«ПАХТАКОР»-Е, КИ МОНД ДАР ДИЛҲО

Ҷамоаи «Пахтакор» соли 1956 ташкил карда шуд.

Солҳои шастум эътибори дӯстдорони футболро ҷалб намуд. Соли 1962 мавсимро бомуваффақият ҷамъбаст карда, дар чемпионати мамлакат ҷойи шашумро  ишғол сохт. Барои Ҷоми кишвар низ дафъае ба финал баромад, ки он дар таърихи футболи ӯзбек яке аз саҳифаҳои дурахшон арзёбӣ гашт.
Маҳорати тӯбронии Ҳамид Раҳматуллоев, Владимир Тоҷиров, Баҳодур Иброҳимов барин футболбозон дар майдонҳои сабз дилҳоро ба ваҷд меовард. Се нафар бозингарони ҷамоа – Геннадий Краснитский, Юрий Пшеничников ва Бародар Абдураҳимов ба командаи яккачини СССР қабул карда шуданд. 
Дар солҳои ҳафтодум низ Михаил Ан, Владимир Фёдоров ва Василис Хадзипанакис шуҳрати футболи моро баланд бардоштанд. 
Аз ҳама зиёд В. Фёдоров (таваллудаш – 1955) – дар 18 бозӣ шарафи футболи умумииттифоқро ҳимоя намудааст.
***
Тобистони соли 1979 ҷамоаи «Пахтакор» дар чаҳор вохӯрӣ паиҳам дастболо шуда, дар ҷадвали чемпионат  ба зинаи шашум баромад. Рӯзи 13 август бояд дар Минск бо «Динамо» вомехӯрд.
Он солҳо қисми дуюми бозиҳо дар майдони ҳариф тавассути радио транслятсия мешуданд. 
Соат ба ёздаҳи шаб наздик мешавад. Қисми якум ба охир расид. Ҳисоб чанд бошад?
Мухлисоне, ки назди радио гӯшбақиморанд, фарорасии қисми дуюми бозиро интизоранд. Баранда эълон намуд: «Муҳтарам мухлисони футбол! Баъди чанд дақиқа радиорепортажамонро дар бораи қисми дуюми вохӯрии «Динамо» (Минск) ва «Пахтакор» аз шаҳри  Минск мешунавонем». 
Мусиқии футбол ҳамоҳанг бо дили пурҳаяҷони  мо садо дод. Транслятсияро нигаронем. Вале хомӯшӣ. Баъди чанд муддат: «Мусиқӣ шунавед», эълон намуд баранда. Мусиқии ҳазин танин андохт. Мо ҳайрон. Чаро аз репортаж дарак нест? Ним соат интизор шудем, як соат...
Вохӯриҳои дигар 14 август баргузор шуданд. Дар хусуси вохӯрии «Динамо» (Минск)  ва «Пахтакор» сухан нест. Бегоҳирӯзии 15 августи соли 1979 барномаи информатсионии телевизиони   умумииттифоқ «Время» дар бораи садамаи авиатсионӣ хабар расонду ҳама карахт шуданд. 
***
Бозиҳои нотакрор ва ҷолиби диққати «Пахтакор» хеле зиёд, ки ҳаводорони сершумор ҳанӯз онҳоро ба ёд меоранд. Эҳсосе дилҳои ба он гуна бозиҳо пазмонро ба ҷунбиш меорад. «Пахтакор»-и солҳои ҳафтодумро, ки бо маҳорат ва матонати ба худ хос «Динамо» (Тбилиси), «Торпедо», «Динамо» (Маскав), «Заря» (Ворошиловград), «Зенит», «Нистру», «Днепр» барин ҷамоаҳои номдорро чӣ тавр ба доғ мононд, фаромӯш кардан мумкин?
Яке аз зеботарин бозиҳо дар шаҳри Киев бо ҷамоаи машҳури «Динамо» баргузор гардид. «Пахтакор» ба ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Дарвозаеро, ки Евгений Рудаков муҳофизат мекард, дар қисми дуюми бозӣ Тӯлаган Исҳоқов ишғол намуд. Аз зарбаи бо гол анҷомёфтаи ӯ, хаёле, стадион як ҷунбид. Дар бораи маҳорати Т. Исҳоқов, ки қаҳрамони воқеии вохӯрӣ буд, радиоҳои Аврупо бонг заданд. Яке аз рӯзномаҳои бонуфуз бо унвони «Моро хурд нагӯед» мақола чоп намуд. Вохӯрии такрории командаҳо дар Тошканд бошад, бо ғалабаи «Пахтакор» дар ҳисоби 5:0 анҷом ёфт. Ва  боз шав-шувҳо дар тамоми мамлакат. Хадзипанакис якто, Исҳоқов ва Ан дутоӣ гол заданд. 
***
Пахтакор-79. 
Фоҷиа дилҳоро ба риққат овард.
Барои барпои командаи нав ҳаракатҳо сар шуданд. Осон накӯчидани ин кор аниқ.
Муддати сесолае, ки ба барқарорсозии ҷамоа ҷудо гашт, самаранок истифода гардид. Устоди хидматнишондодаи спорт Галимзян Ҳусаинов, ки як вақтҳо дар «Пахтакор» бозӣ карда буд, мураббӣ ва Иштван Секеч сармураббӣ таъин карда шуданд. Юрий Пшеничников ва Сергей Покотилов барин дарвозабонҳои номӣ дошт «Пахтакор». Акнун муҳофизати дарвоза ба зиммаи Анвар Рашидов гузошта шуд. 
Ҷамоаи наве, ки ташкил ёфт, нахустин бозиро бо «Динамо» (Тбилиси) дар майдони худ бохт. Мухлисон бо оби чашм майдонро тарк карданд. Ҳарчанд аз дарвозабон А. Рашидов сар карда, то ҳуҷумгарон ҷон коҳонданд ва бозии хуб нишон доданд, қувваҳо баробар набуданд. Кас меангошт ҷамоаи нав ҳеҷ вақт «Пахтакор»-и пештара шуда наметавонад.
Вале хушбахтона, аз бозии дуюм ва вохӯриҳои минбаъда омад ба «Пахтакор»-и «нав» рӯй овард.
Нуриддин Амриев, Мустафо Билолов, Марат Кабаев, Константин Новиков, Виталий Жилкин, Фахриддин Исломов барин тӯбронҳои ҷавон, ки ба ҷамоа ҷалб гардиданд, бо бозиҳои зебо ва нотакрор ба назар афтоданд. Дар ҳайати гурӯҳи яккачини мамлакат, командаи яккачини олимпӣ, ҷамоати яккачини наврасони СССР дохил шудани фамилияи онҳо, албатта, воқеаи хурсандибахш буд.
Дӯстдорони футбол бозиҳои зебои Нуриддин Амриевро, ки аз «Помир» ба «Пахтакор» гузашт, ҳанӯз фаромӯш накардаанд. 
Вай аслан зодаи Самарқанд. Ҷавониаш дар Тоҷикистон гузашт. Он ҷо дар командаи устодон ба бозӣ оғоз кард. Ва тақдир ӯро ба Тошканд овард. Дар «Пахтакор» маҳорат сайқал дод. Дар арафаи чемпионати ҷаҳон оиди футбол, ки бояд дар Испания мегузашт, федератсияи футболи собиқ иттиҳод барои бозӣ дар ҳайати командаи яккачини мамлакат 44 беҳтарин футболбозро ҷудо намуд. Байни онҳо мавҷуд будани фамилияи Нуриддин, албатта, боиси ифтихори ҳамаи мо буд, вале мутаассифона, бинобар ҷароҳат вай дар мусобиқоти ҷаҳонӣ иштирок карда натавонист.
Андрей Якубик чӣ тавр аз «Динамо» (Маскав) ба «Пахтакор» омад ва бозиҳои аҷиб намоиш кард, ба дӯстдорони футбол маълум.  
Вай мегуфт: «Омадам, ки ба «Пахтакор» кӯмак кунам, вале ин ҷамоа истеъдоди маро тарбия намуд, маҳоратамро обутоб дод, ҳамкомандаҳо тез забон ёфтем, дар муттаҳидӣ шарафи «Пахтакор»-ро баланд бардоштем».
А. Якубик дар «Пахтакор» 73 гол зад.
Соли 1982 дар таърихи команда дар чемпионат 23 маротиба дарвозаи рақибро ишғол намуда, рекорди ҷамоаро нав сохт.
Голҳои умумиаш ба 104-то расид, ба узвияти клуби Владимир Фетодов пазируфта шуд.
***
Вале «Пахтакор-79», ки дар лавҳи хотир сахт нақш баста, ҳамон дар пеши назар. Ба авиаҳалокат 40 сол пур шудааст. 
Гӯё дирӯзак «Пахтакор» дар Тошканд «Арарат» (Ереван)-ро қабул карда ва бо нишон додани санъати тӯбронӣ командаеро, ки пештар чемпиони мамлакат шуда буд, саросема месохт. Меҳмонон дағалона ҳуҷуми футболбози моро боздоштанд ва довар тӯби ҷаримавии 11-метра таъин кард. Қофияи Ахбор Имомхоҷаев, ки бозиро шарҳ медод, ба дилҳо завқ бахшид: «Дар дарвоза – Алёша Абрамян. Дар муқобили ӯ – Михаил Ан!»
М. Ан чун ҳамеша 11-метраро бехато ба нишон расонд...
Фоҷиаи «Пахтакор» дар таърихи 11 августи соли 1979, бархӯрди ногаҳонии самолётҳо дар само. Ҳама ҳайрон. Дар роҳҳои автомобилгард бархӯрду садамаҳо рӯй медиҳанд. Наход дар осмони васеъ ду самолёт...
Чӣ илоҷ, ин тавр ҳам мешудааст.
Ду  «Ту-134», ки яке дар самти «Тошканд – Гурев – Донетск – Минск», дувум дар хати «Воронеж – Челябинск – Кишинёв» парвоз мекарданд, дар болои деҳаи Гурилёвкаи вилояти Днепропетровск ба ҳам бархӯрданд.
Хоки йигитҳоямонро ба Тошканд оварда ва дар қабристони «Боткин» гузоштанд. Дар пои ёдгорие, ки ин ҷо гузошта шуда, ҳамеша гулҳои тару тоза. Тӯлаган Исҳоқов бо Василис Хадзипанакис, ки аз Юнон омада буд, дафъае ҳамроҳ «хокҷо»-и ҳамкомандаҳоро зиёрат карданд. Бо ду автомобил гулдаста омада буданд онҳо. 
Бародар Абдураҳимов низ зуд-зуд ба зиёрат меояд. Мегӯяд: «Бо як-ду нафарашон ҳамроҳ бозидаам. Аксарияташон шогирди худам».
Дар Гурилёвка, ки «қуттиҳои сиёҳ» ёфт шудааст, низ лавҳаи ёдгорӣ ба хотираи «Пахтакор-79» устувор аст. 
Чанде пеш ҳамдиёрамон Салоҳиддин Маҳмудов велосипедсавор ба Гурилёвка рафта, ёдгорӣ марбут ба «Пахтакор-79»-ро зиёрат кард.
Чанд кӯча дар Тошканд бо номҳои беҳтарин футболбозони «Пахтакор» гузошта шуда буд. Вале чӣ шуду номи он кӯчаҳоро воқеъ дар ноҳияи Юнусобод тағйир доданд. Дар рӯзҳое, ки ба фоҷиаи «Пахтакор-79» чиҳил сол пур мешавад, дар Тошканд кӯчае «Пахтакор-79» номгузорӣ шуд, ки ин дӯстдорони воқеии он командаи таърихиро тасаллӣ мебахшад.

М. ШОДИЕВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: