ПАНДИ ПАДАР

(Очерк)

Давлати ноёб ҳастед, эй падар,
Дастури одоб ҳастед, эй падар.
Ҳарфатон дилро ба дил пайваст боз,
Ҷавҳари ноёб ҳастед, эй падар.
Аҳволи сарвари оила Ҳабиб Мардонов якбора бад шуд. Табибон барои ҳаёти ӯ хеле талош варзиданд, аммо кӯшиши онҳо барабас рафт. Ҳабиб Мардонов марди фурӯтани меҳнатӣ ва ташнаи илму ирфон буд, ки ҳатто дар дами марг, ба ҳамсараш Саломат мегуфт:
– Чароғи дониш барафрӯзад, нури ӯ ҳеҷ кам нашавад. Шоире навиштааст:
Ҷумла торикист ин меҳнатсарой,
Илм дар вай чун чароғи раҳнамой.
Ногоҳ нигоҳи сарвари оила ба кенҷаписари ҳафтсола – Баҳриддини чеҳрааш гирифта афтоду суханашро идома дод:
– Ту, шери додо, хонда муаллими зӯр шав. 
Ин насиҳати вопасини сарвари оила буд. Кенҷаписари музтару ҳайратзада чизе нагуфт. Ба падараш ҷафстар шуда, хомӯшу мутаҳаййир бо чеҳраи гирифта сӯяш дида дӯхт.
Пас аз чанд лаҳза қиблагоҳаш чашм аз олами ҳастӣ пӯшид. 
Акнун бечора модар бештар бо меҳнат машғул мегашт, ки ҳашт нафар  аз ҳеч чиз камӣ набинанд ва ятимии худро пай набаранд.
Баҳриддин ба мактаб рафт. Модараш борҳо васияти ҳамсарашро ба кенҷаписар ёдоварӣ карда, ӯро ба хондан ва ҳунар омӯхтан даъват менамуд. Баҳриддин аз бачагӣ бо кӯшишу ғайрат ҳайрати ӯро меафзуд.
Солҳои 70-80-уми асри гузашта. Он айём қариб дар ҳар як хонадон нуқтаи радиои симин вуҷуд дошт, ки мардуми деҳот тавассути он аз хабарҳои охирини кишвар ва ҷаҳон огоҳӣ ёфта, аз суруду мусиқӣ ғизои маънавӣ мегирифтанд. Шояд аз ҳамин сабаб радио ҳамрозу ҳамдили Саломат низ буд. Аммо нуқтаи радиои  Саломат дар айвон буд. Боре аҳли оила дар атрофи дасторхон ҷамъ омада хӯрок мехӯрданд, ки Саломат дар омади гап гуфт, ки агар дар ошхона ҳам нуқтаи радио мебуд, роҳат карда хӯрок мепухт.
Вай рӯзи дигар аз бозор омаду ба ошхона ворид гашт, ки овози сухангӯ танинандоз буд. Саломат ба айвон барояд, он ҷо ҳам радио «гап мезад». Ҳатто дар хонаи хоб низ нуқтаи радио вуҷуд дошт. Табъи модар болида гашт. Ҳамин вақт як-як фарзандон аз мактабу донишгоҳ омаданд. Ин навид зуд паҳн гардид.
– Очаҷон, ин кори Баҳриддин, – хулоса кард духтари калонӣ Маърифат. – Вай дар мактаб ҳам муҳандиси навовар шудааст.
– Акояш Фахриддин барин муҳандис шавад-а, – завқ карда хандид модар, – орзуро айб нест.
Воқеан Баҳриддин дар мактаби миёна таҳсил мегирифту аллакай дар деҳаи Хаймар ҳамчун устои таҷҳизоти асбобҳои рӯзгор ном бароварда буд, мардуми атроф уту, радио, чойҷӯшонак, яхдон ва дигар асбобҳои носозро меоварданд ва ӯ таъмир мекард. Як-ду сӯми «ҳаққи хидмат» барои обуна ба маҷаллаҳои «Юний техник», «Наука и жизнь», «Машъал» ва китобу рӯзномаҳо сарф мешуд. Соли 1985 мактаби миёнаи рақами 95-уми (ҳоло рақами 12) ба номи  Мирзо Турсунзодаро бо медали тилло хатм карду ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи  қаршигии Донишкадаи ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошканд супорид. Вале аз имтиҳони қабул нагузашт.
– Укоҷон, «Ҳар кор ҳикмате дорад» гуфтаанд, – тасаллои дил бахшид бародараш Фаррухҷон (Худо раҳмат кунад!). Ҳоло фурсат ҳаст, ки бахти худро дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд санҷӣ. Омад ёр шавад, ба шуъбаи шабонаи факултаи физика дохил мешавӣ, касби муаллимӣ – зӯр. Шояд насиҳати падарамро дар хотир дошта бошӣ. Дар дунё панди «падар розӣ – Худо розӣ» ҳам ҳаст.
Баҳриддин номи донишҷӯйро гирифт. Аз ин навид собиқ директори мактаби рақами 8-уми ноҳия Нисо Усмонова хабардор шуду шогирдашро наздаш хонд ва гуфт, ки дар мактаб штати ташхисии кабинети физика холӣ аст ва ӯро ба ин вазифа қабул мекунад. Дониши назариявиро ба амалия пайвастан аз фоида холӣ нест.
Ҳамин тавр фаъолияти меҳнатии Баҳриддин оғоз ёфт. Кабинети физика барои ӯ на танҳо ҷойи кор, макони таҷрибагузаронӣ низ буд. 
Баҳриддин аз устодони соҳибтаҷриба О.Пӯлодов, Ш.Бурҳонов, Н.Аслидинов, З.Ҷумъаева асрори дарс ва дар байни толибилмон маҳбубият пайдо карданро омӯхт. Акнун ба ҷараёни мактаб дохил шуда буд, ки ӯро ба хидмати ҳарбӣ даъват карданд. Соли 1988 ба мактаб баргашта, дар донишгоҳ низ таҳсилро идома дод. Модари ғамхораш кӯшиш мекард, ки кенҷаписар низ чун ҳафт нафар хоҳарону додарон соҳиби маълумоти олӣ гардад. Дафъае модари меҳрубон дар танӯр нон мепухт. Баҳриддин ба майда кардани ҳезум пардохт.
– О, ғамхори оча, – Саломат табарро аз дасти ӯ гирифт. – Вазифаи ту хондан аст. Оё васияти падарро фаромӯш кардӣ?! Имрӯз имтиҳон дорӣ.
Баҳриддин аввал модарро ба оғӯш гирифту сипас ба донишгоҳ рафт ва он рӯз аз имтиҳон баҳои «аъло» гирифт, ки аз ин навид хурсандии волидаи мукаррама интиҳо надошт.
– Баҳриддин, хоксории барзиёд низ манманӣ аст. Ҳамин рӯз ҳамроҳ ба мактаби рақами 34-уми деҳаи Чоршанбе меравем ва шуморо директор таъин мекунем, – гуфт собиқ мудири таълими халқ Мусаввара Ҷумъаева (Илоҳо, ҷояш дар ҷаннат шавад!).
Дар тӯли ҳафт сол мактаб дар ноҳияву вилоят ба сифати яке аз беҳтарин таълимгоҳҳо эътироф гардид. Вай ҷонишини мудири шуъбаи таълими халқ таъин гардид. Ду соли охир бошад, мудир аст.
Баҳриддин ба маънои том инсони хоксору дилёб аст. Дар лаҳзаҳои хурсандӣ ва нохуши зиндагӣ дигар нахоҳад шуд. Вай ҳамеша аз зери айнак ба атрофиён бо меҳр нигариста, ниҳоят хушрафтору хушгуфтор аст. Иди касбии омӯзгорон фаро расиду дар ҳузури ӯ шудем. Мулоқоти мо боз доир ба масъалаи таълиму тарбия ҷараён гирифт.
– 23-юми август бахшида ба масъалаҳои инкишофи низоми маорифи халқ, такмили ихтисоси муаллимон ва обрӯйи онҳо дар ҷамъият, тарбияи маънавиву ахлоқии насли наврас ҷамъомади видеоселектории Президент баргузор гардид, – гуфт Баҳриддин Ҳабибович. – Боиси хурсандист, ки ба масъалаҳои тарбияи кадрҳои замонавии равшанфикр, ташаббускор, навовар, ватанпарвар эътибори алоҳида дода мешавад. Ҳоло дар ноҳия 55 муассисаи таълимӣ фаъолият бурда, дар онҳо қариб 40 ҳазор писару духтарон сабақ мегиранд. Ду ҳазору 548 нафар педагогҳо аз фанҳои гуногун дарс медиҳанд, ки 91 фоизи онҳо соҳиби маълумоти олӣ ҳастанд. Таълим ба забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ буда, имсол 4 ҳазору 461 нафар ба остонаи мактаб қадам гузоштанд. Дар муассисаҳои тоҷикӣ 6 ҳазору 327 нафар таҳсил мегиранд. Дар омади гап таъкид кардан ҷоиз аст, ки дар ҷумҳурӣ бобати рағбатноксозии муаллимон низ кори зиёд бурда мешавад. Дар 3 соли охир ҳаҷми музди меҳнати муаллимон ба ҳисоби миёна 2,5 маротиба зиёд карда шуд, ки  дар натиҷа шумораи омӯзгорон аз ҷумлаи мардҳо афзуд. 
Баҳриддин Ҳабибович лаҳзае хомӯш монд.
Ҳамин вақт як гурӯҳ ҳамкасбонаш узр пурсида, ба утоқи кории ӯ ворид гаштанд ва бо гулдастаҳои тару тоза бо иди касбӣ табрик гуфтанд. 

Собири БУРҲОН,
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Ноҳияи САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: