ПАНДИ ПАДАР ШОҲБАЙТИ ЗИНДАГӢ МЕКУНАМ

Чанде пеш мо, як гурӯҳ дӯстон барои аёдати собиқадори хидмати бехатарӣ, ҷанговари байналмилал Эсан Ҳасанов ба шифохонаи вилоятӣ рафта будем.

Чанде пеш мо, як гурӯҳ дӯстон барои аёдати собиқадори хидмати бехатарӣ, ҷанговари байналмилал Эсан Ҳасанов ба шифохонаи вилоятӣ рафта будем. Ин ҷо бояд тазаккур диҳам, ки номбурда бинобар ихтисосаш математик, яъне риёзидон бошад ҳам, дар ҳар вохӯриву мулоқот, албатта, ба маврид аз бузургон байте мегӯяд. Ин дафъа низ пас аз салому алейк қироат кард:
Худовандо, бо лутфи хеш гӯё кун 
забонамро,
Миёни ҷаннатулмаъво муяссар кун 
маконамро.
Ҳарчанд мо тасаллӣ додем, шифо ёфта, боз ба оғӯши оилаву дӯстон баргаштанашро гуфтем, вай ба резаборони паси тиреза ишораткунон гуфт:
Осмон низ, ки  гаҳ хандаду гаҳ 
гиряд зор,
Дар ғаму шодӣ аз он аст, 
ки ҳамдарди ман аст...
Сад дареғ, ки рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта ин марди соҳибмаърифату маънавият чашм аз олами ҳастӣ пӯшид.
Ҳамсангари мо Эсан Ҳасанович соли 1953 дар деҳаи хушҳавои Синтаби ноҳияи Нурато таваллуд шуд. Дар мактаби миёнаи рақами 38-уми зодгоҳ таълим гирифт. Баъди номаи камол гирифтан ба факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳуҷҷат супурд. Аммо барои сазовори номи донишҷӯ шудан чанд хол нарасид. Пас аз хидмати ҳарбӣ як сол дар курси тайёрӣ сабақ гирифт ва соли 1979 орзуяш ҷомаи амал пӯшид. Аз устодони меҳрубон Асад Амонов, Шаҳоб Шарофов, Маъруф Исроилов, Хайрулло Нарзуллоев ва дигарон сабақ омӯхт. Баъди ба даст гирифтани диплом ҷавони варзишгар, забондон ва дар корҳои ҷамоатӣ фаъолро барои кор ба идораи Кумитаи амнияти давлатӣ тавсия карданд. Эсан Ҳасанович  тӯли 25 сол дар вилоятҳои Самарқанд, Ҷиззах, Навоӣ ва Қашқадарё дар вазифаҳои гуногуни соҳа кор карда, ба нафақа баромад. Ҳамчунин дар Афғонистон ҳамчун ҷанговари байналмилал ду дафъа вазифаи басо душвору пурмасъулиятро дар ӯҳда дошт. Барои ҷасорат, далерӣ, шуҷоат ва хидматҳои арзандааш бо орден ва медалҳо мукофотонида шуд.
Ҷанговарони байналмилали Самарқанд ӯро раиси худ интихоб карданд. Ӯ дар ин вазифаи ҷамъиятӣ ҳафт сол хидмат намуд. Бобати дар рӯҳи ватанпарварӣ тарбия кардани насли наврас саҳми арзанда гузошт.
Бо ҳамсари вафодораш Мубарро Ҳасанова чор нафар фарзандро созгору сазовори замон таълиму тарбия кард. Беш аз даҳ нафар набераҳояш ворисони муносиби ин сулолаи номдор ҳастанд.
– Бо амри тақдир мо ҳамсангар будем, – гуфт раиси ҷанговарони байналмилали вилоят Эркин Мавлонӣ. – Шодравон дар ҳама масъалаҳо маслиҳатгари мо буд, дар тадбирҳо фаъол иштирок мекард. Дар идораи мо як гӯшаи махсус аз роҳи ҳаёти ӯ ҳикоя мекунад. Дар нишасту вохӯриҳо ин байт ҳамеша вирди забонаш буд:
Агарчи гуфтаҳои мо дурушт аст,
Дуруштиҳои мо аксар дуруст аст.
– Мо бо Эсан Ҳасанович ҳамкор будем, – мегӯяд собиқадори меҳнат Ҷаъфар Рафиқов, – вай инсони хоксор, росткор ва вазифашинос буд, ба қадри инсон мерасид. Бо далерӣ, ҳимматбаландӣ ва саховатпешагӣ лоиқи ҳурмату эҳтиром буд.

Юсуф АБДУЛЛО, 
профессор, 
собиқадори ҷанги афғон.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
рӯзноманигор. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: