ОЗМУНИ РАИСОНИ МАҲАЛЛА

Бо ташаббуси сарвари мамлакат барои бо маънавияти воло тарбия кардани авлоди наврас эътибори алоҳида дода мешавад.

Дар ин ҷода ривоҷ ёфтани корҳои маънавию маърифатӣ, дар дили ҷавонон меҳри китоб, адабиёт, санъат, варзишро зиёд намудан, занону духтаронро бо кор таъмин кардан аз корҳои назаррас мебошанд.
Чанде пеш дар ноҳияи Чуст бахшида ба муносибати 28-умин соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори аввал байни раисони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо озмун-азназаргузаронӣ таҳти унвони «Шахси бо шеър ошно кам намешавад» баргузор гардид.
Дар озмун 8 нафар раисони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳое, ки дар озмуни ҳудудӣ ғолиб омадаанд, иштирок намуданд. Аз  маҳаллаҳои «Боғормас» Сардор Отабоев, «Бирлик» Аъзамҷон Сотволдиев, «Дӯстлик» Музаффар Умаров, «Ёрқишлоқ» Олимҷон Исмадиёров, «Пилол» Алишер Қосимов, «Юқори» Саъдулло Қӯчқоров, «Янгиер» Фирӯза Рустамова ва «Ғовасой соҳили» Шавкатҷон Тошматов бинобар ҳаёт ва фаъолияти алломаҳо, шоиру нависандагони  бузург маълумот дода, порчаҳои шеърӣ қироат карданд.
– Озмуни номбурда нафақат раисони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо, балки бошандагони онҳоро низ ба китобхонӣ даъват мекунад, дар дилашон меҳри адабиётро бедор месозад. Чунин тадбирҳои маънавию маърифатӣ ба ғайр аз ноҳияи Чуст дар ноҳияҳои Учқӯрғон ва Поп низ баргузор гардиданд. Ҳоло дар дигар ноҳияҳои вилоятамон давом мекунад, – гуфт ҷонишини якуми Шӯрои мувофиқгардонии фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрвандони вилояти Намангон Мӯсохон Оппоқов. 
Дар ҷамъбасти озмун раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Юқори» Саъдулло Қӯчқоров холи аз ҳама зиёд ба даст оварда, ба ҷойи якум ноил гардид. Дигар иштирокчиён низ  аз рӯйи номинатсияҳои гуногун ғолиб омаданд. Онҳо  бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда шуданд.

А. МУРОДОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: