ОЗОДОНА ИСТИФОДА БУРДАН АЗ ИТТИЛООТ БАРОИ РУШДИ ҶОМЕА ХИДМАТ МЕНАМОЯД

Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Бунёди иҷтимоии дастгирӣ ва рушди мас-медиаи миллӣ дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО дар шакли гибрид конфронси байналмилалӣ ташкил намуд.

 Он мавзӯи густардаи «Интеллекти сунъӣ, идоракунии электронӣ ва дастрасӣ ба иттилоот»-ро дар меҳвари баҳсу баррасӣ қарор дод.
Конфронс ба Рӯзи байналмилалии дастрасии умумӣ ба иттилоот бахшида шуд. Дар он мутахассисон ва коршиносони маҳаллӣ ва хориҷӣ, раисони кумитаҳои масъалаҳои сиёсати ахбори Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, роҳбарони ниҳодҳо ва созмонҳои давлатӣ, котибони матбуоти вазорату идора ва муассисаҳо, инчунин намояндагони расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ ширкат намуданд. 
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазири туризм ва мероси фарҳангӣ, раиси Комиссияи миллии Ӯзбекистон дар умури ЮНЕСКО Азиз Абдуҳакимов дар маросими ифтитоҳи ин конфронс гуфт, ки ҳадаф аз баргузории он таҳлили корҳое мебошад, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҷиҳати тавсеаи дастрасӣ ба иттилоот анҷом дода мешаванд. 
– Дар мамлакати мо сиёсате пиёда мешавад, ки бар асоси он шаффофият ва ошкорбаёнӣ, дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоот ва амсоли он пурра таъмин карда мешавад. Хусусан, дар солҳои охир дар соҳаи дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоот дигаргуниҳои куллӣ рух медиҳанд, – изҳор намуд Азиз Абдуҳакимов.
Дар ҷараёни суханронӣ директори Бунёди ҷамъиятии дастгирӣ ва рушди мас-медиаи миллии Ӯзбекистон Нозима Давлетова, ёвари Директори генералии ЮНЕСКО дар бахши коммуникатсия ва иттилоот Тавфиқ Ҷеласси, директори иҷроияии созмони ҳамкории “Ҳукумати кушод” Санҷай Прадхан (онлайн) ва дигарон низ то чи андоза муҳим будани идоракунии электронӣ ва дастрасӣ ба иттилоотро барои ҳар як ҷомеа қайд намуданд. 
Рӯзи аввал дар мавзӯи “Истифодаи имкониятҳои идоракунии рақамӣ ва зеҳни сунъӣ барои шаҳрвандони огоҳ ва тавонманд” бо иштироки мутахассисону коршиносон суҳбати «мизи мудаввар» ва мубоҳисаи гурӯҳӣ баргузор шуд. Он дар сатҳи баланд гузашт. Қайд гардид, ки солҳои 90-ум дар 14 кишвари ҷаҳон қонун дар бораи озодии иттилоот вуҷуд дошт, вале ҳоло ин рақам ба 135 расидааст. 
– Инъикоси имкониятҳои идоракунии рақамӣ ва интеллекти сунъӣ ба манфиати рушди устувори ҷомеа ва фароҳам овардани шароит барои дастрасӣ ба иттилоот хеле мусоидат менамояд. Ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот бояд аз тарафи мақомот пазируфта шавад, ба ин васила масъалаҳои зиёд матраҳ мешаванд ва суолҳои зиёд низ барои худ посух пайдо мекунанд, – гуфт ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ӯзбекистон Роли Астана.
Яке аз масъалаҳое, ки боиси эътирофи иштирокчиёни ин конфронс гардид, додани кафолати озодии баён аз тариқи Қонуни асосии Ӯзбекистон дар солҳои истиқлолият мебошад. Маълум шуд, ки дар асоси он зиёда аз даҳ қонун кабул карда шудааст. Дар айни ҳол таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот низ аз ҷониби мутахассисон ва коршиносон бо суръати том идома дорад.
Дар муддати панҷ сол дар доираи Стратегияи амалиёт дар мамлакати мо нақш ва аҳамияти воситаҳои ахбори омма дар татбиқи назорати ҷамъиятӣ, ки бар асоси қонунгузорӣ муайян шудааст, ба таври куллӣ мустаҳкам карда шуд. 
Ҷанбаи дигар озодии баён ва аз роҳи ошкорбаёнӣ ифода ёфтани хоҳиш ва дархостҳои шаҳрвандон, кушодӣ ва шаффофии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ аз нишондиҳандаҳои босифати Ӯзбекистони Нав арзёбӣ гардиданд. Ҳамаи ин, аз як тараф, ба пурра таъмин намудани озодии баён дар мамлакати мо хизмат карда бошад, аз тарафи дигар, аз кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ дарки амиқи масъулияти иҷтимоиро низ талаб мекунад.
Дар давоми рӯзи аввал иштирокчиёни конфронс дар масъалаҳои “Нақши ҳукумати электронӣ ва зеҳни сунъӣ дар пешбурди равишҳои фарогир барои дастрасӣ ба иттилоот”, “Шаффофият аз рӯи тарҳ: Чӣ гуна иштирок ва масъулиятро дар асри рақамӣ бояд таъмин кард?” ва доир ба Қонун «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот ва дастовардҳо дар татбиқи он» фикру ақидаҳои худро баён намуданд. 
Дар ниҳояти рӯзи аввали конфронси байналмилалӣ, ки басо пурмуҳтаво арзёбӣ гардид ва масъалаҳои зиёди мубрами таҳти назарро дақиқан дар худ инъикос намуд, бо қабули Эъломияи Тошканд ба поён расид. 
– Эъломияи Тошканд ӯҳдадориҳои кишварҳои узви СММ-ро дар мавриди эътироф ва эҳтироми ҳуқуқи бунёдии дастрасӣ ба иттилоот комилан бозтоб медиҳад. Он тамоюлҳои мавҷудаи идоракуниро акс кунонида, муаммоҳое, ки ба туфайли интеллекти сунъӣ ва технологияҳои ҷадид зимни гирифтани иттилоъ пеш меоянд, дар худ гунҷоиш медиҳад. Инчунин тавассути қонунгузориҳои миллӣ дастрасӣ ба иттилоотро сода мегардонад, барои гурӯҳи одамоне, ки имконияташон маҳдуд мебошад, кафолати дастрасӣ ба иттилоотро таъмин хоҳад кард, – изҳор намуд намояндаи ЮНЕСКО Мариус Лукошюнас. 
Намояндаи Озарбойҷон Ламия Зейналова гуфт, ки дар бораи харҷи буҷаи давлат додани маълумот дар оғоз баъзе мушкилот эҷод менамуд. Он гоҳ сайт кушоданд, то ки ба воситаи он чунин маълумот дастраси мардуми кишвар бошад. Вай тазаккур дод, ки  тибқи зарурати пешомада онҳо корҳои маърифатӣ пиёда карданд, то ки одамон ҳаққи худро бишносанд ва донанд, ки аз кадом ҳаққу ҳуқуқ бархурдоранд, дар муддатҳои муқарраршуда давлат назди онҳо оид ба харҷи буҷа ҳисобот медиҳад. 
Дар ҷамъбасти конфронси байналмилалӣ директори Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асадҷон Хоҷаев, ёрдамчии директори генералии ЮНЕСКО оид ба робита ва иттилоот Тавфиқ Ҷеласси ва намояндаи ЮНЕСКО дар Ӯзбекистон хонум Сара Ношадӣ ба ширкаткунандагони чорабинӣ сертификатҳо супурданд.
– Дар давоми ду рӯз мутахассисону коршиносони варзида ба масъалаҳои зиёд равшанӣ андохтанд. Пӯшида нест, ки дар кишвари мо баъзан ҷиҳати дастрасӣ пайдо кардан ба манбаъҳои иттилоотӣ мушкилӣ пеш меояд. Аммо агар ҳарчи бештар маълумот ба кормандони воситаҳои ахбор ва расонаҳои гуногун сари вақт тақдим гардад, танҳо ба манфиати ҷомеа хоҳад буд. Муҳтавои маърӯзаҳои зиёди коршиносони хориҷиро, ки аз идораву ниҳодҳои гуногуни бонуфуз намояндагӣ карданд, ба ҳайси маълумоти тоза метавон унвон кард, – мегӯяд мутахассиси бахши матбуоти Вазорати таълими томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шаҳноза Тӯраева. 
Баргузории ин чорабинии бонуфуз дар Тошкандро ҳанӯз соли 2020 дар Порис раҳбарияти AIMC(Муҳосиботи онологӣ дар хотира) ва директори генералии ЮНЕСКО Одри Азуле зимни мулоқоти худ барномарезӣ кардаанд.
Ҳар сол дар остонаи таҷлили ин сана натиҷаҳои бадастомада дар густариши дастрасӣ ба иттилоот дар соири кишварҳои ҷаҳон мавриди таҳлил қарор мегирад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: