Дар Маркази «Стратегияи рушд» бахшида ба озмуни ҷумҳуриявии интихоби кадрҳои пешомадноки идоравӣ – «Тараққиёт» брифинг баргузор шуд.
Дар он вазири рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон И. Абдураҳмонов, проректори Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. Алимов, директори Маркази «Стратегияи рушд» А. Бурҳонов ва дигарон дар бораи озмун маълумот доданд.
Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои созмон додани низоми ҳозиразамони интихоби кадрҳои пешомадноки идоравӣ дар асоси озмун» аз 30 майи соли 2018 ба мақсади мунтазам таъмин кардани интихоби кадрҳои пешомадноки идоравӣ, ҳамчунин кӯмакрасонӣ ба афзоиши муттасили қобилияти касбии онҳо дар низоми мақомоти идораи давлатӣ ва хоҷагидорӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, мақомоти дигари давлатӣ ва ташкилот дар се сол як бор озмуни ҷумҳуриявии оид ба интихоби кадрҳои пешомадноки идоравии «Тараққиёт» гузаронида мешавад.
– Ин озмун бо назардошти талабот ба кадрҳо аз тариқи омӯхтани таҷрибаи кишварҳои пешқадам ташкил гардид, – мегӯяд вазири рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон И. Абдураҳмонов. – Пешбинӣ шудааст, ки озмун дар се сол як бор дар чаҳор давра гузаронида шавад. Дар веб-портал маълумотномаи ҷавононе, ки хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд, омӯхта мешавад. Иштирокдорон барои муайян кардани сатҳи дониш, устувории рӯҳӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, ҳамчунин хабардорӣ аз ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ дар режими онлайн санҷида мешаванд.
Ба озмун метавонанд шаҳрвандони аз 30 то 45 солаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо маълумоти олӣ ва на камтар аз се сол таҷрибаи корӣ дар вазифаи роҳбарӣ иштирок кунанд.
Озмуни «Тараққиёт» бинобар 16 номгӯй гузаронида мешавад.
– Миқдори гурӯҳҳои кории озмун ва аъзои онҳо бо назардошти миқдори аризаҳо бинобар ҳар кадом номгӯй ташаккул дода хоҳад шуд, – мегӯяд проректори Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. Алимов. – Ҳар як номгӯй як ё худ якчанд соҳаро дарбар мегирад. Комиссияи интихобкунанда бо иштироки мақомоти давлатӣ, ки масъули соҳаи дахлдор мебошанд, ташаккул дода мешавад.
Ба панҷоҳ нафар ғолибони озмун дар ҳаҷми 50 музди камтарини меҳнат, ба 150 нафар довталаби ниҳоӣ бошад, ба миқдори 25 музди камтарини меҳнат мукофоти якдафъаинаи пулӣ пардохта мешавад. Иштирокдорони дигари давраи ниҳоии озмун ба захираи кадрҳои идоравии соҳаҳои дахлдор дохил карда мешаванд.
Ғолибони озмун ҳамчунин барои курсҳои семоҳа бинобар «Барномаи Президентии тайёркунии кадрҳои идоравӣ» бо иштироки роҳбарони вазоратҳо, идораҳо, ширкатҳои бузурги соҳавӣ ва мутахассисони баландихтисоси ватаниву хориҷӣ ва олимон дар пойгоҳи Академия ва Маркази илмиву таълимии идораи корпоративӣ, ки коромӯзиро дар ташкилоти соҳавии кишварҳои пешқадами хориҷӣ оид ба номгӯйҳои дахлдори озмун ташкил медиҳад, таълим мегиранд. Пас аз ин онҳо дар идораҳои давлатӣ бинобар самтҳои дахлдор ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин карда мешаванд.
Маълумоти муфассалро дар бораи озмун метавон дар веб-портали taraqqiyot-tanlov.uz. пайдо кард. Дар ҳамин ҷо аз 1 то 30 октябри соли 2018 ба қайдгирии хоҳишмандони он баргузор мешавад.
И. АҲАТОВА,
хабарнигори ӮзА.