Дар «Маркази ҷавонон»-и шаҳри Бухоро озмун-азназаргузаронии ҷумҳуриявии «Шашмақоми Бухоро» ба амал омад.
Дар он ба ғайр аз намояндагони вилояти Бухоро зиёда аз 200 нафар мақомсароёни 15-35-солаи вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Сурхондарё, Сирдарё, Ҷиззах иштирок карданд. Ин озмун аз он ҷиҳат аҳамиятнок аст, ки ғолибони он ба ҷашнвораи дуюми байналмилалии санъати мақоми ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.
Аз ин рӯ, беҳуда нест, ки ҳайати доваронро Ҳофизи мардумии Ӯзбекистон Исроилҷон Ваҳобов, директори Маркази санъати мақоми миллии Ӯзбекистон Соибҷон Бегматов, Артисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон Аҳмадҷон Дадаев барин устодони санъат ташкил медиҳанд. Марҳилаи ҷумҳуриявии озмун-азназаргузаронии «Шашмақоми Бухоро» дар доираи Анҷумани II байналмилалии мақом дар сатҳи баланд хотирмон гузашт. Шуъбаи маданияти ноҳияи Бухоро соҳиби ҷойи сеюм, ансамбли мақоми намунавии вилояти Сирдарё сазовори ҷойи дуюм шуданд. Барои соҳибшавӣ ба ҷоизаи асосии озмун санъаткорони андиҷонӣ бо мақомсароёни ҷавони бухороӣ рақобат карданд. Оқибат шогирдони мактаби ихтисосонидашудаи санъати Андиҷон ҷойи якум ва ансамбли мақоми намунавии вилояти Бухоро ҷойи аввал – Гран-приро ба даст дароварданд. Аз рӯйи номинатсияи «Овози мардона» ҷойи сеюм ба омӯзгори Мактаби мусиқӣ ва санъати бачагонаи рақами 16-уми вилояти Бухоро Қулмамат Ҳимматов ва яккахони ансамбли мақоми намунавии вилояти Сирдарё Нишон Қайюмов, ҷойи дуюм ба омӯзгори мактаб-интернати ба санъати мақом ихтисосонидашудаи Бухоро Рамзиддин Эргашев ва ҷойи якум ба ҳофизи яккасарои ансамбли мақоми намунавии вилояти Сурхондарё Аловиддин Шермаматов ва дар ин равия – Гран-прӣ ба омӯзгори мактаби мусиқӣ ва санъати бачагонаи рақами 14-и вилояти Бухоро Асадбек Ҳайдаров насиб кард. Дар номинатсияи «Овози занона»-и озмун низ соҳибистеъдодони ҷавон кашф карда шуданд. Шогирди Мактаби мусиқӣ ва санъати бачагонаи рақами 12-и ноҳияи Ромитан Фазилат Солиева соҳиби ҷойи сеюм, муаллими Мактаби мусиқӣ ва санъати бачагонаи рақами 9-и ноҳияи Шофиркон Санобар Худойназарова сазовори ҷойи дуюм ва яккахони дастаи мақоми намунавии вилояти Ҷиззах Динора Раҳмонова муносиби ҷойи якум ва яккахони Ансамбли мақоми намунавии вилояти Бухоро Меҳринисо Самиева соҳиби Гран-прии озмун гардиданд.
Дар номинатсияи «Ансамбли навозандагон» ҷойи сеюм ба Мактаби мусиқӣ ва санъати бачагони рақами 8-уми ноҳияи Вобканд ва ансамбли мақоми намунавии вилояти Сирдарё , ҷойи дуюм ба ансамбли бадеии коллеҷи мусиқӣ ва санъати ҷумҳурӣ, ҷойи якум ба мактаб-интернати ба санъати мақом ихтисосонидашудаи Бухоро ва ҷойи олӣ – Гран-прӣ ба мактаби ихтисосонидашудаи санъати Андиҷон насиб кард.
Ғолибони озмун аз ҷониби Маркази санъати мақоми миллӣ ва ҳокимияти вилояти Бухоро бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд гардонда шуданд
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти БУХОРО.