ПАЙРАВИ БЕҲЗОД

Мусаввири номдор, академики Иттиҳодияи эҷодии наққошони Ӯзбекистон, соҳиби ордени «Дӯстлик», устоди меҳрубони мусаввирони Самарқанд Аслиддин Исоев аз наққошони барҷастаи давр аст.

Мусаввири номдор, академики Иттиҳодияи эҷодии наққошони Ӯзбекистон, соҳиби ордени «Дӯстлик», устоди меҳрубони мусаввирони Самарқанд Аслиддин Исоев аз наққошони барҷастаи давр аст. Вай дар тӯли беш аз 50 сол асарҳои ҷолиби диққатро офаридааст, ки ҳоло дар осорхонаҳои Тошканд, Рим, Маскав, Деҳлӣ, Прага, Душанбе, Пекин, Токио, Лондон, Париж, Тунис ва дигар кишварҳои ҷаҳон нигаҳдорӣ мешаванд...
Аслиддин дар мактаби рақми 34-уми деҳаи Чоршанбе таҳсил гирифта, ба санъати тасвирӣ дил баст. Муаллими фанни расмкашӣ раҳматӣ Ёдгоров ба ҳар як кори эҷодии ӯ баҳои баланд дода, таъриф мекард. Аз ин таърифҳо шогирдаш курта-курта гӯшт гирифта, истеъдодашро сайқал дод. Баъди хатми мактаби ҳаштсолаи зодгоҳ, меҳру муҳаббат ба ин касб ӯро ба омӯзишгоҳи рақами 8-уми шаҳри Самарқанд овард. Як дафъа писари амакаш Даврон Сафозода (равонаш шод бод!), ки дар маҷаллаи «Хорпуштак» ҳамчун рассом адои вазифа мекард, ҳангоми рухсатӣ аз Душанбешаҳр ба Самарқанд омаду ҷиянаш Аслиддинро саргарми эҷод дида, таклиф кард, ки дар пойтахти Тоҷикистон истеъдодашро сайқал диҳад. Ӯ аз волидайн дуо гирифта, рахти сафар баст. Ба пойтахти Тоҷикистон омад. Дар Душанбешаҳр ба маънои том дар деги калони маҳорат «пухт». Дар омӯзишгоҳ аз мусаввирони номдор сабақ гирифт. Барои идомаи таҳсил аз Душанбе ба Маскав парвоз намуда, ба Донишкадаи давлатии рассомӣ ва киноматографияи Иттиҳод (ВГИИК) ҳуҷҷат супурд, вале барои гирифтани номи донишҷӯ ҳамагӣ чанд хол нарасид. Дар ин ҷо бахти худро ёфт. Тақдир ӯро бо зебосанами арманӣ Гулнора пайваст, ҳар ду ақди никоҳ карданд. Худо пайи ҳам се фарзанд дод, ки духтараш Гулчеҳра, писаронаш Амриддину Нуриддин ворисони муносиби сулолаи Исоевҳо мебошанд...
Нахустин намоишҳои осори мусаввир соли 1976 дар бинои собиқ хоҷагии ҷамоатии меваю токпарварии ноҳияи Пастдарғом ба вуқӯъ пайваст. Ҳамон айём санъаткорони номдор Лев Ошанин ва Анна Герман бо сафари ҳунарӣ дар шаҳрамон меҳмон шуда, ба асарҳои Аслиддин Исоев баҳои баланд додаанд.
Сипас асарҳои ӯ дар қитъаҳои Аврупо, Амрико ва Осиё, саҳеҳтараш дар Русия, Олмон, Италия, Ҷопон, Фаронса, Бразилия, Куба, Хитой, Куриёи Ҷанубӣ мухлисони бешумор пайдо кард.
Яке аз асарҳои заргаронаи ӯ, ки мазмуни баланди фалсафӣ дорад, «Вуруд» ном гирифтааст. Асари дигари вай «Шаби маҳтобӣ», аз он ки хеле хаёлангез аст, ба таваҷҷӯҳи бинанда меафзояд. Бояд таъкид намуд, ки мусаввир дар асарҳои «Бибихонум», «Масҷиди Хоҷа Аҳрори Валӣ», «Шоми Шоҳи зинда» ёдгориҳои таърихии Самарқандро бо тамоми нозукиҳояш рӯйи матоъ овардааст.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки Аслиддин Исоев анъанаҳои беҳтарини устодони худ Бенков, Чориев, Сафозода, Ҳабибуллоев, Расулов ва дигаронро идома дода, то имрӯз беш аз ҳазор асари нотакрор эҷод кардааст. Деворнигораҳои пурмазмуни ӯ дар бинои Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд, қасри ҷавонон, тарабхонаи «Тоҳирӣ», қасри санъати «Нурафшон» ба бинанда ғизои маънавӣ мебахшанд.
– Ман аз муътақидони Аслиддин Искандарович ҳастам, – иброз дошт нахустин сафири Ӯзбекистон дар Русия ва асосгузори Донишкадаи забонҳои хориҷии Самарқанд, профессор Юсуф Абдулло. – Ҳангоми фаъолияти педагогӣ дар Куриёи Ҷанубӣ ба нашри ду албоми ӯ мусоидат кардаам.
– Эҷодхонаи мо паҳлӯи ҳамдигар ҷойгир аст, – гуфт мусаввири ҷавону умедбахш Хуршед Халилов. – Дар сайқал ёфтани маҳоратам хидмати ӯ беқиёс мебошад. Чанде пеш дар бинои Иттиҳодияи рассомони Самарқанд нигораҳои худро ташкил карда, ба ҳукми мухлисони санъати тасвирӣ беш аз 50 асари худро гузоштам, ки дар пурҷило баромадани онҳо саҳми устоди нуктасанҷу дақиқназар Аслиддин Исоев назаррас аст.
– Мо бо ҳамгузари худ, мусаввири машҳур устод Аслиддин Искандарович ифтихор дорем, – гуфт собиқадори таълими халқ, дӯстдори фарҳангу адаб Амина Шарофиддинова. – Чанд маротиба дар мактаби зодгоҳ бо ӯ вохӯрӣ гузарондем, намоиши асарҳояшро ташкил кардем. Аллакай бисёр шогирдонаш ба боғи санъат ворид шуда, бо расмкашӣ машғуланд. 
Чанде пеш мо ба коргоҳи Исоев, ки рӯ ба рӯйи майдони Регистон ҷойгир аст, даромада, шоҳиди расмкашии вай шудем. Вай рӯйи курсӣ нишаста, андешамандона бо сураткашӣ машғул буд. Гоҳ-гоҳ мӯйи мошу биринҷашро бо панҷа шона мезаду мӯйқалам дар даст рӯи матоъ хам мешуд...
– Ин асар кай ба поён мерасад, маълум нест. Дар байни ин кори пурмашаққат чанд мусаввараи гуногун офаридам, – гуфт Аслиддин Искандарович. – Эҷодкори озод ҳастам. Ба ҷуз ин, ҳамчун профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба толибилмони факултаи санъати тасвирӣ асрори расмкаширо меомӯзам.
– Чӣ сабаб шуд, ки шумо ба санъати тасвирӣ дил бастед?
– Солҳои мактабхонӣ муаллими забон ва адабиёт аз китобҳои Шайх Саъдӣ – «Бӯстон»-у «Гулистон» минётураҳои Беҳзодро маънидод карда, қалби кӯчаки маро ба эҷодиёти «Монии Сонӣ» гарм карда буд. Шукри Худо, ки ба шуғли дӯстдоштаам машғулам.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик». 
Шаҳри Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: