ОЗОДӢ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ МАРЗИВУ ФИКРӢ

Вожаи «озодӣ» дар фарҳангҳо ба маънии ҳуррият, раҳоӣ аз мутеӣ ва банду баст омадааст.

Вожаи «озодӣ» дар фарҳангҳо ба маънии ҳуррият, раҳоӣ аз мутеӣ ва банду баст омадааст. Қарнҳост, ки халқу давлатҳо барои озодӣ ва истиқлолият, сарфи назар аз талафоту қурбониҳо, чорабиниҳои гуногун меандешанд: дар сарҳадҳо симхор мекашанд, гузаргоҳҳоро таҳти назорати доимӣ қарор медиҳанд, барои пешгирӣ ва баргардондани ҳуҷуми душманони эҳтимолӣ силоҳҳои оддиву ҳастаӣ дар ҳолати омодабошанд... 
Дар тӯли таърихи дароз дар байни мамлакатҳо бар асари таҷовузу дахолат ба корҳои дохилии  якдигар ҷангҳои хунину шадид рӯй додаанд. Имрӯз низ ҷангҳои озодихоҳӣ дар нуқтаҳои мухталифи дунё идома доранд. 
Суоле табиӣ пеш меояд, ки озодӣ ва истиқлолият ба халқу мамлакатҳо чӣ медиҳад? Магар намешавад дар мутеӣ ба сар бурд? Мешавад, вале он зиндагии пурзалолат аст. Ба қавли Муҳаммад Иқбол:
Нафас дорад, валекин ҷон надорад,
Касе к-ӯ бар муроди дигарон зист.
Барои миллатҳои баору номус ва соҳибмаърифат озодиву истиқлолият саодати абадист. Магар соҳибихтиёрӣ дар пиёда кардани орзую ҳавас, ба асли худ баргаштан, озодона урфу одат, анъана ва арзишҳои миллиро идома додан, арҷ гузоштан ба арзишҳои умумибашарӣ, дар фазои озодии сухан ва андешаву эътиқод ба сар бурдан, соҳиб будан ба сарватҳои моддиву маънавии худ, бо забони модарии худ таълим гирифтан ва такаллум кардан, рушд бахшидан ба фарҳанги миллӣ, по ба пойи  халқҳои пешрафтаи дунё рафтан, яъне инсонвор умр ба сар бурдан... саодати дорайн нест? Ин саодатро ба инсон озодиву истиқлолият эҳдо менамояд. Биноан, халқҳои бедору бошараф озодиву истиқлолиятро дар баҳои ҷон харидаанд. Агар давлатҳо ба корҳои дохилии якдигар дахолат накунанд, ба озодӣ, истиқлолият ва баробарҳуқуқӣ арҷ гузоранд, манмании сиёсатмадорон боло нагирад... ҷангҳои хонумонсӯз рӯй намедиҳанд...
Мисли ҳамин, фикр мекунам, ҳар як инсон низ як мамлакат аст, ки бояд озодию истиқлолияташро дар баҳои ҷон бихарад. Дар байни инсонҳо низ, мисле ки дар байни мамлакатҳо рӯй медиҳанд, ҷангҳои хурду бузург рӯй дода меистанд. Ин ҷангҳо кадом вақт рӯй медиҳанд? Ҳамон вақт ки инсонмамлакатҳо ( ин вожа, ба маънии ҳар як инсон як мамалакат ё як олам аст, сохта шуд) ба корҳои дохилӣ (шахсӣ)-и якдигар дахолат кунанд: ба иззати нафси ҳам расанд, бадгӯӣ кунанд, ба таҳқири якдигар пардозанд. Дар куҷое хонда будам, ки бадтарини гуноҳҳо таҳқир аст. 
Мисолан, муҳаббат ва нафрат кори шахсӣ (дохилӣ, равонӣ)-и инсонмамлакатҳост, ки дахолатнопазиранд. Бигирем, инсоне сагеро (ҳайвони вафодор) дӯст медорад, ғояти ин  дӯстдорист, ки гоҳо бо он сари як миз нишаста хӯрок ҳам мехӯрад. Мо набояд ба кори шахсии ӯ дахолат кунем – аз ӯ мутанаффир шавем, ки рафтори ношоиста дорад. Зеро ҳосили нафрат ба ҷуз нафрат нест, ки метавонад сабаби задухӯрдҳои забониву равонӣ гардад. Ба фикрам, Соиби Табрезӣ ба хотири пешгирии дахолат ва задухӯрдҳои фикрии байни инсонмамлакатҳо ин байтро гуфтааст:
Сухан дониста гӯ, то дӯстро душман нагардонӣ,
Зи ҳарфи бетааммул ошно бегона мегардад.
Кадом инсон суханро дониста мегӯяд?  Ба фикрам, ҳамоне, ки соҳибмаърифат аст. 
Аз гаҳвора то гӯр фосилаест, ки онро зиндагӣ гӯянд. Дар куҷое хонда будам, ки Худо ба бандаҳояш дар ин фосила ҷазо намедиҳад. Ҳисобу китоб – дахолат ба аъмоли шахсӣ баъди амонаташро ба Ӯ супурдани банда оғоз меёбад. Мегӯянд, ки баъди ҳисобу китоб агар гуноҳи банда зиёд бошад, ба дӯзах роҳхат мегирад. Вале дасти забони баъзе бандаҳо то гӯр ба гиребони ҷони якдигар аст, аз бадгӯйӣ ва мағзобарезӣ ба сари ҳам хаста намешаванд...    
Дар хиёбону кӯчаҳои қонун гуштугузор кунед, ҷонатон роҳат мекунад, вале гашту гузор дар кӯчаҳои рӯзгор сабаби дилгазониҳост. Қонунҳои асосии мамлакатҳо ба озодии сухан, дин, эътиқод... кафолат додаанд, аммо дар зиндагӣ гоҳо гулӯи сухани озодро мефишоранд, ба шишаи эътиқод санг мезананд... Мо ба истиқлолияти марзиву давлатии дахлнопазир расидем, вале кай ба истиқлолияти дахлнопазири фикрӣ мерасида бошем? 
Чунин мешавад, ки инсонмамлакатҳое ба хотири роҳи дурусти зиндагиро пайдо намудан худашон мехоҳанд, ки ба корҳои шахсӣ (дохилӣ)-и онҳо нафаре дахолат кунад. Ва ин дахолат, ки издивоҷи ихтиёриро мемонад, озодию истиқлолияти ҷонибҳоро зери хатар намегузорад.
Бар асари дахолати як мамлакат ба корҳои дохилии мамлакати дигар ҷангҳои шадид рӯй додаанду медиҳанд, ки харобиҳои зиёде дар пай дорад: одамони зиёде захмӣ мешаванд, мемиранд, шаҳру деҳаҳо бо хок яксон мешаванд. Дахолати инсонмамлакате ба корҳои шахсӣ (дохилӣ)-и инсонмамлакати дигар  низ харобиҳои зиёде дар пай дорад: рӯй додани ҷангҳои шадиди забониву равонӣ, ки гоҳо оқибатҳои нохуш доранд, аз эҳтимол дур нест. 
Донишманди дақиқназар Муҳаммади Ҳиҷозӣ мефармояд: «Он рӯз, ки башар ба рушди фикрӣ бирасад, эҳтиёҷе ба қонун нахоҳад монд». Магар меояд он рӯз? Дил мехоҳад, ки одамизод имрӯз ба рушди фикрӣ бирасад, ба озодиву истиқлолияти марзӣ ва фикрии якдигар арҷ гузорад.  Муҳаммад Иқбол дар шеъри «Нағмаи малоик» ба ин маънӣ  овардааст:
Яке дар маънии одам нигар, аз ман чӣ мепурсӣ,
Ҳанӯз андар табиат мехалад, мавзун шавад рӯзе.
Чунон мавзун шавад ин пешпоафтода мавзӯе,
Ки яздонро дил аз таъсири ӯ пурхун шавад рӯзе.
Аз ин гуфта як аср сипарӣ гардидааст, вале одам «ҳанӯз андар табиат мехалад».
Ин мавзӯи дар пеши по афтода кай мавзун мешуда бошад?
Сарвари мамлакати мо соли равонро Соли илму маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ номид. Кош, ин ном ба таври ҳамешагӣ боқӣ мемонд, шояд инсонҳо як андак мавзун мешуданд ва ба озодию истиқлолияти фикрии якдигар арҷ мегузоштанд.     
  
А. СУБҲОНОВ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: