ОЗОДИИ СУХАН ВА АМАЛИЁТИ ҚОНУНГУЗОРӢ

26 октябри соли равон бо ҳамкории Кумитаи Сенат оид ба масъалаҳои сиёсати ахбор ва таъмини рӯшодӣ дар мақомоти давлатӣ ва Иттифоқи журналистон доир ба мавзӯи «Журналистикаи Ӯзбекистони Нав: озодии сухан ва амалиёти қонунгузорӣ» суҳбати «мизи мудаввар» баргузор шуд.

Дар мамлакатамон солҳои охир доир ба пурзӯр намудани ҳифзи манфиатҳои қонунии расонаҳои ахбори оммавӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти онҳо, беш аз пеш афзун гардондани тавону салиқа ва рақобатпазӣ ва рушди соҳаи журналистика корҳои васеъмиқёс ба амал татбиқ мегарданд.
Бахусус, ба тасвиб расидани қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳо доир ба дастгирии расонаҳои ахбори оммавӣ ва рушди соҳаи журналистика», аз 27 июни соли 2022, корҳоро дар ин самт ба зинаи нав баровард.
Дар суҳбат қайд гардид, ки ба мақсади иҷрои вазифаҳои дар қарор пешбинишуда аз ҷониби Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон ташкили «Мактабҳои маҳорат», созмон додани шаҳраки замонавии медиа барои журналистон ва бо манзили зист таъмин намудани журналистони ниёзманду фаъол дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин, дар гирдиҳамоӣ таъкид гардид, ки дар кишварамон дар боби озодии сухану матбуот гардиши куллӣ рӯй медиҳад. Хоссатан, медиа ва блогҳои хусусӣ дар рӯзгори рӯзмарра ҷойгоҳи худро пайдо карда, пайи ошкор сохтани камбудиву мушкилоти зиндагӣ пешдастиро аз даст намедиҳанд.
Ба тасвиб расидани  ҳуҷҷати меъёриву ҳуқуқии таъсиргузор дар соҳа ва татбиқи ислоҳот ба афзудани теъдоди РАО замина фароҳам овард. Имрӯз дар ҷумҳурӣ 2082 расонаи ахбори оммавӣ фаъолият доранд, ки аз ин миқдор 629-тоашон рӯзнома, 587 маҷалла, 19 ахбору бюллетен, 72 шабакаҳои телевизионӣ, 5 агентии ахбор ва 727 нашрҳои интернетианд.
Пайдост, ки масъалаи садди роҳгузориҳо ба кору фаъолияти расонаҳои ахбори оммавӣ ва журналистон, ба ҷавобгарӣ кашидани монеагузорон дар байни аҳли ҷомеа ба таври густурда муҳокима гардида буд. Дар чорабинӣ баромадкунандагон сари ба лоиҳаи Конститутсия ворид намудани ин масъала истода гузаштанд.
Ба ҷуз ин, дар суҳбати давра қайд гардид, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз 14 июни соли 2022, барои баҳогузорӣ ба шаффофияти мақомоту созмонҳои давлатӣ Индекси рӯшодӣ  ҷорӣ карда шудааст.
Пешбинӣ шудааст, ки тибқи ин Фармон бино ба татбиқи таъмини ошкороӣ ва чораҳои андешидашуда дар ин самт роҳбарони якуми мақомот ва созмонҳои давлатӣ ҳар нимсола дар ҷамъомадҳои Сенати Олий Маҷлис ҳисобот хоҳанд дод.
Дар баробари ин, яке аз дигаргуниҳои муҳими қонунгузорӣ — дар кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оиди ҷавобгарии  маъмурӣ нисбати шахсони мансабдор пешбинӣ шудани ҷавобгарӣ  барои халалдор сохтани ошкороӣ дар фаъолияти мақомоти идора ва ҳокимияти давлатӣ баррасӣ гардид.
Дар чорабинӣ мутахассисон соҳа ба саволҳои намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ посух доданд.

Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлис

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: