«ПАЛАТАИ КУНҶАКӢ» – РОМАНИ МОНДАГОР

Дар суҳбате устод Саттор Турсун гуфта буд:

– Муҳаммадиев пас аз инфаркт шудан “Палатаи кунҷакӣ”-ро навишта буданд. 
Дар ҳақиқат, ҳолати мубталошавӣ ба сактаи дил, дарди ҷонфарсои он бо қалами ҳақиқатнигоронаи устод дар асар хуб тасвир шудаанд. Роман, ки бо ҷасурона ба миён гузошта шудани масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсии замони шӯравӣ, санъати баланди сухан дили ҳаводорони каломи бадеии тоҷикро тасхир карда буд, бозёфти насри муосири тоҷик маҳсуб гардид. 
Маро солҳои бисёр нашр нагардидани асари пурмӯҳтаво, романи бо ҷуръати баланд навиштаи устод ба забони русӣ аз Маскав ба изтироб меовард. Адиби, ба таъбири устод Лоиқ, ду дидаи гирён аз марги ормонҳои халқ надошта қудрати эҷод кардани ин гуна асарро надорад. Метавон гуфт, ки асар бо хуни дил навишта шудааст. Роман дар адабиёти тоҷик насри андешаро ба вуҷуд овард, аз лиҳози сужет ва композитсия ҳам навоварона буд. Бисёр нависандагони тоҷик ба устод пайравӣ карда, асарҳои худро навиштанд. Пас барои чӣ романе, ки соли 1974 ба забони тоҷикӣ навишта шуда буд, солҳои дароз аз тариқи нашриётҳои Маскав дастраси хонандагони умумииттифоқ нагардид, бояду шояд қадршиносӣ нашуд. Фикр мекунам, азбаски романи дар ҳамон замон ҷасурона навишташуда ба зимомдорони давр намефорид, чопи русии он боздошта шуд. 
Ман маротибае ҳангоми суҳбат бо устод суол додам:
– Чаро “Палатаи кунҷакӣ” дар Маскав чоп нашуд?
Устод, ки чун дигар нависандагон худнамоӣ карданро дӯст намедоштанд, дар хусуси эҷодиёти худ кам ҳарф мезаданд, кӯтоҳакак гуфтанд:
– Чоп нашудааст. 
Ба ин суол адиб ва рӯзноманигор, мунаққиди шинохта Фотеҳ Абулло ҷавоб гуфт:
– Нафаҳманд, чӣ кор мекунед?
Нависандаи рус Сергей Баруздин дар сарсухани худ ба нашри русии китоб “Угловая палата” (мутарҷим А. Шокало) бо унвони “Слово о Фазлиддине Мухаммадиеве” («Сухан аз Фазлиддин Муҳаммадиев”) дар мавриди шабоҳат доштани романи устоди зиндаёд бо романи нависандаи гурҷӣ Нодар Думбадзе “Закон вечности” (“Қонуни абадият”) дар услуби нигориш ва муҳтаво навиштааст. Ҳамчунин таъкид кардааст, ки устод пас аз эҷоди қиссаи “Дар он дунё” аз ҳайати нависандагони барҷастаи шӯравӣ монанди Чингиз Айтматов, Виктор Астафев, Валентин Распутин ва дигарон ҷой гирифтааст. Сергей Баруздин суханони дардноки устодро ҳангоми суҳбат бо вай овардааст. Яъне устод гуфтаанд:
– Я на каждом шагу чувствую острую боль и бессилие... (“Ман дар ҳар қадам дарди ҷонкоҳ ва заифу нотавониамро эҳсос мекунам”).
Ман пиндоре дорам, ки асари устод агар сари вақт ба дасти хонандагони шӯравӣ мерасид, шуҳрати баландеро соҳиб мегардид ва сазовори ҷоизаҳо мешуд. Ҳол он ки Нодар Думбадзе романи хешро дертар навишта, шоистаи Мукофоти ленинӣ гардида буд. 
Ман нуктаеро таъкид кардан мехоҳам: адабиёти асил ҷойи кӯҳнашавӣ надорад. Масалан, асарҳои Лев Толстой дар замони подшоҳии рус табъу нашр гардидаанд, асари Мигел де-Сервантес дар айёми феодалӣ навишта шудааст. Имрӯз дар ҷаҳон асарҳои ин ду адибро бо шавқ мутолиа мекунанд. 
Романи устод Фазлиддин Муҳаммадиев низ яке аз асарҳои мондагор аст...

Ӯктам ИБРОҲИМ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: