ПАЙ АФКАНД АЗ НАЗМ КОХЕ БАЛАНД

Биноҳои обод гардад хароб,

Биноҳои обод гардад хароб,
Зи борону аз тобиши офтоб.
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам...
Ҳар он кас, ки дорад ҳушу рою дин,
Пас аз марг бар ман кунад офарин.

Дар ин абёти мондагори паёмбари сухан – Абулқосим Фирдавсӣ пешгуйии ӯ нуҳуфтааст. Воқеан, ӯ аз сухани муқаффо кохи баланде офаридааст, ки бо мурури солу моҳҳо аз боду борон осебе набинад. Ва ин кохи муҳташам номи ӯро дар лавҳи дилҳо абадан сабт намуд. Онҳое, ки “ҳушу рою дин” надоранд, намедонанд, ки бузургии Фирдавсӣ дар чист ва “Шоҳнома”-и ӯ чӣ қимате дорад. Ҳушмандони олам беш аз ҳазору сад сол аст, ки ба ҳунари сухангустарии паёмбари назм офарин мегӯянд. Дар абёти зерин паёмбарии ӯ дар боби сухан эътироф шудааст:
Дар назм се тан паямбаронанд,
Ҳарчанд ки “ло набийа баъдӣ”.
Авсофу қасидаву ғазалро,
Фирдавсию Анварию Саъдӣ.
Яъне, ҳарчанд гуфта шуда, ки баъди паёмбари ислом – Муҳаммад (с. а. в) паёмбаре намеояд, вале дар шеър се тан паёмбар: дар достонҳои қаҳрамонӣ (васф) – Фирдавсӣ, дар қасида – Анварӣ, дар ғазал – Саъдӣ арзи ҳастӣ кардаанд.
«Шоҳнома»-и Фирдавсиро асари безавол меноманд, ки фикр мекунам, безаволӣ ва мондагориаш дар ғояҳои миллӣ ва умумиинсонии он аст. Мутахассисон ҳисоб кардаанд, ки ин ҳамосаи иборат аз 60 ҳазор байт тақрибан чаҳор баробари “Иллиада” ва “Одиссея”- и юнонӣ мебошад.
Исмоили Сомонӣ ва паёмадагони ӯ умре барои истиқлолияти марзӣ ва давлатии давлати бузург ва мутамаркази тоҷикон талош варзидаанд. Талош барои истиқлолияти забониву маънавӣ аз поягузори адабиёти классикии форс-тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҳамзамони ӯ шурӯъ гардид. Онҳо бо шеърҳои мондагори хеш забони форсии тоҷикиро дубора ба курсии иззат нишонданд.
Абулқосим Фирдавсӣ парчами истиқлол ва худмухтории забони форсии тоҷикиро баландтар афрошт. Ӯ бо “Шоҳнома”-и безаволи хеш қудрату тавоноӣ ва салосату фасоҳати забони форсии тоҷикиро ба маърази намоиш гузошт. 
“Шоҳнома” ҳарчанд ҷангнома асту  дар он муҳорибаҳои шадид мавриди тасвир қарор гирифтаанд, вале  ҳар пораи он барои сулҳу ваҳдат, истиқлолу озодихоҳӣ ва инсондӯстиву меҳанпарастӣ хидмат мекунад. Дар ин ҳамоса мавзӯе нест, ки пири тӯсӣ ба он даст назада бошад.
Дар вақти мутолиа саҳнаҳои ишқварзии дӯстдоштагон, ҷашну сур, ҳарбу зарб  ба ҳам бархӯрда, садо додани шамшерҳо, маргу ҷудоӣ, ҳиҷрону висол, садоқату хиёнат ... як-як аз пеши назари хонанда мегузаранд.
Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,
Ҷавонони шоистаи корзор.
Зи баҳри бару буми фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман
 диҳем.
Ин сатрҳо аз ҳисси меҳанпарастӣ саршоранд ва ба дифои Ватан аз истилогарон нигаронида шудаанд. Аз нигоҳи Фирдавсӣ аз даст додани Ватан маънии аз даст додани истиқлол ва озодии зану фарзандро дорад. Аз ғуломвор умр ба сар бурдан марг беҳ аст: “Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем, аз он беҳ, ки кишвар (озодӣ ва истиқлол) ба душман диҳем”.
Дар ҷое менигорад, ки арабҳо, вақте ба баҳонаи ҷорӣ кардани дини ислом ба Эрон ҳуҷум карданд, рӯзу рӯзгори эрониён (ориёиён) тира шуд, ҳама чизи бад хуб шуду чизи хуб бад (зишт), сарзамини биҳиштосои Эрон ба дӯзах табдил ёфт, роҳу равиши зиндагӣ дигар шуд, яъне зиндагӣ тибқи талабу хоҳиши ғосибони араб сурат гирифт. Адабу ҳунар хор шуд, озодандешӣ аз байн рафт, пару боли андешаи озодандешон бурида шуд. Ҷаҳон аз хислату хӯйи аҳриманӣ пур шуд. Забонҳо меҳр варзиданду дилҳо душманӣ, яъне одамон аз дӯстиву бародарӣ ва одаму одамгарӣ сухан ба миён оварданду зимнан (ботинан) ба якдигар душманӣ варзиданд. Мутаваҷҷеҳ бошед:
Чу бахти араб бар Аҷам чира гашт,
Ҳама рӯзи эрониён тира гашт.
Ҳамон зишт шуд хубу шуд хуб зишт,
Шуда роҳи дӯзах падид аз биҳишт.
Дигаргуна шуд чархи гардун ба чеҳр,
Зи озодагон пок бибрид меҳр.
Ҷаҳонро дигаргуна шуд расму роҳ,
Ту гӯӣ натобад дигар меҳру моҳ...
Адаб хор гашту ҳунар шуд вубол,
Бибастанд андешаро парру бол.
Ҷаҳон пур шуд аз хӯйи аҳриманӣ,
Забон меҳр варзид, дил душманӣ...
Арабҳо омаданду водор намуданд, ки аҷамиён ному насабашонро низ дигар созанд, яъне номҳои арабиро ҷорӣ карданд:
Чу бо тахт минбар баробар шавад,
Ҳама ном Бӯбакру Умар шавад.
Шоҳону сарони Эрону Фарорӯд фикру хаёли лашкар кашидан ва ҳамла овардан ба кишвари арабро надоштанд, вале арабҳо садҳо километр масофаро пушти сар гузошта, ба ватани паҳновари Фирдавсӣ ҳуҷум карданд. Шоири озодихоҳ Фирдавсӣ аз ин ваҳшоният сахт мутаассир шуд:
Зи шири шутур хӯрдану сусмор,
Арабро ба ҷое расидаст кор.
Ки тахти Каёнро кунад орзу,
Туфу бар ту, ай чархи гардун, туфу!
Дареғ аст Эрон, ки вайрон шавад,
Куноми палангону шерон шавад...
“Шоҳнома” асари пурбор аст. Мо танҳо перомуни чанд байти он фикру мулоҳизаҳои ноқиси худро иброз доштем. Дар замоне, ки халқи мо  истиқлоли давлатиро ба даст даровардааст ва пайи расидан ба истиқлоли фикрӣ талош меварзад, фикр мекунам, мутолиаи пайгиронаи ин шоҳасар аҳамияти бузурги тарбиявӣ дорад.

А. СУБҲОНОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: