ПАЙРАВИ ПАДАР

Соли 1973 оғози айёми баҳор буд.

Кӯш, то халқро ба 
кор оӣ,
То ба хулқат ҷаҳон 
биороӣ.
Соли 1973 оғози айёми баҳор буд. Бо ташхиси шамолхӯрӣ бистарии бемористон гаштам. Он солҳо вазифаи сардухтурии беморхонаи марказии ноҳияро ҷарроҳи номдор Зиёдуллоҳ Муқимов дар ӯҳда дошт. Қарибиҳои нисфирӯзӣ бемореро ба шуъба оварданд. Маълум шуд, ки ӯ устои электр будааст. Ҳангоми кор аз баландӣ афтида, дасту поҳояш харош ёфтаанд, захми меъдааш ҳам кушода шудааст. Амалиёти ҷарроҳӣ зарур буд. Аммо дар Бойсун меъдаро ҳанӯз ҷарроҳӣ накарда буданд. Вақт танг ва ягона умед аз сардухтур З.Муқимов буд. Ӯро таъҷилан ёфта омаданд, вазъият маълум, бояд ҷарроҳӣ кард, зеро то Тирмиз роҳ дур.
Духтур якҷо бо ҳамкоронаш тӯли қариб ду соат амалиёти ҷарроҳӣ гузаронд ва мо шоҳид шудем, ки бемор баъди чор-панҷ рӯз худро хеле хуб ҳис мекарду дар палатаву толор ба оҳистагӣ роҳ мегашт.
Бояд гуфт, ки ин дар ноҳия аввалин ҷарроҳии меъда буд, ки бо саъю талош ва дастони ҷонбахшои З.Муқимов ба вуқӯъ пайвасту марде аз марг наҷот ёфт.
Ин воқеа то ҳол аз хотирам нарафтааст. З.Муқимов бо ҳамсараш Шаҳодат Азизова ҳашт фарзандро тарбият намуда, ба камол расониданд. Фарзандон соҳиби маълумоти олӣ буда, дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёт кору фаъолияти босамар доранд. Дар бораи роҳи пуршарафи умри шодравонҳо – З.Муқимов ва Шаҳодатапа метавон дуру дароз ҳарф зад, вале мо хостем аз кору фаъолияти яке аз фарзандони онҳо, ки аз пайи падар рафта, касби ҷарроҳиро идома медиҳад, яъне Улуғбек Муқимов чанд сухан гӯем.
Улуғбек хатмкардаи мактаби миёнаи рақами панҷуми деҳаи Пасурхӣ буда, баъди бо баҳои аъло ба итмом расонидани таълимгоҳ соли 1986 ҳуҷҷатҳои хешро ба Донишкадаи тиббии шаҳри Самарқанд супурд ва онро соли 1993 бомуваффақият хатм намуд.
Мо, вақте ки бо нияти суҳбат ва дидорбинӣ ба шуъбаи ҷарроҳии касалхонаи марказии Бойсун омадем, духтур Улуғбек Муқимов дар амалиёти ҷарроҳӣ будааст. Ходимонаш гуфтанд, ки имрӯз бо ӯ вохӯрдан мушкил аст, зеро ҷарроҳии якумро ба анҷом расонида, дуюмашро оғоз кардааст ва боз як амалиёти дигар интизори ӯст. Моро зарур омад, ки бо духтур рӯзи дигар ҳамсуҳбат шавем.
– Бо дархости падару модар ин касбро интихоб кардед ё хости худатон буд? – пурсидем аз вай.
– Рости гап, шодравон падарам мехостанд, ки ман чун бобоям корманди хоҷагии қишлоқ бошам. Аммо чун бо бародарам Миршакар, ки донишҷӯйи донишкадаи тиббӣ буд, аз назди ин даргоҳ мегузаштем, бинои баланду боҳашамати он дар дилам меҳре падид овард ва маро водор сохт, ки ҳуҷҷатҳоямро ба ин ҷо супорам. Ва инак, бисту ҳафт сол боз дар ин самт кору фаъолият дорам.
– Имрӯз аз касбатон мамнунед?
– Баъди дуои неки падарам кӯшиш кардам, ки пайрави арзандаи ӯ бошам, нозукиҳои касби ҷарроҳиро сидқан омӯзам. Ва бояд иқрор шавам, ҳарчанд аз ҷарроҳони номӣ, чун Аҳмад Дӯстбоев, Ҳаким Бӯриев, Холиқ Ҳайитов, профессорон Собиров ва Рустамов бисёр чизро омӯхтам, нахустустодам раҳматӣ падарам буданд. Ва ҳоло аз пешаи интихобнамудаам ифтихор дорам.
Зеро агар донам, ки рӯзе ақаллан ба нафаре кӯмак кардаву дардашро сабук намудаам, худро бахтиёр ҳис мекунам.
– Дар шуъбае, ки шумо мудиред, кадом бемориҳо ҷарроҳӣ мешаванд?
– Дар шуъба касалиҳои меъда, рӯда, эхинококи ҷигар, кӯррӯда, испурч (талоқ), маъюбият, гурда, талхадон ва ғайра ҷарроҳӣ мешаванд.
– Бешубҳа, кори шуъба душвор ва масъулиятноку муҳим аст. Дар ин роҳ киҳо кӯмакрасони шумоянд?
– Дар амалиётҳои ҷарроҳӣ ба ман бештар духтурони хеле хуб – Сафар Файзуллоев, Абдураҳим Ёдгоров, Р.Бердимуродов, Й.Пардаев, Х.Саидов ёрии амалӣ мерасонанд. Баробари инҳо мо аз хизмати ҳамшираҳову ходимаҳои хеле масъулиятшиносу фидоиамон Дилафрӯз Раҳимова, Зебо Аъзамова, Моҳира Исматова, Гулрухсор Ҷӯрақулова, Сурайё Шодиқулова, Раъно Раҳимова, Гулбаҳор Худойбердиева хеле мамнунем.
– Имрӯзҳо фарзандон ба камол мерасанд ва онҳо чӣ ниятҳо доранд...
– Бо ҳамсарам Раъно Раҳимова соҳиби се фарзанд ҳастем. Калонӣ – Мардонҷон тадбиркор, дуюмӣ – Азизбек донишҷӯйи курси панҷуми Донишгоҳи байналхалқии тиббии ба номи Мечникови шаҳри Санкт-Петербург мебошад, писари хурдӣ – Давлатбек низ дар дил орзуи духтур шуданро мепарварад, – бо табассуми зебо ҷавоб медиҳад ӯ.

Раҳматуллоҳи ШОҲИМАРДОН,
Аълочии таълими халқи ҷумҳурӣ.
Вилояти 
СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: