ПАЙҒОМ (Тӯхтамиш БОҚИЕВ)

Изтироби сурурбахш

Лаълро гар муҳр набвад, бок нест,
Ишқ дар дарёи ғам ғамнок нест.
(Мавлоно Балхӣ).
Айёми донишҷӯйӣ аҷаб ғаму шодиҳои ба худ хос дорад. Он рӯзгорест пур аз самимият, меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва лабрез аз ишқ, ки дигар дар ягон шебу фарози умр такрор намешавад. Рӯзҳо, солҳо мегузаранд, хотираҳо боқӣ мемонанд ва хотираҳои он пораи умр, ки “айёми тиллоӣ” меномандаш фаромӯшношуданист. Ҳар гоҳ, ки мо он дафтари дар ниҳонхонаи мағзи сарамон сабтшударо варақгардон кунем, вуҷудамонро эҳсоси олие фаро мегирад, ки аз  тасвираш қалам оҷиз аст.
Инак, чанде пеш бо яке аз шарикдарсони собиқам вохӯрдаму муддате дар олами пуршӯри ҷавонӣ гаштугузор кардам.
Ба ҳолаш дилам месӯхт, дӯст будем, охир. Агарчӣ ба дӯстии ҷавони хушмӯйлабу духтари қадрас каҷдилон бо чашми шубҳа нигоҳ мекунанд. Аммо мо дӯст будем, балки бештар аз он: бародару хоҳар. Обу адо мешуд духтар чун шамъ. Бале, шабеҳи шамъ месӯхт: дуд надошт, садо надошт, лаб ба шиква во намекард, гӯё забон ҳам надошт. Дардаш дарунӣ буд, ниҳонӣ буд. Медонистам аз чӣ дар изтироб аст, рухаш заъфарону дилаш дар азоб аст. Медонистаму дасти кӯтоҳ доштам, оҷизу лоилоҷ будам..., чӣ азобест хостану натавонистан. Ва банда низ гӯё баробари ӯ месӯхтаму наметавонистам кӯмаке расонам. Кӯшише доштам бо ҳазлу шӯхӣ андармоние бахшам, то лоақал лаҳзае табассум гул кунад дар лабонаш, фаромӯш кунад он ҳама сӯзи дилашро. Механдид, хандааш пурдард, ба табассум моил мешуд лабонаш, табассуми изтироболуд. Аламовар буд он табассуми талхтар аз гиря. Кошкӣ, гиря мекард, бори андӯҳи дили бечора бо ашки тафсон мерехт бар замин, зери по мешуд. Шояд дилаш андаке сабукӣ меёфт. Аммо ӯ сабур буд ба дард, вафодор ба андӯҳи дили хеш. Намехост озоре диҳад ғами дилро, намехост он азизи дилаш каму коста гардад.
Мо апае доштем пурдону оқила, ки соле пеш донишкадаро хатм карда буданд ва банда рафтам назди апаи меҳрубону кордида. Шуниданд баёни ҳолро ва табассум карда гуфтанд: вақт аст давои ин дард, илло ба ҷуз вақт давое нест, ки нест...
Парешон кард моро боди тақдир. Ҳамин аст қисмати дӯстии “айёми тиллоӣ”. Ку илоҷе ба ҷуз сари таслим фуруд овардан ба тақдир. Дар ҳар гӯшаву канор ризқ мечидем аз хони бузурги дунё, ризқи хеш, ризқи фарзандони хеш. Нест дар байни фарзандони Одам нафаре, ки замираш орӣ аз худхоҳӣ бошад. Аз рӯзи азал ҳамин қисмат шудааст ба ин махлуқи бошуур. 
Дар аввали кор қариб ҳар рӯз фикр мекардам, ки дӯстам чӣ ҳол дошта бошад. Солҳо сипарӣ мешуд, аҳён-аҳён ба хотир оварда, фикр мекардам: чӣ ҳол дошта бошад? Ғори рӯзгор торафт жарфтар фурӯ мекашид, бори масъулият гаронтар мешуд, меафзуд худхоҳӣ дар замирам, фаромӯш мекардам дӯстамро.
Ва оқибат дидам ӯро пас аз чил сол. Аҷабо, пирӣ асаре нагузоштааст ба ӯ. Гузашти айём тамкину солорӣ ато кардааст, аммо рухсораш чун гули тару тоза шукуфон. 
Шукр, ба саломат дидорбинӣ кардем, аммо дилам ларзид. Мабод, ки фаромӯш карда бошад! Наход, ҳамчу тӯфоне даргузар буд он ҳама шӯру изтироби дил?
– Шукри Парвардигор, мебинам, ки хушбахтӣ.
– Бале, аз бахт наменолам, хушбахтам, зеро вафодорам чун пешина...
Дуру дароз суҳбат оростем...ва банда гӯё аз нав кашф кардам дили (агарчӣ умре бо дил сару кор доштам) занро, неруи занро. Бале, ӯ хушбахт буд, шукри зиндагӣ, шукри фарзандон мекард. Фаромӯш накарда буд он ғами бузурги дили хешро. Баръакс, ба сурури дил, ба манбаи илҳом ва ишқи зиндагӣ табдил дода буд азобро. Акнун он ғам ба рӯйи ӯ дарҳои шодиро боз мекард, он андӯҳ неруи тоза мебахшид, то ҳамеша масрур бошад...
Ин чӣ бузургист, ки табиат ба зан – офаранда ато кардааст? Охир, аз ғам шодӣ дарёфтан, андӯҳро ба сурур табдил додан магар бузургӣ нест?

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: