«ПАХТАКОР» ҒАЛАБА КАРД, «АГМК» ШИКАСТ ХӮРД

Бозиҳои давраи сеюми баҳсҳои саракунии Лигаи чемпионҳои Осиё баргузор шуданд.

Дар доираи ин сабқат дастаи футболи «Пахтакор»-и Тошканд меҳмони ҷамоаи «Ан-Наср»-и Аморати Муттаҳидаи Араб шуд ва бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид. Ба голҳои дастаи футболи кишвари мо футболбозони ҷамоа Драган Черан ва Марат Бикмаев муаллифӣ карданд. Дастаи футболи «АГМК»-и Олмалиқ бошад, дар сафар бо ҷамоаи «Ан-Наср»-и Арабистони Саудӣ рӯ ба рӯ шуд ва бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд. Ҳамин тавр омад ба футболбозони дастаи «АГМК» даст надод ва онҳо иштироки худро дар мусобиқа анҷом доданд. 
Бояд гуфт, ки пас аз сабқатҳои давраи сеюми бозиҳои саракунӣ дар минтақаҳои Ғарб ва Шарқ номи дастаҳои давраи гурӯҳӣ муайян шуданд. Дар давраи бозиҳои гурӯҳии ЛЧО дастаҳои «Локомотив» ва «Пахтакор»-и пойтахт шарафи мамлакати моро ҳимоя мекунанд. Агар дар гурӯҳи «B» «Локомотив» бо дастаҳои футболи «Ал Ваҳда»-и Аморати Муттаҳидаи Араб, «Ар-Райан»-и Қатар ва «Ал-Иттиҳод»-и Арабистони Саудӣ барои роҳхат талош варзад, ҷамоаи «Пахтакор» дар гурӯҳи «D» бо ҷамоаҳои «Персеполис»-и Эрон, «Ал-Аҳлӣ»-и Арабистони Саудӣ ва «Ал-Садд»-и Қатар бозӣ мекунад. 
Боиси қайд аст, ки бозиҳои давраи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё 4 марти соли ҷорӣ оғоз меёбанд. Агар дастаи «Локомотив» худи ин рӯз дар Тошканд ҷамоаи «Ал-Ваҳда»-ро қабул кунад, дастаи «Пахтакор» 5 март дар варзишгоҳи «Озодӣ»-и Теҳрон бо ҷамоаи «Персеполис» талош меварзад.   

М. ҚОДИРЗОДА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: