ПАХТАЧИНОНИ ПЕШҚАДАМ САРАФРОЗ ГАРДИДАНД

Дар асоси қарордоди Ассамблеяи СММ аз 18 декабри соли 2017 «Дар бораи беҳбудсозии ҳолати бонувони деҳот» 15-октябр ҳамчун Рӯзи байналхалқии бонувони деҳа қабул гардида буд.

Дар мамлакатамон низ ба ин сана эътибори алоҳида нигаронида, барои бонувоне, ки дар деҳа умр ба сар мебаранд, вохӯриҳо баргузор мешаванд. Шароити мусоид фароҳам овардан барои донишомӯзӣ ва фаровонҳолии онҳо, ҳифз намудани онҳо аз зӯроварӣ ва таъмини баробарии ҷинсӣ корҳои зиёд амалӣ мешаванд.
Бо ҳамин муносибат як гурӯҳ намояндагони Кумитаи давлатии оила ва занону духтарони ҷумҳурӣ дар ноҳияи Тӯрақӯрғони вилояти Намангон бо корҳое, ки оиди беҳгардонии шароити зисти бонувон, офаридани ҷойи кори муносиб, роҳ надодан бо ҷинояткорӣ ва мустаҳкамгардонии ҷойи онҳо дар ҷамъият амалӣ мешаванд, шинос шуданд.
Дар хоҷагии фермерии «Бураматут гулшани» низ бахшида ба ин муносибат вохӯрӣ баргузор шуд. Бо бонувони деҳа аз таҳти дил сӯҳбат карда, ба пахтачинони фаъол туҳфаҳо супурданд. Қаҳрамони Ӯзбекистон Халчахон Мирзоева аз номи бонувони тӯрақӯрғонӣ барои чунин эътибор миннатдорӣ изҳор кард.
Манзили баъдинаи гурӯҳ ноҳияи Чортоқ буд. Вохӯрии онҳо бо аъзоёни хоҷагии фермерии «Бувабой Робахон файз», ки дар деҳаи Мучум ҷойгир аст, сермазмун гузашт. Дар ин ҷо низ ба бонувони пахтачини пешқадам туҳфаҳо супурданд.

Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: