ОЗОДИИ СУХАН – ПОЙДЕВОРИ РУШДУ ТАРАҚҚИЁТ

Тӯли чоряк асри истиқлолият дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар ҷумҳурии мо, теъдоди расонаҳои ахбори оммавии чопии расмиву мустақил ба маротиб афзуд.

Шабакаҳои зиёди телевизиону радио ба фаъолият шурӯъ карданд. Дар баробари расонаҳои ахбори мазкур, сомонаҳои интернет ба халқ хабарҳои тозатаринро расонда меистанд.
Расонаҳои ахбори оммавӣ дар тарбияи ғоявӣ, маънавӣ ва ахлоқии ҷомеа ҷойгоҳи худро доранд. Китоб низ бори тарбияро бар дӯш дорад. Вале, бино ба қавле, расонаҳои ахбори оммавӣ насли имрӯз, китобҳо бошанд, насли имрӯзу ояндаро тарбия мекунанд. Пас, китобу расонаҳои ахбори оммавӣ дар тарбияи инсон нақши назаррас доранд, ба масал қутбнамои ҳаётро мемонанд.
Ҳарчанд дар хабару мақолаҳо бештар рақамҳо мавриди истифода қарор мегиранд, аммо аҳамияти тарбиявиашон кам нест. Шояд суоле пайдо шавад, ки хабари оддӣ чӣ аҳамият дорад? Барои рӯшанӣ андохтан ба ин гуфта аҳамияти хабари кӯчакеро, ки дар яке аз рӯзномаҳои расмӣ таҳти номи «Хурсандии бекободиҳо» чоп шудааст, шарҳ медиҳем.
Дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Соли сипаригардида, вақте Президентамон ба шаҳри Бекобод ташриф овард, оиди бо оби ошомиданӣ таъмин кардани аҳолӣ ба масъулони соҳа супоришҳо дода буд. Дар муддати хеле кӯтоҳ супоришҳо иҷро шуданд.
Директори корхонаи давлатии унитарии «Сувоқава»-и вилоят Нӯъмон Аминов изҳор дошт, ки лӯлаҳои об (ба дарозии 9,6 километр) рӯйи тармиму таҷдидро диданд. Ноқилҳои баландшиддати барқӣ ба дарозии 2,5 километр иваз карда шуданд. Иншооти обрасон куллан навсозӣ шуд. Барои иҷрои ин корҳо аз буҷаи давлатӣ 12 миллиард сӯм масраф гардид.
Муҳим ин аст, ки аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъмин гашт».
Ҳашт моҳ қабл бо аҳолии шаҳри мазкур вохӯрда ба муаммоҳои зиндагии онҳо рӯйи эътибор гардондани сарвари мамлакат, ба мақсади бо оби ошомиданӣ таъмин намудани сокинон, аз буҷаи давлат ҷудо карда шудани 12 миллиард сӯм ва дар фурсати хеле кӯтоҳ ҳаллу фасл гардидани муаммоҳо, дар баробари аз ғамхории роҳбари давлат ба халқ дарак додан, дар дили мардум ба ояндаи нек чароғи умед меафрӯзад.
Расонаҳои ахбори оммавии чопӣ ду навъанд: расонаҳои ахбори оммавии чопии расмӣ ва мустақил. Мазмуну муҳтавои маводи рӯзномаҳои расмию мустақил аз якдигар фарқ мекунанд. Дар рӯзномаҳои расмӣ бештар маводи расмие, ки фарогири мавзӯъҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодианд, чоп мешаванд. Дар рӯзномаҳои мустақил бошад, маъмулан хабару мақолаҳои ҳангомадор ва дигар маводи ҷолиб рӯйи чопро мебинанд. Ба сабаби он ки аксарияти мардум табиатан ҳангомаҷӯянд, рӯзномаҳои мустақилро бештар харидорӣ мекунанд. Барилова, чунин ба назар мерасад, ки ходимони нашрияҳои мустақил дар баёни андешаю афкор озодтаранд.
Дигаргуниҳои куллии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсие, ки тӯли солҳои охир дар кишварамон рӯй медиҳанд, тақозо доранд, ки рӯзномаҳои расмӣ низ рӯ ба ошкорбаёнӣ ва озодии сухан оранд.
Вақтҳои охир дар баромадҳои сарвари мамлакатамон доир ба шаффофияти кору фаъолияти мақомоти давлатӣ ва нақшу вазифаи расонаҳои ахбори оммавӣ дар ин росто суханони пурарзиш баён мешаванд. Бояд гуфт, ки дар таърихи наздики давлатдорӣ аз ҷониби ягон роҳбари якуми кишвари мо ба фоидаи аҳолии қаторӣ чунин сухани пурҳикмат: «На халқ ба идораҳои давлатӣ, балки идораҳои давлатӣ бояд барои халқ хидмат кунанд», кундаланг ба миён гузошта нашудааст. Ин сухани пурмоя расонаҳои ахбори оммавиро ба ошкорбаёнию рӯшодгӯйӣ даъват менамояд.
Вазифаҳое, ки Президенти мамлакат дар назди ходимони расонаҳои ахбори оммавӣ мегузорад, тақозо доранд, ки ба қонуну қоидаҳои соҳаи журналистика тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд.
Таваҷҷӯҳ фармоед ба ин суханони роҳбари давлат, ки соли сипаригардида дар ҷамъомади тантанавии бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гуфта шуда буданд: «Расонаҳои ахбори оммавӣ бояд воситаи муассири расондани талаботи аҳолӣ ба мақомоти ҳокимият, ёвари наздиктарини халқ, оинаи демократия бошанд. Самти асосии онҳо бояд баҳои танқидӣ ва воқеъбинона ба кори мақомоти ҳукумат ва идораҳо, ошкор ва равшан кардани камбудиҳо, мушкилоти рӯзмарра дар соҳаи мухталиф бошанд».
Гоҳо рӯзномаро ба оина ташбеҳ медиҳанд, ки ҳар чӣ дар рӯ ба рӯяш мегузоранд, бепардозу андоз инъикос менамояд. Рӯзномаҳо низ бо воқеъбинона инъикос намудани манзараҳои ҳаёт, имкон медиҳанд, ки каму костиҳои ҷамъият саривақт ислоҳ карда шаванд.
Имрӯз мақомоти давлатӣ ва корхонаву созмонҳо тибқи қонуну қоидаҳои пешина кору фаъолият доранд. Чанд сол қабл, ба мақсади «ҳамаҷониба» равшан намудани кору фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дар назди онҳо бахши хидмати матбуот созмон дода шуда буд, ки ба фикрам, он имрӯз ба шаффофияти кору фаъолияти корхонаву идораҳо хидмат намекунад. Зеро дар тобеияти роҳбари ин ё он мақомоту идора қарор дорад, саъю ҳаракат мекунад, ки доир ба камбудиву муаммоҳои идора ё корхона ба хабарнигорон маълумот пешниҳод нанамояд.
Боиси тааҷҷуб аст, ки бино бо қонуну қоидаи дар амал буда, журналист барои омода кардани мавод, бо ходимони мақомоти давлатӣ, бевосита наметавонад мулоқот кунад. Лозим меояд, ки ба идораву мақомоти дахлдор бо хати расмӣ муроҷиат намояд. 
Ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ низ як қисми ҷудонопазири рӯзгори халқ аст ва воқеъбинона равшан кардани он суди зиёде дар пай дорад. Имкон медиҳад, ки журналистон ба халқ рӯйи дигари медалро низ нишон диҳанд...
Агар, дар баробари дастовардҳо иллату камбудии соҳаҳо низ дар рӯзномаҳои расмӣ воқеъбинона қаламдод мешуданд, мардум ба пок шуда истодани дарёи зиндагӣ итминон ҳосил мекарданд ва муштариёни нашрияҳои расмӣ низ зиёд мешуд.
Ин ҳама аз журналист маҳорат, дониши фарох, қалами бурро ва самимона дӯст доштани халқу Ватанро тақозо дорад.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: