Илм кайҳо собит кардааст, ки дорую дармони кунунӣ, ки қисми зиёдашон аз элементҳои кимиёвӣ иборатанд, баробари хосиятҳои шифобахшӣ, ба организми инсон зарар ҳам мерасонанд.
Боре дар сиҳҳатгоҳи «Ӯзбекистон»-и шаҳри Кисловодски Русия маърӯзаи табиберо шунида будам, ки дар ин бора бо санаду рақамҳои зиёд ва мисолҳои ҳаётӣ хеле ташвишовар ҳарф мезад ва китобаш ба унвони «Лекарственные болезни» даст ба дасти ҳозирон буд.
Солҳои охир дар Аврупо ба табобати халқӣ бештар рӯ овардани мардум беҳуда нест.
Наздикони мо дар шаҳри Тошканд аз табиби Чин борҳо бо усули сӯзан муолиҷа гирифта, аз дард фориғ гаштаанд. Дил мехост, ки дар ватани Сино – Бухорои шариф низ чунин табиберо пайдо кунем. Мутаассифона, ин муяссар намешуд. Духтурон ба пурсишҳоямон дар ин бора мегуфтанд: – Муолиҷакунандагон бо усули сӯзан зиёданд, мутахассиси ҳақиқии ин соҳа тухми анқост.
Боре дар як муолиҷагоҳ бо духтуре шинос шудам. Вай ба беморон сӯзан мегузошт.
– Дар ин cоҳа устоди шумо кист? – пурсидам аз вай.
– Инъом Кароматов, – ҷавоб дод ӯ.
Тасодуфро бинед, ки боре дар як ҷамъомад дар як ҷо нишаста бо ҳам шинос шуда будем.
Мероси падар хоҳӣ...
Фарзанди «Чорбакр»-и Бухорои шариф Ҷӯра ҳангоми дар факултети муолиҷаи Донишкадаи тиббии Тоҷикистон хондан ба ҳамсабақаш аз шаҳри Хуҷанд Ҳабиба Қаюмова дил бохт. Ният, ки холис буд, онҳо ҳамхона шуданд. Соли 1965 дар ин хонадон фарзанди аввалин – фаррухписар таваллуд ёфт. Ба вай Инъом ном ниҳоданд. Соли 1972 дар мактаби миёнаи рақами 17-уми ба номи Ҳамзаи шаҳри Бухоро ба таҳсил оғоз кард. Синфи IX-ро ба поён расонду ба Тоҷикистон рафт. Пас аз як сол мактаби миёнаи рақами 1-уми шаҳри Ваҳдатро хатм намуд. Вай аз овони бачагӣ ҳамчун падару модар духтур шуданро орзу менамуд. Худи ҳамон сол донишҷӯйи факултети муолиҷаи Донишкадаи тиббии Тоҷикистон гардид. Инъом соли 1988 донишкадаро бомуваффақият хатм кард.
Ду соли дигар дар интернатура хонд ва дар ноҳияи Ваҳдату шаҳри Душанбе ҳамчун духтури бемориҳои дарун ва асаб кор кард.
Гипноз – хоби сунъӣ
Он солҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ, «гипноз», «сеанс», «экстрассенс», «биомайдон», «биоток» барин истилоҳҳо байни мардум машҳур гардида, ҳатто Кашпировский, Чумак барин мутахассисон сеанс гузаронида, ба рӯҳияти одамон таъсир мерасонданд, тоифаеро бо ин усул муолиҷа мекарданд. Ин қабил экстрассенсҳо дар мо низ пайдо шуданд. Инъом Кароматов низ бо таъсири устодонаш К. Ефремов, Фирӯз Шукуров ба ин соҳа рӯ овард ва асрори онро амиқ омӯхт. Бо Анвар Исомиддинов барин устодони соҳа ҳамкорӣ кард, ба шаҳру ноҳияҳои зиёд рафта, сеансҳои муолиҷа гузаронд. Он гоҳ мухлисони бешумораш аз дуру наздик ба суроғаш меомаданд, аз кӯмаки беминнаташ қаноатманд мегаштанд.
– Гипноз – ангезиши хоби сунъӣ, таъсир ба рӯҳияти инсон аст, – мегӯяд мусоҳибам. – Чашмбандӣ низ ба ин соҳа дахл дорад. Ба маврид ва бо меъёр истифода бурдани гипноз дар соҳаи тиб самараи дилхоҳ медиҳад. Ҷараёни гипноз даргузар аст.
– Чаро имрӯз сеансҳои экстрассенсӣ қариб аз байн рафтанд?
– Даргузар, муваққатӣ будани онро мардум донистанд. Яъне дарди бо таъсири гипноз қатъёфта, баъди муддате боз метавонад ба хурӯҷ ояд, – ҷавоб дод ӯ.
– Шумо ҳоло низ аз усули «гипноз» истифода мебаред?
– Хеле кам. Баъзан ҳангоми ором намудани бемор дар ҷараёни муолиҷа зарур мешавад, – ҷавоб дод ӯ.
– Он солҳо воқеае рух доду маро аз гипноз дилхунук кард, – гуфт вай. – Ҷавоне гумон дошт, ки ҳамсараш хиёнат мекунад, аз ин рӯ хоҳиш намуд, ки занашро гипноз кунам. Ҳангоми «хоби сунъӣ» низ «гуноҳ»-и ӯ ошкор нагардид... Ҳамин тариқ ба гипноз нуқта гузоштам.
Таваҷҷӯҳ ба тиббиёти Шарқ
Мутолиа, ҷустуҷӯ, муқоиса, китобдӯстӣ, шабзиндадорӣ ва таълифи асарҳо аз фазилатҳои хоси И. Кароматов ба шумор мераванд. Агар гӯем, ки вай на фақат аз дурдонаҳои қадимии тиббиёти Машриқ ва Мағриб, асосҳои фалсафӣ ва назариявии тиббиёти Шарқу Ғарб, балки аз мероси маънавию динӣ, адабиёти классикии ҷаҳон бояду шояд хабардор аст, муболиға нест.
— Тамаддуни Мисри қадим ва Бобул инсониятро ба ҳайрат овардааст. Асрори яке аз ҳафт муъҷизаи олам аҳромҳои Мисри қадимро намегӯед. Охир, файласуфони намоёни Юнони қадим – Фалес, Пифагор, Афлотун ва дигарон дар Миср ва Осиёи Хурд таълим гирифтаанд. Дар Бобул тибби афсунгарӣ равнақ ёфта бошад, дар Ҳинди қадим табибон саратонро муолиҷа кардаанд.
Ақидаҳои илмию назарие, ки дар сарзамини мо ҳазор сол муқаддам бо усули устоду шогирд татбиқ мешуд, аврупоиён (юнониҳо) гирифта, моли худ карда дарҷ намудаанд.
Тиббиёти қадими Шарқ аз тиббиёти имрӯза монданӣ надорад. Вай ҳатто дар баъзе соҳаҳо аз он пеш рафта, ба тиббиёти имрӯза бо инсон, ҳаёт ва табиат чӣ гуна муносибат карданро меомӯзад. Рӯз то рӯз саҳеҳтар дарк мекунем, ки «навигарӣ»-ҳои имрӯз – корҳои куҳнаи кайҳо фаромӯшшуда аст.
Тиббиёти қадим, ҳангоми ташхис организми инсонро яклухт муоина мекард. Пеш аз ҳама мизоҷ, дараҷаҳои он, сохти пайкар, ҳаёт, ҳолати саломатӣ, вазъи хӯрокхӯрии бемор омӯхта мешуд.
Тиббиёти имрӯза ба қисмҳо, ҷузъҳо ҷудо шуд. Вай роҳи муолиҷаи як узв, кадом як бемориро пеш гирифт, на муолиҷаи беморро. Истифодабарии воситаҳои кимиёвӣ боиси пайдо шудани бемориҳое гардиданд, ки пештар мушоҳида намешуд. Ин доруҳо на фақат ба ҳаёти бемор таҳдид мекунанд, балки боиси тавлидёбии кӯдакони носолим мегарданд. Фактҳое ҳастанд, ки дар натиҷаи реаксияи онҳо беморон ба ҳалокат расидаанд. Дар натиҷа Созмони умумиҷаҳонии ҳифзи тандурустӣ 24 январи соли 2003 масъалаи истифода аз тиббиёти мардумӣ, дар тиббиёт ҳамчун услуби муқобил истифодабарии онро ба майдон гузошт, мегӯяд вай.
Тиббиёти Шарқ бобати муолиҷаи беморон бо гиёҳҳо ва моддаҳои табиӣ таърихи қадима дорад. Ин ҳам арзон ва ҳам дастрас аст. Ҳамин омил И. Кароматовро водор намуд, ки ба ин соҳа рӯ орад.
Масъалаҳои табобати тибби қадим, хусусан тиббиёти Шарқ аз давраи донишҷӯйӣ ин ҷониб диққати духтури бухороиро сӯйи худ мекашад. Аз ин рӯ вай муолиҷа бо усули сӯзан ва молишдиҳиро интихоб кард, таърих, роҳу усул ва нозукиҳои ин соҳаро амиқ омӯхт.
Инъом Кароматов соли 1991 ба Бухоро баргашт. Аввал дар поликлиникаи ноҳияи Бухоро дар Галаосиё ҳамчун духтури бемориҳои дарунӣ ба кор сар кард, баъди ду сол дар шаҳри Бухоро клиникаи шахсии «Авитсенна»-ро кушода муолиҷа бо усулҳои сӯзан, молишдиҳӣ ва гиёҳҳоро ба роҳ монд. Солҳои минбаъда Инъом Ҷӯраевичро ба Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро, Маркази тайёркунии духтурони амалиёти умумӣ ба кор даъват карданд. Ӯ баробари ҷустуҷӯҳои илмӣ, созмондиҳии гурӯҳҳои таълимӣ корро дар клиникаи хусусиаш идома медиҳад.
Илм – ибодати ӯ
Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Қуфлкушои ҳама дарҳост илм.
Ин шоҳбайти Мавлоно Ҷомӣ барои вай аз солҳои бачагӣ шинос аст. Маълум, ки нуқтаи назар, ақида зодаи илм аст. Инъом Ҷӯраевич аллакай солҳои донишҷӯйӣ бобати такмили муолиҷаи беморон таклифу ақидаҳои худро дошт. Вай аввали солҳои 90-уми асри гузашта аз минбари анҷумани физиологҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар ин бора ҳарф зада буд. Минбаъд мақолаю асарҳои илмиаш пасу пеш рӯйи чопро дида, диққати ҳамкасбонро сӯйи худ кашиданд. Вай ба рутбаи илмӣ даъво надошту надорад. Фақат бо амри дил дар бораи масъалаҳое менависад, ки онҳоро баҳри такмил ва рушди соҳаи тандурустӣ зарур мешуморад.
«Маълумотнома доир ба тиббиёти шаҳр ва услуби муқобили ташхисгузорӣ ва муолиҷа барои духтурони амалиёти умумӣ», «Тиббиёти Шарқи қадим», «Хусусиятҳои муолиҷавии мурчи сиёҳ», «Асосҳои фалсафӣ ва назариявии тиббиёти Шарқи қадим», «Фитотерапия», ҷилди 1, дастуруламал барои духтурон ва ғайра аз ҷумлаи онҳост.
Яке аз хидматҳои назарраси И. Кароматов аз ҷониби вай аз тоҷикӣ ба забони русӣ тарҷума шудани китобҳои «Канзи шифо» ва «Хазинаи тибби қадим»-и Ҳамид Зоҳидов аст.
Ӯ ният дорад, ки бо фароҳам омадани мавриди муносиб ин асарҳоро низ дар шакли китоб дастраси хонандагон гардонад. Инъом Ҷӯраевич ба кори хайри дигар даст зад. Маҷаллаи илмии электронии вай, ки дар Русия номнавис шудааст, таҳти унвони «Биология и интегративная медицина» аз тариқи Интернет дастраси олимон ва алоқамандони соҳа мегардад.
Боре суҳбати мо бо И. Кароматов бобати дину диёнат сурат гирифт. Вай бо тамкинии ба худ хос гуфт:
– Рӯзе сӯфие аз банда пурсид:
– Дини шумо чист?
– Дини ман – кор, ибодати ман – илм, шукронаам – ин ҳар ду, – ҷавоб додам ба вай гуфт бо қаноатмандӣ ӯ.
Маризӣ бедаво нест
Солҳои зиёд аст, ки хулосаҳои ҳаётии Инъом Ҷӯраевич бо баъзе ақидаҳои илми тиб мувофиқат намекунанд. Табиби бухороӣ ба бархе даъвоҳои илми тиб оид ба «бедаво» будани як идда бемориҳо муқобил аст. Зеро шоҳид аст, ки онҳое, ки бинобар ақидаи илмӣ бояд кайҳо мемурданд, ҳамоно зиндаанд ва ҳоло аз маризиашон нишоне намондааст. Охири солҳои навадум буд, он гоҳ духтур дар Тоҷикистон кор мекард. Ба қабули вай аз дараи Ромит кампири 90-сола омад ва хоҳиш намуд, ки гаронии гӯшашро муолиҷа кунад. Инъом Ҷӯраевич бо таърихи бемории ӯ шинос шуд. «Муолиҷанашаванда» – ташхис гузошта буданд ба вай.
Духтур сир бой надод ва кампирро ноумед накард. Ҷараёни муолиҷа якчанд рӯз давом кард ва ниҳоят муъҷиза рух дод. Гаронии гӯш пурра шифо ёфта, беасос будани хулосаи тиббии мутахассисони бонуфузи соҳа исбот гардид. Ҳамин тариқ беморе низ бо саратони сар (майна), ки мувофиқи ташхиси духтурон «рӯзҳои охирин»-и умрро аз сар мегузаронд, ба маслиҳати Кароматов амал карда, аз марг раҳоӣ ёфт...
– Илми тиб вазифадор аст, ки ба ҳар гуна беморӣ даво ёбад, на ин ки бо ҳукми «муолиҷанашаванда» ҳам табиб ва ҳам беморро ноумед созад, – мегӯяд вай.
– Таҷрибаи бештар аз ҳазорсолаи мардум – «ихлосу халос» дар замири худ фалсафаи ҳаётӣ дорад ва вай қодир аст, ки муъҷиза офарад. Нобоварӣ ба муолиҷа ва ба маризиҳо сарҳадгузорӣ таҳти унвони «бедаво» бояд ба соҳаи тиб бегона бошанд. Зеро сарчашмаи кулли нокомиҳо ноумедист, – хулоса мекунад ӯ.
Орзуи деринаи вай соли 2018 — шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон шудан насибаш гардид. Баъди маҳрумиҳои солҳои тӯлонӣ ин воқеа ӯро водор месозад, ки орзуи дидори устодон, наздикон ва дӯстони азизи тоҷикистонӣ кунад.
Амрулло АВЕЗОВ, хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.