ПАДАРАМ ЧАРО ХОМӮШ?

Ин гуна ҳангомаҳо ба шабҳои дарози зимистон мезебид.

Аз паси бом садои “дук-дук”-и по шунида шавад:
–Ана, геройбобо меоянд, – гӯён саросема мешудем.
Дере нагузашта пораҳои барфи лак-лакии ба ҷомаи ғафси ласи сиёҳаш часпидаро, ки рӯйи китф дошт, афшонда, вай аз дар медаромад, дастовези бо худ овардааш як каф зардолуву санҷидро ба дасторхон пош дода:
– Гиред, эрмак кунед, – гӯён саховат нишон медод.
Баъд аз як кунҷи алавдори сандалӣ ҷой мегирифт, ба пояш гармӣ расад: – Оҳ,оҳ! – гӯён ҳаловаташро пинҳон намедошт.
То ба хонаи дигар барои хоб баромада рафтани модар ва хоҳарҳоям бо падарам аз ину он суҳбат мекард.
Батадриҷ оташи сандалӣ паст мешуд.  Дар ин вақт сахт омадани зимистони имсола ба ёдаш расида, ба ёди падарам мерасонд, ки ҳаво фақат дар солҳои ҷанг ин гуна сард мешуд. 
– Худи мо он солҳо паҳлавонсурат будем, ба ҳар китфамон се-чаҳор одами миёнақад бемалол давра нишаста метавонист.
Падарам табассум карда мемонд.
Ӯ гӯё аз чизе хавф бурда истода бошад:  
– Ё нодуруст? – мегуфт ба падарам таҳдидомез.
– Дуруст, – тасдиқ мекард суханашро падарам.
– Ана ҳаминро гӯ-да, – даҳон мекушод вай мисле айбашро ба падарам бор карда. 
– Чӣ кор мекунӣ гапро гурезонда?
Падарам сукутро авло мешумурд.
Ман бошам бо даҳони во ба риши мошубиринҷ, чашмони мешию ҷиготигирифта, ба китфонаш, ки гумон буд ақаллан як одам ҷой шавад, бо ҳайрат менигаристам.
Дар берун ҳаво қаҳратун. Дар шохи дарахтон шӯлаҳо овезон. Дар хонаи дигар модарам, додаронам ба хоби ширин рафтаанд.
Хидирбобо хестанро ба гӯшаи хотир намеорад. Болишро таҳи каш мекашад.
– Устомамасолӣ ба калонҳо хушомад зада мошин гирифт, – мисле падарамро ба машварате, ки барояш беаҳамият нест, мекашид вай. – Э-э, камбағал мемондааст-да бо камбағалиаш. Якаш ду намешудааст-да. Ана, туву ман. Хидмати мо аз хидмати кӣ кам? Гап зан! Аз кӣ камем?
Ӯ аз киҳое домангир мешавад. Носкадуи рӯи сандалӣ хобидаашро гирифта, ба кафаш нос меандозад.
Дар он тарафи сандалӣ падарам каҷпаҳлӯ задааст. Ман дар пойгаҳ. Падарам ба: 
– Хез, бачем, рафта бихоб,– гуфтан ҷуръат намекунад, зеро медонад ин тавр гӯяд се-чаҳор рӯз қавоқ андохта мегардам.
Хидирбобо мегӯяд:
– Медонӣ-ку, афту ангори ҷангро дидаам, – вай як лаби кӯрпаи сандалиро бардошта носашро туф мекунад. Бо ангушт гирди даҳонашро поккунон идома медиҳад:
– Дар вақти ҷанг равғани зағир қимат буд. Устомамасолӣ ҷувоз кашида бой шуда рафт. Рӯзе тири ҷувоз болои дасти чапи ӯ фуромада, маҷақ кардааст. Аз саросемагии худаш. Дидӣ, гап дар куҷо? Бо зориҳо худро фронтовик нависонда бошад ҳам сирашро медонам.
Пеши назарам Устомамасолӣ омад, ки дасти зери тири ҷувоз мондаашро кашида натавониста, нола мекард. Баданам биҷиррос зад.
– Ба калонигарии ҳаминҳо месӯзӣ-да, – оҳ мекашад Хидирбобо. – Ҳозир ба дами Калмӯсо наздик шуда намешавад. Дар вақти ҷанг ба фаранҷӣ печида, ҷон нигоҳ доштанашро кӣ намедонад? Ҳама медонад. Медонаду касе гап намезанад. Ғании буридадаст-чӣ? Ба дасташ пахта монда парронд. Э, тавба, ҳамон ҳам гап намедиҳад-а. Ҳаминро мегӯянд-да, аз обоварда кӯзашикаста азиз, – вай ба китф, ба остини бедасти падарам, ки ҷунбида меистод, дуздида менигарад. – Дасти ту ҳам дар фронт мондагӣ-ку, – маслиҳат меандозад вай. 
– Ба ҳукумат ариза навишта рав, аз пасат ман ҳам равам, ҳамин қадар хизмат карда як мошин савор шавем шудаем-да, а?!
Падарам ба забон медарояд:
– Оббо, Хидир-паҳлавон-эй!
Аҷаб феъли ба якдигар мухолиф доранд ҳарду! Чӣ хел ҷӯра шудаанд, ҳайронам.
Хидирбобо “қаҳрамонии гӯронда омадааш”-ро нақл мекунад:
– Баъде рафтӣ, ҷӯраҷон, ба дили ман ҳам алав афтод. Тоқат накардам. 
Ҳа, тоқат накардам! Як кунҷи фатирро газида бо оби дидаам фурӯ бурдам. Бовар кун, базӯр рафтам. Ба қафо нанигаристам! Вале ҳис мекунам – чашмони модарам пур аз ашк. Худам ҳам гиря карда нафиристам гуфта пас нанигаристам. Баъди он сар шуд. Машқ кунонданд, баъд майдони ҷанг, сонӣ, сонӣ... Э-ҳэ! – вай сар ҷунбонда, ба пешонааш зад. – Чиҳоро надид ин сар. Сари одам санги сой будааст!
Ҳикояи Хидирбобо чун оҳанрабо маро ба худ кашид. Аз падарам дида Хидирбобо бузургтар ба назарам.   
Дар меҳроби қалб дард ҳис мекунам. Берун зимистони қаҳратун. Сандалӣ сард шудааст. Падарам хомӯш.
Хидирбобо мӯйлаби сафедидамидаашро тоб дода мемонад. Маро хоб зер кардааст. Ҷунбидани лабҳои ӯро базӯр ҳис мекунам. Маро торикӣ ба канор мекашад. Бедор мешавам.
Дар берун ҳаво сард. Хидирбобо ба ҷойи аз ҳама шавқовари ҳикояаш омадааст.
– Ҳамин гӯйи, ҷӯраҷон, аскарҳои худамон ҳам мегурехтанд-э. Кам будем-да. Немис – мӯру малах. Туман барин пахш карда меояд. Дар сафи пеш Гитлер!
Падарам ноҳинҷор ҷунбида мемонад.
– Оббо, Хидир-паҳлавон-эй!
– Ҳа-да.
– Оббо, Хидир-паҳлавон-эй!
– Рост, ана он Гимлер, Гибелс гуфтагиашон ҳам ҳаст.
Падарам бо табассум гиребон медорад:
– Ё, валлоҳи аълам?!
Хидирбобо ба қиёфи қаҳрамони ҳақиқӣ медарояд, дастҳои рагдамидаашро мушткунон болои сандалӣ мениҳад, ба нуқтае чашм медӯзад.
– Ман ҳам гурехтанӣ будам, – давом медиҳад мисле қаҳрамони афсонавӣ набудан, норасоӣ доштани бузургонро низ хотиррасон карданӣ шуда. – Лекин... Лекин дар даруни танки вайроншуда командир панаҳ шуда менишастааст. Вай таппончаашро бароварда ба гурезаҳо: “Ист!” гуфт. Касе гӯш наандохт. Урусмӣ, дигармӣ, нигарам ҳама дар гурез. Ҷон ширин-да. Ман ҳам акнун гурехтанӣ будам, командир даҳони таппончаашро ба ман нигаронда: “Сангинов, гурехтанро фикр накун, дарча мекушоям ба дилат, ба назди пулемёт рав”, гуфт.
Ман ҳарчанд зӯр мезанам фармондеҳи даруни танки вайрон таппончаросткардаро тасаввур карда натавониста, ба Хидирбобо ҷафстар менишинам.
– Ба пешонаам навишта шуда будааст-да, гуфтам ба худам, – вай ба ҳикояааш давом намуд, – аммо мурдани шарафнок буданашро медонистам. Ҳа, медонистам! Таваккал гуфта ба пулемёт наздик шудам. Хобидам. Дилам гуп-гуп мезад. Немис туман барин зер карда меояд. Чашмамро пӯшидам... Э, воҳ, пеши назарам – кулбаи тавлидёфтаам, теппагиҳо, ки ҳарду алаф мекашондем... Чашмамро кушодам. Немис чун туман наздик шудааст.
Хидирбобо забон мехояд. Тоза танг карда, боз ба сухан медарояд:
– Ана ҳамон вақт Гитлерро чил-панҷоҳ қадам дуртар дидам. Дар сафи пеш меомад. Дандонҳоям ғиҷиррос заданд! Аз ман гузашта тавониста ҳам шудаӣ, дар пасам – модар-ватан, гуфтам, ба шумоҳо чӣ будани ҳуҷумро нишон медиҳам, гӯён оташ кушодан гирифтам, оташ кушодан гирифтам, як маҳал, мисли таппакҳои аррашуда мурдаи немисҳо қато-о-р шуда хобидааст...
Падарам базӯр хандаашро фурӯ нишонда ва бо каф даҳонашро баста: – Оббо Хидирпаҳлавон-эй! – гӯён гапи пештараашро такрор мекунад. – Гитлер ҳам мурд гӯй?
– А, не, – мегӯяд Хидирбобо бо боварии том. – Сабилро гирифта гурехта будаанд!
Ба чашмам бовар накарда мондам. Баъде душман гурехт, аз даруни танки вайроншуда командир баромада омад, рангаш чун пахта сафед. Маро ба оғӯш мекашад, мебӯсад, мегиряд, қаҳрамони ҳақиқиӣ, мегӯяд ӯ.
Дар берун ҳаво сард. Падарам хомӯш. Бо алам фикр мекунам, чаро падарам аз қаҳрамонии худаш чизе намегӯяд. Балки тавре Хидирбобо мегӯяд, мисли Ғании дастбурида... Аз ин фикр якқад мепарам. Падарам дар кунҷи сандалӣ бисёр ғариб, оҷиз метобад. Раҳмам меояд ба вай.
– Ҳа-а, – гӯён бо надомат сар меҷунбонад Хидирбобо. – Дар вақте ки командир маро ба бар мекашид, қаҳрамони ҳақиқиӣ гуфта мегирист, тири дайдуе омада ба вай расид. Афтид. Аз даҳонаш хун омаду ҷон дод. Қаҳрамониамро бо вай ҳамроҳ гӯр кардам. Худам гӯрондам!
Падарам сукут меварзад, лекин чашмонаш пурғам.
– Гаштаем-да, – Хидирбобо оҳ мекашад. – Лобакунон Устомамасолӣ мошин гирифт. Дасти таҳи тири ҷувозмондаашро «дар ҷанг шуд» гуфта нависондагист-да.
Дар берун ҳаво сард. Даҳони Хидирбобо меҷунбад, суханаш шунида намешавад. Вай кай хесту рафт, чароғро кушта, кӣ маро ба ҷоям бурда хобонд, нафаҳмида мемонам.
Баҳор омад, рӯзҳо мулоим шуд. Дар назди дарвоза телеграммаеро, ки худи ҳозир хаткашон овард, гаштаю баргашта мехонам.
Ман ҳамон кӯдак... Шабҳои дарози зимистон гирди сандалӣ чӣ қадар ҳаяҷономез, серзавқ мегузашт. Падарам, падарҷонам кори бетамаъи дунёро хомӯшона ҳикоя карда менишастааст дар он шабҳо.
Хидирбобо...
Ҳамон пеши назарам шабҳои дарози зимистон.
Хидирбобо мошин гирифта, худро нишон дода гаштааст. Дар маъракаву-маросимҳо суханони ӯ ба гӯшам мерасанд:
– Он маҳалҳо худамон ҳам хеле паҳлавонқомат будем-да, дар ҳар китфамон чаҳор-панҷ одами миёнақад бемалол зону зада менишаст...
Телеграммаи ба падарам омада: “Дӯсти муҳтарами ҳамсилоҳамон Исо Одилов! Шуморо ба тантанаи соҳиби ордени “Ситораи Сурх” гардиданатон бинобар корномае, ки дар ишғоли баландии 19-ум нишон додед, вале бо баъзе сабабҳо мукофот носупорида монд, таклиф менамоем. Командири полк И. Е. Заикин”.
Аз байни ҳарфҳо чизе баромада, ба чашмам мехалад...
 Беихтиёр Хидирбобо пеши назарам меояд, ки бо болиш такязанон ким-чиҳое мегуфт. Даҳонаш меҷунбад, суханаш шунида намешавад.
Дар берун ҳаво сард. Сандалӣ хунук шудааст. Шаб дарози дароз. Падарам бошад...
Ӯ ҳамон хомӯш аст.
Шойим БӮТАЕВ

Тарҷумаи Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: