Он рӯз Фурудгоҳи байналхалқии Тошканд чун ҳарвақта серодам буду ҳозирон ба забонҳои гуногун ҳарф мезаданду ҷомадонҳои хешро кашолакунон сӯи пайроҳаҳои ба худ лозим мерафтанд.
Ба назар чунин мерасид, ки гӯё тамоми мардуми Тошканд ба сафар баромада бошанд ва ҳамин миқдор сайёҳон ба пойтахт ташриф фармуда.
Аҷиб манзара! Як сӯ шодкомии пешвозгирӣ бо гулдастаҳо, як сӯ дастафшониҳо бо суханҳои «То боздид!».
Воқеан чунин муҳит барои Замира Акрамова шинос. Зеро ӯ бори шашум аст, ки бо шогирдонаш сӯи макони инглисҳо – шаҳри Лондон парвоз дорад.
Ниҳоят аз баландгӯяк тӯтивор ба якчанд забон эълон карданд: «Мусофироне, ки сӯи Лондон парвоз доранд, ба пайраҳаи шашум гузаранд».
Намояндагони мактаби рақами 37-уми шаҳри Самарқанд баъди таҳияи ҳуҷҷатҳо ба мурғи фӯлодӣ нишастанд ва он каме тохту ба ҳаво хест. Мусофирон ба курсиҳои нарм баҳузур нишаста, ҳар кӣ ба ҳар коре машғул шуданд. Нигоҳи Замира ба тирезача дӯхта шуда, ба гирдоби хаёлот ғӯта зад...
ТАРҶУМОНИ ДИЛ АСТ НУТҚУ ЗАБОН
На ҳама гуфтор зи инсон
хуш аст.
Ҳар чӣ писандида бувад,
он хуш аст.
Хусрави ДЕҲЛАВӢ
Оилаи Акрамовҳо аз Душанбешаҳр ба зодгоҳ – Самарқанди бостонӣ кӯч бастанду масъалаи таҳсили фарзандон ба миён омад. Бо вуҷуди он ки мактаби рақами 37-уми шаҳр ба истиқоматгоҳи онҳо наздик буд, Замираи ҳафтсола ба синфи якуми он қабул шуд. Талабагон ба миллатҳои тоҷик, рус, арманӣ, тотор, яҳудӣ ва ғайра мансуб буда, ба русӣ таҳсил мегирифтанд. Замира аз синфи ибтидоӣ аълохони мактаб шуд ва ба ҳамаи дарсҳо қариб баробар шавқу ҳавас дошт. Воқеан, агар кас устодашро дӯст дорад ва ягон сифати неки ӯ ба шогирд писанд ояд, вай ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки арзи сипосу эҳтиромашро ба муаллимаш тавассути ахлоқи нек ва ба тарзи аъло тайёр кардани вазифаҳои хонагӣ ифода менамояд. Чун ҳамаи ҷамоаи омӯзгорони мактаб инсонҳои дилёбу дарёдил, асилу донишманд, рӯҳшиносу рамузфаҳм буданд, Замира онҳоро аз таҳти дил самимона дӯст медошт ва эҳтиромашро тавассути аз бар кардани дарс, хосатан аълохонӣ, одобу муоширати неку фазилатҳои неки инсонӣ ифода менамуд. Муносибати хайрхоҳонаи устоду шогирд бар ҳамин поя асос меёфт. Ҳар касе, ки дар дарси омӯзгори забони русӣ Таиса Максимова иштирок мекард, дар замири ӯ чунин тасаввуроте пайдо мешуд, ки шоҳи ҳама фанҳо адабиёт асту бидуни китоб ҳаёти инсон маънӣ надорад. Шояд аз шарофати Таиса Александровна барин муаллимаи фозилу доно бошад, ки дар мактаб бештари хонандагон ба забону адабиёт шавқ пайдо карда, ба мутолиаи асарҳои адибони рус ва ҷаҳон пардохтанд. Замира, хоссатан ба китобҳои Иван Тургенев дил баст ва қариб ҳамаи асарҳои ӯро хонда баромад. Ана барои чӣ доир ба силсилаочеркҳои «Хотираҳои шикорчӣ», қиссаҳои «Муму», «Шабаҳҳо», романҳои «Рудин», «Ошёни дворянҳо», «Падарон ва фарзандон»-и нависандаи бузурги рус байни ӯ ва омӯзгораш баҳсу мунозира, саволу ҷавоб авҷ мегирифт. Дертар вай бо устодони сухан Чехов, Достоевский, Марк Твен, Дюма, Мопассан мулоқоти хоса «дар гӯшаи танҳоӣ» дошт.
Замира Акрамова соли 1987 номаи камол гирифту ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи филологияи руси Донишкадаи педагогии ба номи устод Садриддин Айнӣ супурд, ки мисли устодаш Таиса Александровна омӯзгори фанни забони русӣ шавад. Гарчанд дониши мустаҳкам дошт, вале барои дар шуъбаи рӯзона таҳсил гирифтан чанд хол нарасид, ки ба шуъбаи ғоибона қабул шуд.
ФИРЕБИ ҶАҲОН ҚИССАИ РАВШАН АСТ
Ба ҳангоми сахтӣ машав
ноумед,
К-аз абри сияҳ борад
оби сафед.
Низомии ГАНҶАВӢ.
Замира маҳзуну парешонхотир назди устоди дилсӯзаш омада, қиссаи дар мактаби олӣ нисбати ӯ беадолатӣ шударо нақл кард.
– Аз ҳама имтиҳон гузаштам, лекин ба шуъбаи рӯзона қабул нашудам, – гуфт вай.
– Духтарҷон, муҳимаш дохил шудӣ, – тасаллои дил бахшид Таиса Александровна. – Хушбахт касест, ки саломатиаш мустаҳкам, ба халқу Ватан хизмати шоиста мекунад. Аммо ба инсон дар ҳар кор сидқу вафо, завқу шавқи баланд лозим. Ба ту маслиҳат, ба мактаб биё. Сарвари пешоҳангон шуда фаъолиятро оғоз мекунӣ.
Замира бо як олам меҳру ҳавас ба мактаб омад ва бо мурури солҳо касби муаллимиро омӯхт. Дар асоси шиори «Устоду шогирд» пайваста ба сайқали маҳорат ва равнақи кори педагогӣ пардохт.
Боиси хушнудӣ он буд, ки Максимова директори мактаб таъин гардида, фаъолияти пурсамарона мебурд ва шогирди хешро рӯҳбаланд месохт. Замира бо ташвиши кору зиндагӣ чӣ тавр панҷ соли таҳсил гузашт, нафаҳмид. Муҳимаш, дипломи сурхи мактаби олӣ насибаш гашт. Дар донишкада ба ӯ таклиф карданд, ки кори дипломии хешро идома диҳад, вале вай меҳри мактабу талабагонро беҳтар донист.
ШУҶОАТ БА КОР АСТ, НА БА ГУФТОР
Мебош ба ҷидду ҷаҳд дар кор,
Домони талаб зи даст магзор.
Вақте Замира ҳуҷҷати мӯътабари худро ба Таиса Александровна пешкаш намуд, хурсандии устодаш интиҳо надошт:
– О, турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро! Ман ба ту бовар доштам, – шогирдро самимона ба оғӯш кашид, – хушҳол ҳастам, ки вориси муносиб дорам. Бесабаб нагуфтаанд, ки ҷаҳди касе, ки бештар аст, кораш аз ҳама пештар аст. Ана, ниҳоят ту, духтарҷон, муаллима, раҳнамо, машъалафрӯзи маърифат шудӣ. Худо хоҳад бо таълиму тарбияи насли наврас машғул мешавӣ, тақдир кунад, бо гузашти айём сарвари таълимгоҳ хоҳӣ шуд.
Соли 1987 ӯ бо салоҳдиди сарвари таълимгоҳ омӯзгори забони русӣ гардид. Вақте ҳамчун муаллима дафтар дар даст ба синфи панҷум ворид гашт, беихтиёр вуҷудашро ҳаяҷон фаро гирифт. Зеро 25 нафар булбулакони боғи дониш бо чашмони пурмеҳру лабҳои майли табассум сӯяш кунҷковона менигаристанд, ки омӯзгори забони русӣ чӣ мегӯяд?
Албатта, табиати бачагони беқарор, кунҷкоб ба ҳама маълуму равшан – онҳо ҳазлу шӯхӣ, озодӣ ва бозиро дӯст медоранд. Охир аз устоди бадқавоқу сахтгир, ҷиддиву серталаб ҳама безор.
Замираи навовар, босабру некбин бо завқу талаби хонандагон гоҳе бо навозиш, гоҳе бо ситоиш ба дарс гузаштан пардохт, ки онҳо дилбастаи адабиёт, забон шаванд. Зеро замоне устодаш Таиса Александровна чунин тарзи таваҷҷуҳи шогирдонро сӯи худ кашидан дошт. Толибилмон аз машғулиятҳои шавқангези муаллима руҳи тоза гирифта, ҳам ба ӯ ва ҳам ба фанаш дил мебастанд.
Садоқат ба касб ва ҷоннисории Замира диққати таълими халқи шаҳри Самарқандро ба худ кашид, ки бо гузашти айём мудири қисми илмӣ ва ниҳоят сарвари таълимгоҳ таъин гардид, ки башорати Таиса Максимова рост баромад.
Қариб 20 сол аст, ки Замира Акрамова чун сарвари таълимгоҳ дар Самарқанд эътироф шуда, таҷрибаи ӯ дар вилоят паҳн мегардад. Вай ба сифати роҳбари соҳибтаҷриба ва пурдон дар тарбияи маънавию ахлоқӣ, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва ба ҳам пайвастани робитаи мактабу оила нақши комил мегузорад.
Чанде пеш таълимгоҳ ба маскани чуқуромӯзии забони англисӣ табдил ёфт ва дар чанд озмуну санҷиши вилоятӣ ва ҷумҳурӣ ҷои фахрӣ насибаш гашт. Аз соли 2018 шогирдони мактаб ба Бритониё сафар карда, дар мактаби байналхалқии забономӯзии Лондон истеъдоди худро сайқал медиҳанд.
ШУНИДАН КАЙ БУВАД МОНАНДИ ДИДАН
Дар арафаи соли хониши нав ба мактаби рақами 37-ум ташриф фармудем. Диққати касро тозаву озодагӣ, гулҳои ранг ба ранги толору зертахтаи тиреза ба худ мекашад. Ба муомилаи хуши ҷамоаи байналмилали муаллимону толибилмон гап нест.
Бо роҳбаладии навбатдор ба қабулхонаи сарвари таълимгоҳ омадем. Коргоҳи Замира Акрамова низ ҷолиби диққат аст. Мизу курсӣ, тубаки гул, расму ифтихорномаҳо, мебел, яъне асбобу бисоти хона чунон бо диди баланд ҷо ба ҷо гузошта шудаанд, ки меҳмон дар ҳайрат мемонад.
– Зиёрат қабул! – гуфтем мо баъди салому алейк ба соҳибхона, – хӯш, сафари навбатӣ чӣ хел шуд?
– Мурод ҳосил, – гӯён Замира Маҳмудовна як даста аксҳоро наздамон гузошт, – ҳақ асту рост, сафар кардан – ҷаҳон дидан. Модари 80-солаам Мубарро Ҳакимова мегӯянд, ки пурдида – пурдон, нодида – нодон. Дар омади гап таъкид кардан ҷоиз аст, ки сарвари давлатамон мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев ба тамоми кишварҳои ҷаҳон дару дарвозаҳоро кушоданд. Ана барои чӣ таҷрибаомӯзии тарафайн авҷ гирифт. Боиси хушнудист, ки Ӯзбекистони Нав дар таълим низ навовар, пешқадам, соҳибтаҷриба гардид, ки самараи онро дар мисоли мактаби мо дидан мумкин аст. Танҳо ҳамин сол аз 187 нафар хатмкунандагон қариб 70 фоиз ба мактабҳои олӣ дохил шуданд. Албатта дар ин комёбӣ хизмати омӯзгорон Дина Икачилева, Людмила Диркач, Нигина Муъминова, Замира Тошмуҳаммадова, шогирдонам Анастасия Угрюмова, Ситора Каримова ва дигарон калон аст.
– Замира Маҳмудовна, мо, тоҷикон мақоле дорем, «ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд, ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд».
– Дар зиндагӣ ба чӣ комёб шудам, аз насиҳату маслиҳати модари муқаддасам аст. Шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ байте дорад:
Сад ҷону дил фидои як муддаои
модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои
модар.
Бовар кунед, ҳар пагоҳӣ фаъолиятам аз суҳбат бо волидаи мукаррама оғоз меёбад. Дуои хайр гирифта, бо пайроҳаи шиносу заррин рӯ ба сӯи мактаб меоварам. Инчунин, сипосгузорам аз ҳамсарам Ибодулло Акрамов, ки инсони рамузфаҳму дарёдил, хушрафтору хушгуфтор, такягоҳу маслиҳатгари ман ва фарзандонам аст. Ду нафар фарзандонам – Ҳабибҷону Далерҷон ифтихорам, қуввати дилам.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.