ПАЙРАВИ БОБОИ ХУД

(Лавҳа)

Ҳамон рӯз Ҷӯрабек Набиев бо Саидҷон Ҳисенов дар хонаи муаллимон танҳо монданд.
– Имрӯз рафта барои ёздаҳ моҳ ба рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Садои Сӯх» обуна шуда омадам, – гуфт Саидҷон Ҳисенов.
– Ман низ ҳатман пагоҳ ин корро анҷом медиҳам. Аммо ба дигарон низ бояд ташвиқ кард, ки рафта обуна шаванд, – гуфт Ҷӯрабек Набиев ба ҳамкораш нигариста. 
Баъд ҳарду маслиҳат карданд, ки пас аз анҷоми дарсу машғулиятҳо назди директори мактаб медароянд ва бо вай дар ин мавзӯъ гуфтугӯ мекунанд. 
Вақте ки яке аз онҳо дарро бо нӯги ангуштон оҳиста тиқ-тиқ кӯфт, аз дарун «марҳамат, дароед» гуфтани Баҳодур Муҳаммедовро  шунида, ҳарду вориди хонаи директор шуданд. Директор ҳамроҳи ҷонишинони худ Муҳаммадабдуллоҳ Ҷӯраев ва  Маҳмадсулаймон Ҷӯраев дар масъалаи расмӣ кардани ҳуҷҷатҳои таълимӣ баҳс мекарданд, ки мебоист ба шуъбаи таълими халқи ноҳия фиристанд. Ҷӯрабек ва Саидҷон дар курсиҳои холӣ гузашта нишастанд ва мунтазир шуданд, ки суҳбати директор ва ҷонишинони ӯ  тамом шавад.
– Биёед, тинҷӣ аст? – пурсид директор.
– Бале, тинҷӣ, муаллим. 
– Оё ягон кори таъҷилӣ баромад, ки наздам даромадед?
– Бале, мехостем дар масъалаи обуна бо шумо маслиҳат кунем.
– Канӣ, шунавем, – ором ва бо тамкини ба худ хос ба ҳарфҳои ҳамкоронаш гӯш ба қимор шуд директори мактаб.
– Ҳар сол мактабамон дар байни мактабҳои ноҳия ҷиҳати обуна аз қатори пешсафҳо ҷой мегирифт. Имсол касе ба ин масъала аҳамият намедиҳад. Бино ба хабарҳое, ки аз шабакаҳои интернет пахш шудаанд, вазъияти молии «Овози тоҷик» ва «Садои Сӯх» хеле вазнин аст ва аз бетафовутии мо ин рӯзномаҳо метавонанд ба коми нестӣ кашида шаванд, – инро гуфту лаҳзае таваққуф намуд Ҷӯрабек Набиев ва баъд ба ҳамроҳаш – Саидҷон Ҳисенов нигарист.
Ин лаҳза директори мактаб шояд аз серкорӣ ба ин масъала эътибор надода буд ё  мунтазир буд, ки маъракаи интихобот ба итмом расад, барои ҳамин ин суҳбатро хеле муҳим шумурд ва пурсид, ки Саидҷон Ҳисенов чӣ фикр дорад.
– Аксари омӯзгорони мактабҳои ноҳия бо баҳонаи «обуна маҷбурӣ нест» аз ин маърака комилан дар канор мондаанд. Бо мо кормандони муассисаҳои томактабӣ, коллеҷу литсей ва мактабҳои махсус низ «ҳамовоз» шудаанд. Барои ҳамин мехостем як ҷамъомад даъват кунем ва ин масъаларо бо ҷамъи омӯзгорон баррасӣ намоем. Бигузор, онҳо низ фикру назари худро перомуни ин масъала ошкор баён кунанд, – гуфт Саидҷон Ҳисенов.
– Шумо дуруст мегӯед. «Овози тоҷик» ва «Садои Сӯх» ифтихору шарафи мо. Ҳамчунин, ин ду рӯзнома барои кулли равшанзамирони ноҳияамон минбари озоданд, ки ҳар кас метавонад тавассути саҳифаҳои он аз боби муваффақиятҳо ва камбудиву мушкилоти кору зиндагӣ садо баланд кунад. 
Ҳарду хушҳол шуданд, ки фикрашон бо директори мактаб аз як ҷо баромад. Баъд бо арзи маъзарат аз хонаи директори мактаб берун шуданд ва аз пайи корҳои худ рафтанд.
Рӯзи дигар як ҷамъомади васеъ доир гардид ва аксари муаллимон ба ин ташвиқи Ҷӯрабек Набиев, Саидҷон Ҳисенов ва маъмурияти мактаб ҳамовозӣ карданд. Қарор шуд, ки то охири нимаи дуюми моҳи январ маблағҳои ҷамъоваришуда ба почтаи марказии ноҳия ирсол мегарданд ва омӯзгорони мактаби рақами 8-ум дастаҷамъона ба ин рӯзномаҳо обуна мешаванд.
Мехостам дар идомаи гузориш роҷеъ ба устоди шодравон Маҳмудҷон Ҷӯраев  чанде таваққуф кунам, ки яке аз муштариёни ашаддии рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») будаанд. Дар ин робита бо яке аз омӯзгорони собиқадор Ҳакимҷон Хӯҷамов ҳамсуҳбат шудам. 
– Бобои Ҷӯрабек Набиев – шодравон домулло Маҳмудҷон Ҷӯраев аз шахсиятҳои соҳибобрӯи Сӯх буданд. Он кас солҳои ҷанги зидди фашизм дар ақибгоҳ меҳнат кардаанд. Баъд беш аз чиҳил соли ҳаёти худро ба соҳаи таълиму тарбияи фарзандони мардум бахшидаанд, – гуфт Ҳакимҷон Хӯҷамов.
Зимни сар задан ба саҳифаҳои интернетӣ чашмам ба маводе афтода буд, ки дар он Саидҷон Ҳисенов худро аз шогирдони беҳтарин ва вафодори Маҳмудҷон Ҷӯраеви равоншод муаррифӣ мекард. Дар он Саидҷон Ҳисенов навишта буд:  «Солҳои ҳаштодуми қарни гузашта Маҳмудҷон Ҷӯраев барои толибилмони мактаби мо шахсияти бузург маҳсуб меёфтанд. Ба ҳамаи мо чун падар хеле бо меҳрубонӣ ва лутфи беандоза муносибат мекарданд. Аммо муаллими сахтгир низ буданд. Касе ҳад надошт, ки ба дарси он кас бидуни тайёрӣ ҳозир шавад. Агар шогирдашон бе тайёрӣ ба дарс дарояд, барояш итминон медоданд, ки бо ин гуна дарсхонӣ худаш азоб хоҳад кашид. Шогирд ноилоҷ ба айбаш иқрор мешуд ва дарси дигар бо тайёрии пухта ба мактаб меомад».   
Ба ёдам омад, ки маҳз хислатҳои неки бобо ба набера сироят кардааст. Зеро Ҷӯрабек Набиев аз омӯзгорони камсухан ва ботамкин аст ва дар байни ҷамоаи мактаб бо сифатҳои нек эҳтиром пайдо кардааст. Вай барои ҳифзи забону фарҳанг ҳамеша дар сафи пеши омӯзгорон қарор дорад. Иттифоқ меафтод, ки вай зуд-зуд бо иддае аз ҳамкорони худ, аз ҷумла, Саидҷон Ҳисенов вориди баҳсҳои аҷоиб мешавад. Ногуфта намонад, ки Ҷӯрабек Набиев дар синфҳои ибтидоӣ дарс медиҳад. Дарсҳояшро аз рӯйи виҷдон мегузарад. Мисли бобояш нисбати шогирдон ғамхор мебошад.
Оилаи онҳо дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Гулистон» намунавӣ шумурда мешавад. Вай ва бародаронаш ҳамеша дар корҳои ҷамъиятии маҳалла, ҳашару маросимҳо фаъолона ширкат мекунанд. Чанде қабл онҳо дар зебову хушнамо шудани кӯчаҳои ин маҳалла, обод кардани қабристони деҳ, дар ҳамкорӣ бо раиси ҷамоат Исоҷон Асқаров барои бо оби ошомиданӣ таъмин кардани  аҳолии он аз наздик саҳм гирифтанд.
– Мо солҳои зиёд бо Ҷӯрабек Набиев паҳлӯ ба паҳлӯ фарзандони мардумро таълиму тарбия медиҳем. Он кас аз ман пештар ба кор омадаанд. Хоксориву фурӯтании ҳамкасбамонро дида ҳавасам меояд. Дар сурати пайдо шудани мушкилот ба он кас муроҷиат мекунам ва ҳамеша вокуниши мусбат нишон медиҳанд. Фикр мекунам, ки бо чунин одамони покизасиришт ҳамроҳ кор кардан бахти калонест, – мегӯяд омӯзгори мактаб Маъбудҷон Нурматов. 
Ин лаҳза занги мактаб садо дод ва ҳамсуҳбатам ҳадаҳа дар иҳотаи шогирдон вориди мактаб шуд.

Бунёдҷон ШОМАТОВ,
ноҳияи Сӯхи 
вилояти ФАРҒОНА. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: