ОЗМУНИ ШЕЪРХОНӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Ин сатрҳои содаи шеърӣ ба қалами омӯзгори куҳансол Ҷониқул Рӯзиев мансуб аст.

Кӯҳҳои Ӯхм баланд аст,
Азиму дилписанд аст.
Аз қуллаҳо намоён,
Замини Самарқанд аст...

Ин сатрҳои содаи шеърӣ ба қалами омӯзгори куҳансол Ҷониқул Рӯзиев мансуб аст. Як силсила шеърҳои ӯ аз  китобҳои «Шарораи хотираҳо»-и Ҳотам Бозоров ва «Чашмаи зиндагонӣ»-и Холназар Ӯролзода (руҳу равони ҳарду шод бод!) ва дигар ҷой гузидаанд. Ашъори Рӯзиев содаву равон аст ва  дар онҳо бештар табиати диёри зебо, манзараҳои деҳ васф карда шудаанд...
Ибтидои соли ҷорӣ дастпарвари Донишгоҳи давлатии Самарқанд, донандаи хуби технологияи коммуникатсионӣ, алҳол  пажӯҳишгари ҷавон, омӯзгор дар шаҳри Самарқанд Раҳматулло Шокиров оид ба ифоданок қироат намудани  шеъри «Деҳаи ман»-и Рӯзиев дар як саҳифаи иҷтимоии телеграм озмун эълом карда буд. Иштирокчиён метавонистанд чи бо шакли сабт, чи бо навори видеоӣ қироати шеърро ба ҳайат пешкаш мекарданд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Тӯли ин муддат пиру барно қобилияти худро дар ин ҷода санҷиданд.
Ҳайат зимни баҳогузорӣ иштирокчиёнро аз нигоҳи синну сол чунин тақсимбандӣ кард: хурдсолон, хонандагони синфҳои ибтидоӣ, синфҳои болоӣ, донишҷӯён ва калонсолон.
– Дар ҳоле ки мардуми мо, хурду калон аз мутолиаи китоб, рӯзнома, маҷалла як андоза дур шудаанд ва ба ин байти машҳури шоир:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
чандон  амал наменамоянд, нисбат ба арзишҳо беэътиноӣ зоҳир менамоянд, зебоиҳои диёрро дуруст дарк намекунанд, назди худ ҳадаф гузоштем, ки бо ҳамин роҳҳо дубора онҳоро ба забон, фарҳанги миллӣ дилгарм созем ва дар ин роҳ ба натиҷаи нахустин расидем, гӯем муболиға намешавад,– андешаву мулоҳизаҳои хешро боре ба ҳам дид Раҳматулло Шокиров. 
– Аз ин рӯ, кӯшиш кардем, ки батадриҷ аз сода ба мураккабӣ гузарем...
Ҳайати ҳакам ба ҳамаи иштироккунандагон баҳогузорӣ намуданд ва аз миёни хурдсолон  Соҳиба Сафарова ва Фотима Тӯймуродоваи 5,5-6-соларо ба ҷойҳои аввал муносиб донистанд. Хонандагони синфҳои ибтидоӣ Дилнура Амонова (мактаби рақами 14), Дилфуза Хурсандбоева  (49) ва Сабина Элмуродова (46), аз синфҳои болоӣ бошад, Авазхон Шодибоев (мактаби рақами 31), Ганҷина Гулмуродова ва Ҳасан Дӯнабоев (мактаби 46) низ ба муваффақиятҳо ноил гардиданд.
Агар аз миёни донишҷӯён Илёс Каримов, Мирхон Қӯшоқов, Муслимбек Дилмуродов  ва Сабина Дилмуродова  аз рӯи се ҷойи аввал ғолибиятро ба даст оварда бошанд, аз калонсолон Холибек Йӯлдошев (омӯзгори мактаб) ва Субҳондиёр Ниёзов дастболо гардиданд. Ҳамаи онҳо бо ташаккурнома, китобу туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.  
– Дар ин кори нек ба мо Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони  вилоят фарзанди Ҷониқул Рӯзиев – ноиби саримом-хатиби вилоят Ботурхон Рӯзиев, рӯзноманигорон Фаридуни Фарҳодзод, Фарҳод Неъматов, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Нодир Қаюмов, омӯзгор Тиллобек Шокиров, китобдори мактаб Холбой Шомуродов бисёр кумак намуданд, ки аз ин сипосгузорем,– мегӯяд Раҳматулло Шокиров.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: