Падари 103-солаи кайҳоннавард вафот кард

Таъзия

Яке аз пиронсолтарин шахсони ҷумҳурӣ, падари ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, кайҳоннавард, генерал-майор Владимир Ҷонибеков дар синни 103 вафот кард.
Александр Архипович Крисин ҳанӯз охири солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз кишвари Краснодар ба Ӯзбекистон омада, дар хидмати ҳарбии оташхомушкунӣ дар ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд то охири солҳои 90-ум адои вазифа намудааст.
Ӯ ҳамеша дар ҳамин ноҳия, дар шаҳраки Чорбоғ то охири умр зиндагӣ кард.
Подполковники бознишаста дар коттеҷе, ки ба хотири писари кайҳоннаварди панҷкарата аз тарафи комиҷроияи ноҳия давраи шӯравӣ дода шуда буд, зиндагӣ мекард. Писари Александр Архипович Владимир Александрович ҳоло дар Звёзднии вилояти Маскав зиндагӣ мекунад.

Тоҷибой Икромов,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: