ПАЙРАВИ БОБОЁНИ ХУД

Имрӯзҳо аксари ҷавонони мо барои интихоби ҳунар бештар ба касбу кори бобоёни худ такя мекунанд.

Имрӯзҳо аксари ҷавонони мо барои интихоби ҳунар бештар ба касбу кори бобоёни худ такя мекунанд. Ин хуб аст. Зеро дар навбати аввал соҳиби касб мегарданд. Баъдан бошад, касби бобоии худро эҳё месозанд.
Замон Чориев ҷавон бошад ҳам, аллакай бо ҳунари нонпазӣ байни ҷавонон маълум аст. Вай соли 1995 дар деҳаи Синаи ноҳияи Деҳнав ба дунё омадааст. Падараш устои чӯбкор буда, Усто Зариф ном гирифта буд, вале ин ҷавони меҳнатдӯст мехост касби бобоии худро зинда дорад. Аз ин рӯ, ҳанӯз аз 12-солагӣ ба назди устодаш — яке аз нонпазҳои машҳур Одил Бойқулов меравад. Аз устодаш дар андак муддат асрори нонпазиро меомӯзад.
Дар омади гап бояд гуфт, ки ҳамаи тағоҳои Замон Чориев нонпазҳои машҳур буда, аз пайи ин касб ризқу рӯзии худро пайдо менамоянд. Ба ин хотир ин ҷавони серғайрат ҳам дудила нагардида, домани касби нонвойиро маҳкам медорад ва инак, ба синни 21 қадам гузошта бошад ҳам, дар ин муддати на он қадар дуру дароз чун нонвойи моҳир фаъолияти худро давом медиҳад.
Имрӯзҳо З.Чориев дар яке аз нонвойхонаҳои маркази ноҳияи Сариосиё меҳнат мекунад. Рости гап, чаққониву пухтакорӣ ва серғайратии ӯро мушоҳида намуда, хеле хурсанд гардидем. Нонҳои суп-сурхи танӯрӣ, ки пештахтаро оро медод, табъи моро шод намуд. Мо ба ин ҷавони серғайрат барори кор хоста, умед ба он мебандем, ки бо ҳунари дилписандаш байни мардум соҳибобрӯ мегардад.

Олим ПАНҶИЗОДА.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: