди маънавӣ-фарҳангии Ӯзбекистони Нав» конфронси байналмилалӣ ва озмуни ҷумҳуриявии бахшиҳо баргузор гардид.

Дар ин чорабинии бонуфуз, ки дар ноҳия бори аввал гузаронида шуд, бахшиҳои шинохта, олимони Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дар ривоҷи санъати бахшӣ саҳм мегузоранд, шоиру нависандагон, аҳли фарҳанг ва намояндагони ҷамоатӣ иштирок карданд.
Дар анҷуман олимони хориҷӣ доир ба эҷодиёти даҳонакии халқи ӯзбек, аз ҷумла, санъати бахшӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.
Дар озмуни бахшиҳо, ки дар байни ҷавонони аз 7 то 18-сола ва аз он калонтар ташкил карда шуд, аз минтақаҳои гуногуни кишвар қариб 100 нафар бахшӣ маҳорати худро санҷиданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: