ОЗМУНИ ГРАНТИ НАВИ ДАВЛАТӢ ЭЪЛОН ГАРДИД

24 ноябри соли ҷорӣ ҷамъомади навбатии Комиссияи парлумонӣ оиди идоракунии маблағҳои Бунёди ҷамоатии СҒҒ-и назди Олий Маҷлис ва институтҳои дигари ҷамъияти шаҳрвандӣ баргузор гардид.

24 ноябри соли ҷорӣ  ҷамъомади навбатии Комиссияи парлумонӣ оиди идоракунии маблағҳои Бунёди ҷамоатии СҒҒ-и назди Олий Маҷлис ва институтҳои дигари ҷамъияти шаҳрвандӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад аъзои Комиссияи парлумонӣ оиди идоракунии маблағҳои бунёди ҷамоатӣ ва ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок намуданд.
Аз ҷониби Комиссияи парлумонӣ дар иҷрои барномаҳои давлатӣ чораҳое, ки ба пуштбонии иштироки фаъолонаи СҒҒ ва институтҳои дигари ҷамъияти шаҳрвандӣ нигаронида шудаанд, муттасил ба амал бароварда мешаванд.
Дар ҷамъомад ба аҳамияти муҳим молик будани институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ  ба сифати шарики иҷтимоии давлат  дар дастгирии фаъолнокии иҷтимоию иқтисодии қишри васеи аҳолӣ, таъмини самаранокии ислоҳот, ба ҷараёни дигаргуниҳои демократӣ васеътар ҷалб сохтани онҳо таъкид  шуд.
Хусусан, ба қонеъ сохтани эҳтиёҷоти иҷтимоию иқтисодии қишри васеи аҳолӣ, ҳамчунин самаранок бартарафсозии мушкилоти долузарб чун шарти муҳими таъмини мувозинатҳо дар ҷамъият эътибори калон нигаронида шуд.
Дар рӯзнома барои СҒҒ ва институтҳои дигари ҷамъияти шаҳрвандӣ масъалаи озмуни грантӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз ҷониби бунёди ҷамоатӣ  таҳти мавзӯи “Мустаҳкам намудани шарикии иҷтимоӣ дар таъмини ҳамҷиҳатӣ ва суботи байнимиллӣ” барои ҷудо кардани Грантҳои давлатӣ озмуни 5-ум эълон гардид.
Ба сифати самтҳои озмун бобати ба ҷомеаи ҷаҳон расонидани ахбори холис оиди ислоҳоти дар мамлакат татбиқшаванда баланд бардоштани нақш ва аҳамияти марказҳои фарҳангии миллӣ ва ҷамъиятҳои дӯстӣ, ташкил намудани ҷашнвораҳо, форумҳо, озмунҳо, вохӯриҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба боз ҳам мустаҳкамнамоии ҳамҷиҳатии миллӣ ва сулҳу салоҳ нигаронида шудаанд, дар ҷамъият пурзӯрсозии эҳсоси оилаи калони бисёрмиллата, байни намояндагони миллат ва халқиятҳои гуногун, ки дар ҷамъиятамон ба сар мебаранд, боз ҳам мустаҳкамсозии дӯстию рафоқат, тарбия намудани авлоди ҷавон дар рӯҳи муҳаббат ва садоқат ба Ватан барин самтҳо  муайян гардидаанд. 
Дар озмуни грантӣ ҷамъиятҳои дӯстӣ ва марказҳои фарҳангии миллӣ фаъолона иштирок карда метавонанд.
Лоиҳаҳои грантӣ  барои қонеъ сохтани эҳтиёҷи захираҳои молиявии СҒҒ ва институтҳои дигари шаҳрвандӣ, ҳамчунин дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ, сотсиалию сиёсӣ баҳри бартарафсозии норасоиҳо имконият фароҳам меоварад.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки дар ҷамъомад вазифаҳо бобати ҷонноксозии мулоқот бо СҒҒ, ВАО ва аъзои комиссияҳои ҷамоатӣ оиди шарикии иҷтимоӣ, дар ҷамъият ба амал ҷорӣ намудани шакл ва механизмҳои гуногуни  назорати шарикии иҷтимоӣ ва ҷамоатӣ, дар ҳудудҳо ташкил кардани вохӯриҳо  муайян карда шуданд.
Дар шароити пандемия ба Идораи марказии ҷамъияти нобиниҳо масъалаи ҷудо намудани субсидияи якдафъаина  баррасӣ гардид. Аз ҳисоби маблағҳои буҷа ба мақсад мувофиқии дастгирии давлатии ходимони ҷамъиятии ба ҳифзи иҷтимоӣ муҳтоҷ қайд гардид.
Баробари ҳамин, бо мақсади ҷалби васеи аҳолӣ ба чорабиниҳои маънавӣ-маърифатӣ таҳти шиори “Ӯзбекистони нав – ҷаҳонбинии нав”, ғанӣ гардондани ҷаҳонбинии сиёсӣ, динӣ, маънавию маърифатии шаҳрвандон ба ҷамъияти тарғиботчиёни “Маърифат” масъалаи ҷудо намудани маблағи иловагӣ баррасӣ гардид.
Аз рӯйи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои Комиссияи парлумонӣ қабул шуданд.  

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: