“ОЗОДЛИК” ЧАРО ДУРӮҒ МЕГӮЯД?

Ҳокимияти вилояти Фарғона аз хабарҳое, ки бахши ӯзбекии радиои “Озодӣ” пахш мекунад, ибрози норизоӣ кардааст.

Ҳокимияти вилояти Фарғона аз хабарҳое, ки бахши ӯзбекии радиои “Озодӣ”  пахш мекунад, ибрози норизоӣ кардааст. Тавре ки сухангӯи ҳокимияти вилоят Муҳаммадҷон Обидов мегӯяд, ин радио ҳамеша ба Ӯзбекистон туҳмат мекунад ва ҳодисаву воқеаҳоро бо ғараз пахш менамояд.
Дар як нома ба унвони мудири бахши ӯзбекии радиои “Озодӣ” гуфта мешавад, ки бо саъй ва талоши Президенти Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муносибатҳои ду мамлакат беш аз пеш таҳким меёбад. Аммо хабарнигорони бахши ӯзбекии радиои “Озодӣ”, ки дар маҷмӯъ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар  таъмини молӣ мешавад, маълумотҳои собитнашуда, дурӯғ ва дур аз ҳақиқатро нисбати Ӯзбекистон пахш мекунанд ва ҷанги иттилоотиро алайҳи кишвари мо идома медиҳанд.
“Инро дар мисоли вилояти Фарғона дидан мумкин аст. Масалан, 15 октябри соли 2019 бахши ӯзбекии радиои “Озодӣ” хабаре пахш намудааст, ки тибқи он гӯё коргарони корхонаи “Фарғонаазот” ба таври маҷбурӣ ба ҷамъоварии пахта ҷалб карда шудаанд. Аммо дурӯғ будани ин хабар собит гардид”, омадааст дар ин нома.
Ҳамчунин дар номаи расмии ҳокимияти вилояти Фарғона ба унвони бахши ӯзбекии радиои “Озодӣ” тазаккур ёфтааст, ки ин хабар фавран мавриди бозҷӯӣ қарор гирифт ва маълум шуд, ки хабари дурӯғ ва беасос мебошад. 
 “Аъзои иттифоқи касаба ва ҷомеа ин иқдоми бахши ӯзбекии радиои “Озодӣ”-ро маҳкум намуданд ва талаб карданд, ки радио перомуни ин хабари худ раддия нашр намояд. Вале журналистони радио ба тамойилҳои қонунҳои байналмилалӣ риоя нанамуданд ва аз коргарону хизматчиён, иттифоқи касабаи “Фарғонаазот” барои хабари дурӯғини худ маъзарат нахостанд” қайд шудааст дар ин нома.
Бино ба навиштаи дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят чунин ҳол 11 майи соли 2020 низ дубора ба вуқӯъ пайваст. Гуфта мешавад, ки бахши ӯзбекии радио ҳамон рӯз мақолаеро таҳти унвони “Дар шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Қувасой бар асари шиканҷа маҳбус дар бемористон ҷони худро бохт” мунташир кардааст. 
“Бозҷӯиҳо аз рӯи ин мақола маълум намуд, ки он комилан дурӯғу беасос, туҳмати хушку холист ва ба ҳақиқат рост намеояд. Ба ибораи дигар аз тахрибкорӣ ё провокатсия беш нест. Хадамоти ахбори ҳокимияти вилояти Фарғона фавран дар ин бора вокуниш нишон дод.  Ва аз бахши ӯзбекии радио раддия тақозо намуд. Журналистони “Озодӣ” фаҳмиданд, ки хатои калон содир кардаанд, дарҳол ин мақоларо аз вебсайти худ берун намуданд. Вале мувофиқи қонунгузориҳои байналмилалӣ ҳанӯз раддия эълон накардаанд ва аз идораҳои давлатӣ ва шахсони масъуле, ки барояшон зарари маънавӣ расонидаанд, маъзарат нахостаанд”, омадааст дар номаи ҳокимияти вилояти Фарғона . 
“Бар ин асос эътимоди қавӣ дорем, ки  саъй ва ҳаракатҳои ходимони бахши ӯзбекии радиои “Озодӣ” мавриди бозҷӯӣ қарор мегирад ва аз нигоҳи ҳуқуқӣ арзёбӣ карда мешавад. Ҳамчунин бо нашри раддия  ба ин масъала хотима медиҳад”, қайд гардидааст дар номаи ҳокимияти вилояти Фарғона ба унвони мудири бахши ӯзбекии радиои «Озодӣ».

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”. 

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: