Палатаи поёнии парлумони Фаронса – Ассамблеяи Миллӣ Муоҳидаи байниҳукуматиро бо Ӯзбекистон дар бораи мусофир ва боркашонии байналхалқӣ аз тариқи нақлиёти автомобилӣ тасдиқ кард.
Бинобар хабари сафоратхонаи Ӯзбекистон ҳуҷҷат тартиб ва шарти татбиқ намудани мусофир ва боркашонии бақайдгирифташударо аз тариқи автомобил дар байни ду мамлакат ва транзити онҳо бинобар ҳудуди ин мамлакатҳо, ҳамчунин аз тариқи кишварҳои сеюм мушаххас менамояд. Табодули ҳарсолаи миқдори аз ҷониби тарафайн мувофиқшудаи бланкаҳои рухсатӣ барои амалӣ намудани боркашониҳои байналхалқӣ пешбинӣ мегардад.
Ин муоҳидаи байниҳукуматӣ дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Фаронса, ки 8-9 октябри соли 2018-ум ба амал омада буд, ба имзо расид. Ҷониби Ӯзбекистон аллакай тартиботи дохилиеро, ки барои амалӣ гардидани Муоҳида зарур мебошанд, анҷом дод. Солҳои охир муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ муттасил вусъат меёбанд, ки рушди минбаъдаи соҳаи нақлиёту логистикаро тақозо менамояд, ба имзо расидани ҳуҷҷати мазкур ба ин амалиёт мусоидат мекунад.
Пешбинӣ мегардад, ки рӯзҳои наздик муоҳидаи зикршудаи байниҳукуматӣ аз ҷониби палатаи болоии парлумон – Сенати Фаронса тасдиқ мешавад.
Ҳуҷҷат баъд аз 30 рӯзи гирифтани нота – хабарномаи ҷониби Фаронса бобати анҷом ёфтани тартиботи дохилидавлатӣ эътибор пайдо мекунад.
АИ «Дунё»,
шаҳри Париж.