ПАДАРИ «ЗАМОНАВӢ»

Доир ба тарбияи фарзандон, солиму комил ва бомаданият ба воя расидани онҳо чӣ қадар гӯем, кам аст.

 Одатан рӯзҳои якшанбе майдончаи бозии назди бинои мо аз ҳаррӯза бештар бо бачаҳо пур мешавад. Диққати маро ду писарбача, ки яке тахминан панҷсола ва дигаре се-чорсола менамуд, ҷалб кард.
Писаракон муштзанӣ мекарданд ва дигарон атрофи онҳоро иҳота карда, бо суханони “Раҳим, исто, бо поят зан, ба шикамаш занӣ нафас гирифтан наметавонад!”, “Санҷар, ба гӯшу бинияш зарба деҳ, чашмонаш сиёҳӣ мезананд!” онҳоро «дастгирӣ» мекарданд.
Падари Раҳим мамнунона муштзании онҳоро тамошо мекард ва ба писараш фармон медод, ки ба рақибаш сахттар зарба занад.
Ин манзараро дида ба писарбачаи хурдакак дилам сӯхт.
Раҳим, ки ҳоло аз падари худ “санъати ҷанг”-ро меомӯхт, оё пагоҳ ба одатҳои дигари номатлуб даст намезанад? Падар-чӣ? Муштзананда ва калтакхуранда ҳам барои ӯ фарзанд-ку? “Ба як бача ҳафт маҳалла падару модар” гуфтаанд. Агар фарзандаш бо чунин тарбия ба воя расад, пагоҳ зарбаи охирин ба худи падар расиданашро наход надонад?
Бо чунин андешаҳо ба падар савол додам:
– Ба ҷойи он ки бачаҳоро аз ҳамдигар ҷудо кунӣ, чаро ба онҳо ҷангро ёд медиҳӣ?
– Бачаҳо дар компутер бозиҳои шумро тамошо мекунанд, ба онҳо пайравӣ кардан мехоҳанд,– ҷавоб  дод ӯ.
– Чунин бозиҳои бемаъниро тамошо накарда, онҳоро ба китоб, афсонаю достонхонӣ ҷалб кардан мумкин-ку? 
Падари “замонавӣ” норозиёна ба ман нигоҳ карду гуфт:
– Бачаи ҳозиразамон китоб варақ зада намешинад. Бо замон ҳамнафас бояд бошад. Афсонаю достонҳои китоб куҳна шуданд.
Аҷиб, падар фарзандашро ба “қаҳрамонҳо”-и «хунхор», ки ҳамаро ба «ҳалокат» мерасонад, пайравӣ карданро мехоҳад ва ба фикри ӯ ин тарзи тарбия тарбияи “замонавӣ” аст ва намедонад, ки бемеҳрӣ, бешафқатӣ, хуни инсонро рехтан ба руҳияти бача таъсир мерасонад.
Қаҳрамонии Алпомиш, Гӯрӯғлӣ, ки яке аз достонҳои бебаҳои эҷодиёти халқ ба шумор меравад, ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам ҷисмонӣ фарзандонамонро дар рӯҳи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ тарбия менамояд, ки онро дар хурдсолӣ омӯхта будем. 
Бачагиамро ба ёд меорам. Рӯзе байни додари 6-7- солаам ва ҳамсолони ӯ бозии “қих-қих” ба вуқӯъ пайваст. Онҳо аз чӯбу тахтача “милтиқ” ва “таппонча” сохта якдигарро “қих-қих” гӯён «мепарронданд». Момоям, ки дар рӯйи суфачаи ҳавлӣ нишаста ин манзараро тамошо мекард, давида рафта “таппонча”-и додарамро гирифту шикаст ва гуфт, ки “илоҳо, номи ҷанг нест шавад!”. Момоям ду писарашро, ки яке 19 солаю дигараш 21 сола буд, ба ҷанг фиристодааст.  Яке аз онҳо аз ҷанг барнагаштааст. 
Момоям ҳамаро ба гирдаш шинонда, аз ҳуҷуми босмачиҳо сар карда, то ҷанги Гирмон, беному нишон рафтани бобою падарон, дар зери оташ мондани хонаву ҷой, оқибатҳои даҳшатовари он,  ятим мондани кӯдакон, ба як бурда нон зор шудани мардум ҳикоя кард. “Бачаҳоям, ба якдигар меҳрубон, ғамхор ва дӯст шавед. Мактаб хонед, меҳнат кунед, меҳнат ба инсон роҳат мебахшад”,– таъкид кард момоям. Ӯ оиди бозиҳои шавқовари рустшавакон, чилликбозӣ, байтбараку чистонгӯӣ ба бачаҳо фаҳмонд. 
Оре, халқамон аз қадимулайём арзишҳои миллиро пос доштааст. Мо низ ба онҳо эътиқод доштем. Имрӯз фарзандонамонро низ бояд бо чунин рӯҳият тарбия намоем. 
Дар ин боб Абдураҳмони Ҷомӣ чӣ некӯ фармудааст:
Сафҳаи зар бувад дафтари умри 
ҳама халқ,
Инчунин гуфт хирадманд, 
ки андеша гумошт.
Хуррам он кас, ки ба ин дафтари 
пок аз ҳама ҳарф,
Рақами хайр кашиду асари хайр
 гузошт.

С. РӮЗИЕВА,
ноҳияи НУРАТО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: