ПАДАРУ МОДАРИ УСМОН ЮСУФ

Деҳаи тоҷикнишини Кафтархонаи тобеи уезди Марғелони вилояти Фарғона.

 Баҳори соли 1894. Дар хонаи Сайдалибобо, ки писар хонадор карданист, ёру дӯст, ҳақу ҳамсоя ҷамъ шудаанд. 
Гӯё дирӯзак таваллуд ёфта буд писараш. Навзои даруни парпечро, ки ҳанӯз дуруст чашм кушода наметавонист, ҳамсари раҳматиаш чӣ қадар дӯстдориҳо мекард. 
– Нигаред, додош, чӣ хел базебак. Юсуф ном гузорем, чӣ мегӯед?
Кӯтоҳ будааст умри ин зан – Юсуф дар бачагӣ аз модар ҷудо гашт. Падараш аз кадом як деҳаи назди Марғелон зани ӯзбек гирифт. Модари нав танҳо набуд – духтарчаи дувоздаҳсоларо, ки Ойимнисо ном дошт, бо худ овард. Юсуф ба модар ва хоҳари нав унс гирифт. Ойимнисо «акоҷон» мегуфт Юсуфро. Гирдаш парвона.
Юсуф аз хоҳар ӯзбекиро омӯхт, Ойимнисо аз бародар тоҷикиро.
Ойимнисо хурдсол не, вале Юсуф “хоҳаракам” гӯён барояш зочаҳо месохт. Дар кӯча бачае хафа кунад, адабашро медод. 
Меҳри Юсуф ба моиндар низ хеле баланд. Гӯё модари худаш!  
Пеш аз баромадани Юсуф  аз хона ё вақти пайдо шуданаш дар остона, даст кушода дуо мекунад ин зан, модарвор мебӯсад аз ҷабинаш. Ба меҳре, ки сӯяш равона, бо муҳаббати фарзандӣ ҷавоб медиҳад Юсуф.
– Бачем, ту ина не, мана нағз бин, – гуфт рӯзе падараш. – Ман додои худат, ин модарандар.
Модараш чӣ гуфт? Гуфт дар ҳамин ҷо хато кардед, додоҷонаш, ман модарандар не, ман – модари худаш.
– Албатта. Шумо модари худам! – гӯён ӯро ба бар кашид Юсуф.
– Ҳой, девона, чӣ кор мекунӣ? Инро гузор, маро ба оғӯш каш.
Лекин Юсуф мисле падарро нашунид, бо меҳри дучанд  даст ба гардани модар андохт.
– Мардаки калон шудаасту худи кӯдак. Тавба, чӣ кор мекунам ин бачаро-а.
Додару хоҳарон гоҳо ҷангу талош мекунанд, ба якдигар “лақаб” мондаву «хабаркашӣ» менамоянд. Юсуф ва Ойимнисо-чӣ?
Юсуф рӯзе дид, ки хоҳараш чизе мехӯрад.
– Боз чиро дуздидӣ, мушча? – гуфт бо дӯғи сохта. – Мегӯям!
– На-гӯ-ед, – даҳон бо нози ба духтарчаҳо хос кушод Ойимнисо. – Нисфашро медиҳам. Не, ҳамаашро медиҳам. Намегӯед-а?..
Бегоҳирӯзие Юсуф ба хона баргашт ва дид хоҳараки чилкокулаш чун бонувон рӯймол печидааст.
– Э, ӯсма кашидаанд ба абрӯ?
Юсуф хандаомез ин гуфт ва худ нафаҳмид, ки хоҳиши ба ғаши ӯ расидан чӣ тавр дар ҳастиаш рӯ зад:
– Ин хоҳараки мо калон шудааст? “Ёр-ёр” наздик?
Ойимнисо, ки дар муқобили оина худро оро медод, якбора пӯписа кард:
– Ҳозир додомба мегӯм. Додо!!!
Дар во шуда, падар намоён гашт.
– Ҳа, духтарам?
– Ана инатон...
– О, ман чӣ гуфтам? – худро ҳимоя кардан хост Юсуф. – Калон шудааст, гуфтам. Гапи бад аст?
– Ту худат калон шудаӣ! – духтарро тарафгирӣ намуд падар. – “Занҷӯ” шудагӣ ту!
Сонӣ ба Ойимнисо рӯй овард: – Майдаҳаки худам!
Лекин дигар “майда” гуфта намешуд Ойимнисоро. Шонздаҳро пур мекард...
Анҷоми афсонаҳои ширин ба Юсуф маълум буд-куя, ҳеҷ дар гӯшаи хаёл дошт, ки падараш Ойимнисоро “дар хона гирифта монданӣ” – келин карданӣ! Гаранг шуд аз ин қарор.
...Ба Юсуф либосҳои тоза пӯшонданд. Зебоҷавон боз зебо шудааст. Қатори зану духтарҳои ҳамсоя, ки бо ҳавас чашм медӯзанд, фурсат ёфта хоҳараки худаш низ, ки айни дам келиншавандааст, сӯяш дуздида-дуздида менигарад. Ойимнисое, ки дар замин не, дар осмони ҳафтуми орзуҳост. Вай аз “дар хонадон мондан” хурсанд.  
Вале чӣ қадар якравиҳо кард Юсуф:
– Ойимнисо хоҳаракам-ку. Розӣ шуда наметавонам ба ин никоҳ. Мумкин ҳам нест. Мо – акаву хоҳар!
Падар бо қаҳр аз бозуи писар, ки норизоӣ мекард, бо дуруштӣ дошт, дуртар бурд ва:
– Мегирӣ, – гуфт омирона.
– Додо...
– Дуруст, хоҳаракат, лекин падараш дигар, модараш дигар.
– Падараш – шумо. Додо мегӯяд-мӣ шуморо? Модарашро ман чӣ  мегӯям? Модар ё чизи дигар? Дар як хона калон шудем. Акаву хоҳар.
– Аммо акаву хоҳари ҳақиқӣ не, “савобӣ”. Никоҳ равост.
– Додоҷон...
– Ҷон бачем, зуъмӣ накун.
Дар даме, ки Юсуф мехост чизе гӯяд, ду мӯйсафеди ҳамсоя:
– Ҳануз баҳс мекунед, додо-бача? – гӯён наздик шуданду сухан дар даҳонаш монд. Падар имдодҷӯ ба онҳо нигарист:
– Фаҳмонед ба ин бача.
Мӯйсафедон бо нигоҳи меҳромез ба Юсуф нигаристанд. Гуфтанд хиҷил набош. Ин хел ҳодисаҳо рӯй медиҳанд. Сухани падарро, ки мегӯяд аз Ойимнисо келини хубтар ёфта наметавонам, ба замин нагузор. Ҳамааш хуб мешавад.
Ҷуз тан ба тақдир додан илоҷи дигар надошт Юсуф. 
Падараш гуфт:
– Бегоҳ мулло хутбаи никоҳ мехонад. Пагоҳии барвақт, хӯрҷин сари китф, ба роҳ медароӣ. Мардикорӣ мекунӣ ё кори дигар, пул меёбӣ. Занат интизор мешавад.
Сар ба зер афканда буд домод. Не гӯву рӯзата бин!
Субҳи рӯзи дигар қарибон ба гусели Юсуф баромаданд. Ойимнисо наменамуд. Хайр ҳам гуфта натавонист, як даҳон. Зуд бош, зуд бош гӯён саросема кард падараш. 
Юсуф, хавосаш парешон, ба қафо нигоҳ карда-нигоҳ карда, пеш мерафт ҷониби роҳи калони Аввал. То бо пули калон барнагардад, ҳақ надорад ба арӯс наздик шавад. Амри падар. Илоҷ ку?
Дар дилаш охирин шуълаҳои умед, истод. Пас нигарист. Ва ҷуссаи нозуки ба дарича ҷафси Ойимнисоро дид баногоҳ, ки чун алав ба чашмаш тофт. Дил кард қафо гардад. Хайрбод созад. Вале падараш:
– Ин сӯ не, ба он сӯ нигар. Наист. Пеш рав!
Ба моиндар афтод нигоҳаш. Муштипар гаштаю баргашта омин мекард: “Сиҳат раву саломат баргард, бачаякам!”  
Як-ду соле, ки дар мусофират буд, падару модарро пазмон шуд Юсуф. Ойимнисоро-чӣ? Лаҳзае дур нагашт вай аз пеши назараш.
Қадри тавон ризқ ёфт ва ба Кафтархона баргашт. Қарибон интизор будаанд дар дами дар. Падар ба ҳолати завҷаву духтараш (келинаш), ки нуре дар чашмашон медурахшид, бо завқ менигарист ва табассум мекард.
Юсуф ва Ойимнисо 1 марти соли 1900 писар ёфтанд. Усмон ном гузоштанд.
Ҳамин хел инсонҳо будаанд падару модар ва бобою бибии Усмон Юсупов, ки замоне роҳбарии ҷумҳуриро бар ӯҳда дошт.

Муҳаммадҷон ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: