ОЗМУНҲО ТОҶИКӢ БОШАНД ЧӢ ХУБ!

Дар ҷумҳурӣ таълими умумӣ ба ҳафт забон роҳандозӣ шудааст, аз ҷумла, ба забони тоҷикӣ.

Имсол ман дар давоми таътили зимистона дар  «Олимпиадаи  фанҳо»  дар  доираи  фанҳои  забон  ва  адабиёти  тоҷик  иштирок  намудам.
Ба  ифтихору  сарбаландии  тамом  миннатдории  худро  ба  ҳамаи  масъулону  ташкилкунандагони  чунин  озмун баён мекунам.
Мо  аз деҳаи дурдасти Кӯл, ҳамчун   намояндагони   мактаби  рақами  64-уми ноҳияи Шаҳрисабз  баъди  паймудани  6 соат роҳ (дар  тобистон  то  марказ  3-4 соат роҳ аст)  ба  маркази ноҳияамон расидем. Дар мактаби  рақами 10-ум моро гарму  ҷӯшон   истиқбол   намуданд. Рақобати  шаффоф ин ҷо мушоҳида мешуд. Ман дар байни хонандагони синфи 9-ум ҷои дуюмро гирифтам. Рақибони  ман  ҳам хонандагони  пурқудрат  буданд. Ман аз онҳо бисёр чизҳоро омӯхтам. Аммо як  нафар  хонандаи  синфи  10-уми мактабамон, ки бо  мо  дар як мошин аз деҳа ба  озмун омада буд, ҷойи муносибро гирифта натавонист. Ман аз вай сабаби ҷой нагирифтанашро   пурсидам. Гуфт, ки агар озмун аз фанни таърих ҳам бо забони  тоҷикӣ мешуд, ҷойи  намоёнро гирифта метавонист.
Инчунин, ҳангоми суҳбат  бо хонандагони  дигар  мактабҳои  тоҷикӣ ҳам ба чунин хулоса  омадам, ки ғайр аз забон ва адабиёти тоҷик  озмун аз фанҳои дигар бо забони ӯзбекӣ баргузор шуда  будааст.
Дар як  ҳафта 2-соат  омӯхтани  забони давлатӣ барои  мо  имконият намедиҳад, ки  бо  хонандагоне, ки пурра бо он забон таълим гирифтаанд, рақобат  намоем.
Соли гузашта дар  озмуни  «Мусобиқаи  донишҳо» (аз фанни забони англисӣ) низ иштирок   намуда, чунин ҳолатро дида будам, ки хонандагони мактабҳои тоҷикӣ якҷоя  бо  хонандагони мактабҳои ӯзбекӣ аз фанҳои мухталиф бо забони ӯзбекӣ рақобат менамуданд.
Агар дар мактабҳои   ғайриӯзбекии  Ӯзбекистон   дарсҳои  забони  ӯзбекӣ ва  адабиёти ӯзбек бештар ва ба  таври  мустақил   гузошта   мешуданд, хеле хуб мешуд.  
Ин барои омӯхтани  забони давлатӣ нақши  муҳим  дорад. Мамлакати  мо   салоҳияти онро дорад, ки   ҷиҳатҳои ба маблағ вобастаи  ин иқдомро пардохт  намояд.
Инчунин, дар  асоси имкониятҳои қонуние, ки ба ҳамаи шаҳрвандони Ӯзбекистон дода шудааст, мехоҳам, озмуну олимпиадаҳо барои мактабҳои тоҷикӣ бо забони таълим баргузор шаванд.
Муҳайё нанамудани чунин имконият ва шароит барои  пешрафти   илму дониш ва аз худ намудани дарс монеа мегардад.

Самар ОРИФҚУЛОВ,
хонандаи синфи нӯҳуми
 мактаби рақами 64-уми 
ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: