ПАХТАКОРӢ САР ШУД

Барвақт омадани фасли баҳор деҳқононро водор месозад, ки ба маъракаи киштукор дер намонанд ва аз ҳавои мӯътадили бе бориш самаранок истифода баранд.

8-Марти соли ҷорӣ – Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон табиат низ намуди идона гирифт. Дарахтони бодому зардолу гулпӯш гашта, ба гирду атроф ҳусни дилкаш, ҷозибаи нотакрор бахшиданд. 
Пахтакорони диловари хоҷагии фермерии «Шариф Мирзо»-и ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Работак»-и ноҳияи Бухоро бошанд дар ин рӯзи муборак бахшида ба маъракаи пахтакорӣ семинар гузарониданд. Ба ин муносибат дар ин ҷо роҳбарони секторҳои вилоятию ноҳиявӣ, ҷонишинони ҳокими ноҳия, масъулони ташкилоту корхонаҳои дахлдор, кластерҳои пахтаю бофандагӣ, олимону мутахассисон, фермерон ташриф оварданд. Дар семинари аёнию амалӣ қоидаҳои агротехникаи пахтакорӣ дар зери плёнка ва ҳавои кушод, истифода аз техника ва ғайра муҳокима гардид. Таъкид ёфт, ҳангоме ки гармии ҳаво дар чуқурии 10 сантиметр ба 13-14 дараҷа мерасад, ин барои кишти пахта вақти муносиб аст. Дар тадбир таъкид ёфт, ки иқлим ва таркиби хоки Бухоро аз дигар минтақаҳо фарқи ҷиддӣ дорад. Намнокии қитъаҳо кам нашуда кишти пахтакорӣ хеле муҳим аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар шароити вилоят кошта шудани навъҳои пешпази «Бухоро-102», «Бухоро-10» («Сардор»), «Порлоқ», инчунин навъҳои маҳалликунонидашудаи «Бухоро-6», «Бухоро-8» ба мақсад мувофиқ аст.
Имсол дар вилоят дар 96 ҳазору 220 гектар майдон пахта корида мешавад. Бо ин мақсад байни 11 кластери пахтаю бофандагӣ ва 3 ҳазору 38 хоҷагии фермерии ноҳияҳо шартнома таҳия ёфтааст.
Дар давраи киштукор дар вилоят 142 штаб ва 146 отряд амал мекунад. Ба онҳо бештар аз ҳазор техника, 137 устохонаи сайёр, 133 техникаи таъминоти сӯзишворӣ, 350 сеялкаи сермаҳсул кӯмак мерасонанд. Аз ҷумла  251 техникаи «CASE- 1200» дар 19 ҳазору 84 контур пахта мекорад.
Иштироккунандагони семинар ба намоиши техникаи пахтакорӣ низ шинос шуданд. Баъди эҳсон ва фотиҳаи хайр дар хоҷагӣ пахтакорӣ оғоз ёфт.
Чунин тадбир дар ноҳияи Рометан низ ба амал омад.

Амрулло АВЕЗОВ, 
мухбири 
«Овози тоҷик»
 дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: