ОЗОДӢ, ХОТИРҶАМЪӢ ВА МЕҲРИ ОИЛА БО ҲЕҶ ЧИЗ ҚИЁС НАДОРАД

Ин суханон ҳақиқати забон ва дили ҳар як нафаре, ки тибқи Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи омурзиши гурӯҳи шахсоне, ки ҷазоро дар ҳабсхонаҳо гузаронда, аз амалҳои худ аз таҳти дил тавба кардаанд ва қатъиян роҳи дурустро пеш гирифтаанд» омурзида шудаанд, мебошанд.

Мувофиқи банди 23 моддаи 93-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 58 шаҳрванде, ки бо фармони Президент авф шудаанд, 5 нафарашон аз вилояти Намангон мебошанд. Ҳамзамон ҷиҳати мутобиқ шудани онҳо ба ҳаёти иҷтимоӣ чораҳои фароҳам овардани шароит бобати бо кори фоиданок шуғл варзидани онҳо андешида мешаванд.
Як гурӯҳ ходимони масъули ҳокимиятҳои вилоят  ва шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба хонаҳои шаҳрвандоне, ки аз муассисаҳои иҷрои ҷазо баргаштаанд, рафта,  бо аъзои оила ва хешовандони онҳо аз наздик суҳбат карданд. Мушкилоти мавҷуда омӯхта шуда, оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷойи муносиб пайдо намудан дар ҷамъият чораҳо андешида мешаванд. Инчунин, ба оилаи авфшудагон маҳсулоти хӯрокворӣ тақдим карда мешавад.
— Ман ба эътимоди Президент, халқамон албатта сазовор хоҳам шуд, —  мегӯяд Ҳ. Ҳакимов. — Рости гап, баробари хушҳол шудан  аз чунин ғамхорӣ аз ору номус вуҷудамро шарм фаро мегирад.  Дар натиҷаи роҳгум заданам ва хатои худ ба қадри озодӣ, хотирҷамъӣ, оила ва бо меҳнат зиндагӣ кардан барин неъматҳо расидам. Ҳоло, сазовор гардидан ба эътимод, бо рӯи сурх гаштан дар назди халқ аз худи мо вобаста аст. Дар оянда то ки ин тамғаи «маҳкумшуда» тамоман фаромӯш шавад, ваъда медиҳам, ки софдилона меҳнат мекунам ва фарзанди вафодори кишвари худ мегардам.

А. САТТОРОВ,  
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: