Хоҷагии фермерии «Савр» (роҳбараш Ҳаким Фозилов)-и ноҳияи Когон бобати руёндани зироати пахтаю ғалла дар ноҳия мавқеи ба худ хос дорад.
Ин хоҷагӣ соли 1998 бо 6 гектар киштзор арзи вуҷуд карда, баъди ду сол майдонҳояшро ба 160 гектар расондааст.
Ҳимматбаландон дар 85 гектари он пахта корида, худи ҳамон сол беш аз 354 тонна ашёи хоми пурарзиш ба даст дароварданд. Ҳосилнокии майдонҳо ба 40 сентнерӣ рост омад. Ҳосилнокии 75 гектар ғаллазори хоҷагӣ бошад, 60 сентнериро ташкил кард. Ҳамкорӣ бо ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Buxoro Agro-cluster» бошад, имкониятҳои хоҷагии фермериро фарохтар намуд.
Ҳоло дар 25 гектар майдони хоҷагӣ гандуми навъи «Гром» баъди обёрии сеюм нашъунамо меёбад. Имрӯзҳо дар саҳро мавсими киштукор дар ҷӯш аст. Пахтакорони диловар сари моҳ дар 30 гектар майдон пахтаи навъи элитаи «Бухоро-102» кошта буданд. Ҳоло дар қитъаҳо, аллакай, қаторҳои сабзи мурғаки пахта ҳосил шуда, дили деҳқононро пурфараҳ гардондааст. Онҳо рӯзҳои наздик ба култиватсияи байни қаторҳо оғоз мекунанд. Ҳамин тариқ, риояи саривақтии тадбирҳои агротехникӣ – парвариши пай дар пайи ниҳолҳо имконият медиҳад, ки ҳосили дилхоҳ фароҳам ояд. Заршиносони саҳро ният доранд, ки имсол хирмани бештар аз 100 тоннагӣ бунёд кунанд.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.