«ПАНДЕМИЯ ӮЗБЕКИСТОНРО БОЗДОШТА НАТАВОНИСТ: МО ТАВОНИСТЕМ БО ЧОРАҲОИ ЗАРУРИИ АМНИЯТӢ ИСТЕҲСОЛОТ ВА СОДИРОТРО ЗУД БАРҚАРОР КУНЕМ»

Муовини Сарвазири Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов ба саволҳои рӯзномаи «Corriere della Sera» (Италия) посух дод

Муовини Сарвазири Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов ба саволҳои рӯзномаи «Corriere della Sera» (Италия) посух дод
Дар яке аз рӯзномаҳои маъруфи итолиёвӣ «Corriere della Sera» мақолаи муфассали рӯзноманигор Фариан Сабоҳиро бо номи «Ӯзбекистон, байни COVID ва рушди иқтисодӣ» нашр шуд. Муаллиф бо муовини Сарвазир, вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов мусоҳиба кардааст.
Дар зер АИ «Дунё» матни пурраи мақоларо пешниҳод мекунад:
“Пандемия Ӯзбекистонро боздошта натавонист: мо тавонистем бо чораҳои зарурии амниятӣ истеҳсолот ва содиротро зуд барқарор кунем. Вазорати молия барои мубориза бо вирус, дастгирии аҳолӣ ва тиҷорат Фонди зиддибӯҳрониро ба миқдори тақрибан 950 миллион евро таъсис дод. Ҳамзамон, силсилаи чорабиниҳо оид ба расондани кӯмак ба тиҷорат ба маблағи 4 миллиард евро қабул карда шуданд”.
Муовини Сарвазир, Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ Сардор Умурзоқов тавзеҳ медиҳад, ки Ӯзбекистон бо пандемия чӣ гуна мубориза мебарад.
— Шумо барои пешгирии вирус чӣ тадбирҳо андешидед?
— Мо беморхонаҳои навро ба истифода дода, минтақаҳои махсуси карантинӣ сохтем. Табобати беморон ба таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, аз ҷумла тавассути иштироки мутахассисони хориҷӣ асос ёфтааст. Ӯзбекистон ба дигар кишварҳо, аз ҷумла ба Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин, Русия ва Маҷористон кӯмак расонд. Дар муқоиса бо соли 2019 дар семоҳаи аввали соли 2020 ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо ҳамсоягон коҳиш наёфтанд. Дар Осиёи Марказӣ фазои ҳамсоягии нек ҳукмфармост, ки барои рафъи пандемия ниҳоят муҳим аст.
—  Ӯзбекистони имрӯза аз гузашта чӣ фарқ дорад?
— Ин як кишвари рӯ ба афзоиш буда, ислоҳоти оғозёфта бебозгашт аст. Дар соли 2019 ҳаҷми сармояи мустақими хориҷӣ 4,2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод ва ҳамин тариқ, дар муқоиса бо соли 2018, 3,7 маротиба афзоиш ёфт. Ҳиссаи сармоягузорӣ дар ММД ба 37 фоиз расид. Рушди иқтисодӣ 5,6 фоизро ташкил дод: истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 6,6 фоиз, содирот 28 фоиз, захираҳои тилло ва асъор 2,2 миллиард доллар афзуда, 28,6 миллиард долларро ташкил доданд.
— Мақсадҳои вазорати шумо чӣ гунаанд?
— Мо сармояҳои хориҷӣ, технологияҳои пешрафта ва «ноу-хау»-ро ҷалб карда, робитаҳои корӣ барқарор мекунем ва ҳамкориҳоро бо институтҳои байналмилалии молиявӣ ва созмонҳои давлатии молиявии хориҷӣ васеъ менамоем. Вазифаҳои афзалиятнок фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва пайвастан ба Созмони умумиҷаҳонии савдо мебошанд.
— Дар Ӯзбекистон чанд ширкати итолиёӣ ҳузур доранд?
— 53 ширкат фаъолият мекунад, ки 13-тои он соли 2019 таъсис дода шудааст. Онҳо дар соҳаҳои истеҳсолот ва хидматрасонӣ кор мекунанд. Умедворем, ки ҳамкории бо «Конфиндустрия» оғозёфта ва таъсиси «Конфиндустрияи нав дар Ӯзбекистон» ба афзоиши таваҷҷӯҳ мусоидат хоҳад кард. Мо мулоқоти конструктивиро бо Вазири корҳои хориҷӣ Ди Майо ва Президент Ломбардия  Аттилио Фонтана, ки соли 2019 ба Ӯзбекистон ташриф оварда буд, дастгирӣ менамоем.
«Текинт» ва «Даниэли» ба рушди истеҳсоли шишаи автомобилсозӣ ва металлургия саҳми калон гузоштанд. Дар Тошканд бо иштироки «Пьетро Фьорентини» корхонаи ҳисобкунакҳои электронии газ ба истифода дода шуд. Ширкатҳое ҳастанд, ки ба ҳамкорӣ дар соҳаи дастгоҳҳои фотоэлектрикӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Табодули таҷриба дар соҳаи агротуризм манфиати имконпазир дорад. Мо дар Италия мошинҳо ва таҷҳизотро барои саноати нафт, рехтагарии пӯлод, бофандагӣ ва меваю сабзавот мехарем. Мо ба Италия интиқол додани матоъ, чарм, мева ва сабзавоти Ӯзбекистонро афзун мегардонем. Мо дар мубодилаи минбаъдаи тиҷоратӣ динамикаи мусбатро интизорем ва мо имкон дорем, ки муносибатҳои ҳамкории саноатиро барқарор кунем.
—  Шумо барои ҷалби ширкатҳои хориҷӣ чӣ ташаббусҳо нишон додаед?
— Мо барои фаъолиятҳои саноатӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ 21 минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис додем, ки дар он ҷо инфрасохторро таъмин мекунем ва резидентҳо аз 3 то 10 сол аз андоз ва боҷ озоданд. Мавқеи мусоиди Ӯзбекистон ва созишнома дар бораи тиҷорати озод бо кишварҳои ИДМ содироти бебоҷро ба бозори дорои тақрибан 300 миллион нафар аҳолӣ ва инчунин Афғонистон кафолат медиҳад.
— Президент Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ дар парлумон ба ақибмонӣ дар низоми бонкӣ таъкид кард: шумо  инро чӣ гуна паси сар намуданиед?
— Мо бояд бонкҳоро ба хидмати муштариён гузорем, сектори анъанавии давлатиро, ки рақобатро намедонанд, хусусӣ кунем ва мутахассисони хориҷиро ҷалб намоем. Мо омодаем бо бонкҳои Италия ва фондҳои сармоягузорӣ ҳамкорӣ кунем. Саҳми БТРА, МФК ва дигар ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ аҳамияти бузург доранд.
— «Раводиди абрешим» чист?
— Имрӯз шаҳрвандони 86 кишвар метавонанд ба Ӯзбекистон бидуни раводид ворид шаванд. Бекор шудани раводиди вуруд гардиши сайёҳони итолиёвиро дучанд кард. «Раводиди абрешим» имкон медод, ки сайёҳат ба Осиёи Марказӣ, ба минтақаи фарҳанг, урфу одат ва забонҳояшон муштарак, ки то ибтидои асри 20 сарҳад вуҷуд надошт, беҳтар ташкил карда шавад. Барои кор кардани он, мо бояд дар масъалаҳои ташкилӣ ва техникӣ ба мувофиқа расем.

АИ «Дунё»,
РИМ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: