Чанд сухани ошноӣ аз зиндагиномаву корномаи ҳамкасбу ҳамнишини солорманди ҷавонрафта Пайванди Гулмуродзода
Аҳли назар дар бораи хӯю хислат ва сифатҳои илмию одамии Пайванди Гулмуродзода бисёр гуфтаанду навиштаанд. Дар тақвияти он катибаҳо, бо нияти порае чанд аз паҳлӯҳои камтар зикршудаи зиндагиномаи Пайванди шодравон қалам ситурданием.
Дар оғӯши деҳаи дурдаст
Пайванд дар деҳаи хушманзари Ӯхм, ки яке аз рустоҳои тоҷикнишини доманаи қаторкӯҳҳои Нуратост, ба дунё омада, онро бо дафтару китоб дар даст, досу табару арғамчин дар китф, сипарӣ намуд. Рӯзгори бачагии деҳистон аслан чунин ду ранги ҷилодор дорад: яке бо олами беташвиши пуртахайюли мактабхонаву дигарӣ бо дунёи ташвишу гирумони хонаводагӣ оганда. Вале вазъи оилавӣ овони бачагии Пайвандро аз дигар ҳамсолон тафовут мебахшид. Падар, амаки Гулмурод, хаткашони минтақа, аз саҳари солеҳон то шом, аспсавору харсавор ба ҳар бунаи Ӯхму дигар чанд деҳаи ҳамсоя рӯзномаву маҷалла, номаву нафақа мерасонд, гоҳо нимишаб ё дами субҳ ба хона бармегашт. Дар ин гуна ҳолат Пайванд – писари калонӣ, аълохони мактабу сардори синфро, мебоист қисме аз бори рӯзгор – нигоҳубини чорпо, долу дарахти боғ, шикастурехти дару девори ҳавлиро ба дӯш бигирад, мактабравию дарсхонии ду додару чор хоҳари хурдашро низ назорат карда бошад. Обутоби рӯзгори бачагӣ Пайванди мактабхонро «ба воя расонд».
Дар талоши илму маърифат
Барои хатмкунандагони солҳои ҳафтодум интихоби касби оянда ва мактаби олӣ ба мисли имрӯза кори мушкил ва «дарди сар»набуд, ҳангоми хатми мактаб ҳар нафар барои худ равшан медонист, ки аз пайи кадом касбу пеша, куҷо хонданӣ меравад ва ё хизмати аскарӣ. Аз ҳамсинфон чанд нафар озими донишгоҳу донишкадаҳои Самарқанд, Пайвандро низ ташвиқ ба ҳамроҳӣ доштанд, лекин ӯ аз раъяш гаштанӣ набуд, мегуфт журналист шуданӣ асту Душанбе меравад. Падар аз азми писар кайҳо огоҳ буд, дар дил таҳсинаш мехонд, ки писар дар қавлаш устувор аст. Чун хаткашон, аз номафиристониҳои писар унвони нашрияҳои «Ҳақиқати Ӯзбекистон»(ҳоло «Овози тоҷик»), «Пионери Тоҷикистон»-у «Машъал» огоҳ буду хабару мақолаҳои чопшудаи ӯро пештар аз дигарон мехонд. Ба ҳар ҳол, рӯзе пас аз шомхӯрӣ, дар ҳалқаи фарзандон, барои озмуд буд магар, сӯйи Пайванд гуфт:
– Беҳтар намешавад, ки ҳамроҳи ҳамсинфон ба Самарқанд хонданӣ равӣ, мактабҳои олии он ҷо ҳам факултети забон ва адабиёти тоҷик доранд, роҳаш ҳам наздиктар аст, Самарқанд маркази фарҳангӣ аст, навис-нависро дар он ҷо ҳам ёд мегирӣ, баъди донишгоҳ метавонӣ ба Тошканд, ба «Ҳақиқати Ӯзбекистон», назди Ҷонибек ба кор равӣ, Ҷонибек дар ҳар дидор такрор мекунад, ки «аз Улашбой умеди зиёд дорем, қаламкаши хуб аст».
–Дуруст мегӯед, додо, лекин ҳоло Душанбе пойтахт аст, дар пойтахт таҳсили касбу илм кардан беҳтар нест магар?– ба саволи падар саволомез гуфт Пайванд.– Дигар ваъдаи ба ҷӯраҳои душанбегӣ додаатонро фаромӯш кардед магар?
Амаки Гулмурод лабханде карду сар ҷунбонд:
– Ҳа, ҳа, албатта.
Модар ва додару хоҳарон ба маънои ин муколама дуруст сарфаҳм нарафтанд, вале падарро ваъдаи 13-14 сол пештар ба «ҷӯраҳои душанбегӣ» додааш ба ёд омад.
Охири солҳои 50-ум муҳаққиқони фолклоршинос Баҳром Шермуҳаммад, Рӯзӣ Аҳмад, Фарруха Зеҳниева, Маҳвашхон Ҳодизода аз Душанбе ба деҳоти тоҷикнишини Форишу Нурато омада, тӯли чанд моҳ аз мӯйсафедон намунаҳои эҷодиёти даҳонии мардумро ҷамъоварӣ карданд. Азбаски Ӯхм дар миёнароҳи рустоҳои тоҷикнишин мавқеъ гирифтааст, амаки Гулмурод ба хотири осонии рафту омад ва бароҳатии буду бош, меҳмонхона ва як хонаи ҳавлии дарунро ба ихтиёри ҳайати фолклоршиносон вогузошт.
Амаки Гулмурод фурсат ёфта, аксаран шомгоҳон, аз таассуроти меҳмонон мепурсид, ба пурсишҳои пайдошудаи муҳаққиқон посух медод, худ донандаи хуби таъриху фарҳанги диёр, ки буд, қиссаву ривоят, байту ҳикматҳои ҷолиб мегуфту нақл мекард.
Амаки Гулмурод марди соҳиблафз буд, дар ҳақиқат, то дами вопасини умр бо «ҷӯраҳои душанбегиаш» алоқаро наканд, дар арафаи ҳар иду айём тавассути мактубу телефон ҳолу аҳвол мепурсиду табрику таҳният арз медошт. Дарвоқеъ, Баҳроми Шермуҳаммад низ аз рафти сафару дидорбиниҳо ба Самарқанду атрофи он, сари роҳ ба дидори амаки Гулмурод мешитофт.
Амаки Гулмурод ниҳоят, тобистони соли 1973, номаи камол ва дигар ҳуҷҷатҳои Улашбойро ҷузбандӣ карда, ҳамроҳи писар ба Душанбе омад. Ҳафтае аз дидори «ҷӯраҳои душанбегиаш» баҳраманд гардид, ба писари довталаби донишҷӯяш дар кӯчаи Чехов иҷорахонае ёфтаву дуои кушоиши кор дода, ба деҳа баргашт.
Дар азми худҷӯйиву худшиносӣ
Пайванд чор имтиҳони дохилшавиро бо баҳои «4» супорида, ба сафи донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон пайваст. Ин гӯё як сатри хушк аз ҳолномаи ӯст, вале дар асл моломоли ташвишу ҳаяҷон, умедвориву дудилагиҳоест, ки даҳ соли пурорзуи мактабиро бо марҳилаи бачагию наврасӣ гӯё ҷамъбаст карда, ба марҳилаҳои нави умри одамӣ – навҷавониву ҷавонӣ навбат медиҳад.
Дар соли аввали таҳсил мо як гурӯҳ донишҷӯён, Пайванд ва чанд тан аз ёрони ӯро ба сифати донишҷӯёни серҳаракати ташаббускор, собитқадаму толибилм шинохтаву ба онҳо пайравӣ мекардем. Гӯё инро пай бурда бошанд, яке аз рӯзҳои охири сентябр Пайванд ва ҳамдарсонаш Олимҷон Салимзода, Отамуроди Бекмурод, Бобоҷон Икромов ва Обидҷон Шукурзода, ки ангуштнамои факултет буданд, ману шарикдарсони ҳамнишинам Назар Одинаев, Латиф Ҳадяев, Абдуманнон Маллаев ва Умариддин Холовро дар чойхонаи бозори «Шоҳмансур» меҳмондорӣ карда, ба қавлашон дарси кушоди «рафтору гуфтор, муоширату муносибати донишҷӯӣ» гузаштанд.
Мо то донишгоҳро хатм кардани онҳо то куҷо пайравашон шудем, қазоват аз дигарҳост, вале охирҳои моҳи апрели соли 1980, Пайванди аспирант ва мани донишҷӯи соли охир, ҳамчун ғолибони конфронси илмии донишгоҳ ба конфронси умумииттифоқии илмии аспирантон ва донишҷӯён ба шаҳри Киев роҳхат гирифтем ва бо пофишориҳои устоди шодравон Воҳид Асрорӣ сафари хизматии панҷрӯза насибамон гардид, баъди бозгашт аз сафар, Пайванд дар ҳузури Олимҷону Отамурод, ки дар рӯзномаҳои «Тоҷикистони Советӣ» ва «Комсомоли Тоҷикистон» кор мекарданд, аз таассуроти сафар нақл кардаву бо ишора ба банда, бо оҳанги виқору қаноатмандӣ гуфт: «Дар панҷумкурсиаш Киевро тасхир кард, насиҳатҳои мо барҳадар нарафта будааст».
Дар ҳалқаи устодон
Меҳру эҳтиром ва қадршиносиву гиромидошти ёди устодон Воҳид Асрорӣ, Расул Ҳодизода, Муҳаммадҷони Шакурӣ, Баҳроми Шермуҳаммад ва Баҳром Фирӯз аз ҷониби Пайванди Гулмуродзода метавонад як намунаи олии муносибати устодиву шогирдӣ, робитаву қадршиносии самимонаи тарафайн ба мисли падари маънавию фарзанд буду бошад.
Аз ин хислати ибратбахши Пайванд низ гуфтаанд, бинобар ин, дар мисоли муносибати шогирдии ӯ бо устод Асрорӣ бо чанд ишора иктифо намуданием.
Аслан, пас аз ду соли хатми донишгоҳ, аз журналистикаи амалӣ ба таҳқиқоти касбӣ баргаштани Пайванди Гулмуродзодаро маслиҳату дархости боисрори профессор Воҳид Асрорӣ сабаб гардида буд ва маҳсули пажӯҳиши илмии аспирант Гулмуродзода доир ба масъалаҳои таърих ва ташаккули матбуоти шӯравии тоҷик, дифои рисолаи номзадӣ дар ҳузури донишмандони Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов гардид.
Роҳнамоии устод Асрорӣ Гулмуродзодаи муҳаққиқро ба дунёи пажӯҳишу тадриси журналистика ворид сохт ва устоду шогирд аввал дар шуъба ва минбаъд дар факултети таъсисёфтаи журналистикаи ДМТ, паҳлӯи ҳам буданд. Пас аз сари устод Асрорӣ, Гулмуродзода буд, ки дар баробари мунтазам ба ҷо овардани суннатҳои миллию динии ёди устод Асрорӣ, дар факултет «Ганҷинаи профессор Асрорӣ»-ро таъсис дода, бо ризояти завҷаву фарзандон, китобхонаи шахсии устодро ба ихтиёри китобхонаи факултет вогузошт. Бо кӯшишу талошҳои Гулмуродзода ва ҳамкорони ҳамақидааш дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи профессор Асрорӣ барои донишҷӯёни факултет ва шуъбаҳои журналистикаи муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ таъсис ёфта, ҳамасола ба ғолибони озмуни ҳамном тақдим мегардад.
Қироншоҳ ШАРИФЗОДА,
рӯзноманигор.