Ночор бояд зикр намоем, ки алъон дунёи куҳан ба дарди ҷонсӯзи наве бо номи “коронавирус” гирифтор шудааст, ки монандашро падару бобоёнамон ёд надоранд.
Таърих аз чунин воқеа огоҳ нест. Волидайни мо дар замони худ аз вабову ҷанги ҷаҳонӣ ғолиб берун омада буданд. Имрӯз майдони мубориза ҷойгоҳи мо – фарзандони ҳамон музаффарон аст.
Дар баҳори имсола якҷо бо сабзаву гул ва дигар зебоиҳои “арӯси сол” ин иллат “меҳмон”-и диёри сарсабзи мо гардид. Манбааш куҷост? Ба ин ва чанд саволи дигар ҳоло ҷавоби дақиқе надорем ва он чандон муҳим ҳам несту бо гузашти айём рӯшан хоҳад шуд.
Саломатӣ барои ҳар шахс фарз аст. Мо – бандагон вазифадор ҳастем, ки ин амонати Худоро ҳифз намоем, яъне аз пайи ҳифзи ҷони хеш бошем ва бо мадади Аллоҳи таоло дар муҳориба бо ин маризии ҷонсӯз, иншоаллоҳ, зафар ёбем. Имрӯз чархи гардун ин имтиҳони гаронро ба дӯшамон афкандааст. Хурду калон ва дорову нодор дар пеши он яканд. Бубинед, ки ин вабои аср қисмати зиёди фарзандонамонро, ки бо ҳар сабаб дур аз ватан буданд, бо зудӣ назди қавму авлодонашон расонид. Яъне чархи гардун моро якҷо менамояд, ки қавитар гардем ва тоби муборизаро дошта бошем.
Мо бояд насли одамро амон нигаҳ дорем. Аммо ин кори оддӣ нест. Имрӯзҳо ҳамагон, ҳар кадоме лоиқи қудрати худ, бо ин “душмани ноаёни одамӣ” меҷанганд. Ташкилотҳои дахлдори байналхалқӣ, роҳбарони давлату ҳукуматҳо, мутахассисон, арбобону донишмандон ҳамаи чораҳоро дида истодаанд. Дунё, он дунёе, ки ба пораҳо тақсим буд, имрӯз як дард дорад.
Дар ин майдони ҳарбу зарб мавқею мақоми ҳар шахс муайян аст, аммо ғалаба фақат ва фақат якҷо ба даст хоҳад омад.
Дар ин лаҳзаҳо мисраъҳои маъруфу машҳури Шайх Саъдӣ ба ёд мерасанд:
Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як
гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ту к-аз меҳнати
дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат
ниҳанд одамӣ.
Мову шумо гувоҳи онем, ки тараққиёти ҷамъият дар бисёр маврид аз мо вобаста нест ва гоҳо дар пеши ҷӯшу хурӯши табиати саркаш ночорем.
Роҳи наҷот аз мушкилиҳои имрӯза дар покиву якдилист, дар муҳаббат аст. Якдилӣ ба маънои якдилии халқ дар муборизаи беамон бар зидди ин офат. Одамон ҳар ҷо барои набард бо ин дарди ҷонсӯз ҳар навъ шароит доранд ё надоранд. Фақат ҳамбастагӣ, бародарӣ онҳоро наҷот хоҳад дод. Бояд ба нишондодҳои пешвоён ва мутахассисону олимон амал намоем. Атрофиёни худро дӯст дорем. Аз муҳаббат натарсем, зеро он фақат муҳаббат бор меораду бас. Дар роҳи нек ва дастгирии дигарон кӯшиш ба харҷ диҳем. Хато дар ин ҷода набахшиданист ва дар бисёр маврид ба баҳои ҷон аст.
Имрӯз вазъият бисёр ҳассос аст. Дар назди мардум нафақат масъалаи наҷоти саломатии шахс, балки мушкилоти бехатарии миллӣ, амонии дунё гузошта шудааст. Вақте фаро расидааст, ки кас ба хотири ҳимояи худ ва ҷамъият бояд баъзе чораҳои муваққатии эҳтиётиро андешад. Аз ҷумла: вазифаҳои шаҳрвандии худро пурра адо созад; бадани худро пок нигаҳ дорад; дар хона биншинаду дар қатори дигар машғулиятҳо худро аз канор наззора ва ислоҳ намояд; ба тарафи сифатҳои аслии инсонӣ руҷӯъ кунад; аз таҷрибаи дунявӣ баҳраманд гардад; хайрхоҳу мададгори муҳтоҷон бошад; диққату муҳаббати худро ба аҳли оила дареғ надорад; муҳаббати хонаводагиро аз нав тоза созад ва онро азизу муътабар нигоҳ дорад; ширинию нотакрории наслро эҳсос намояд; дарк намояд, ки тарбияи фарзанд, ки натиҷаи умри инсон мебошад, вазифаи муқаддаси падару модар аст. Вақте расид, ки гармии кулбаи хешро зиёдтар эҳсос намоем ва муҳаббати оилавӣ ба мо дар мубориза дучанд қудрат бахшад, аз нопокиҳо, аз амалҳои ношоиста хоки диёрамон, дунёро пок созем.
Алҳол, роҳбарони ҷумҳуриямон ҳамаи чораҳои лозимиро мебинанд ва новобаста ба мушкилоти зиёди ба ин муносибат бамиёномада, сиҳҳатии одамон – шаҳрвандонро дар мадди аввал мегузоранд. Ин боиси ифтихори мост.
Биёед, пок ва некӯхоҳи фарзанди одам бошем. Фақат нони ҳалол дар дастархони мо бошад. Ҳар як офаридаи Парвардигорро эҳтиром намоем ва умеди онро дар дил парварем, ки ин ҷода моро ба ғалаба меорад.
Ин рӯзҳои пурташвиш ҳам мегузаранд. Ин инқироз, бешубҳа, муносибатҳои ҷамъиятиро тағйир хоҳад дод ва албатта боиси ҷаҳише дар тараққиёти иқтисодии ҷамъият ва тафаккури одамон хоҳад шуд.
Ҳамчун фарзанди асили ин диёр мо бояд ба маҳдудиятҳои ба хотири ҳифзи сиҳҳатиамон қабулнамудаи ҳукуматамон бо қатъият риоя намоем. Бо сабру шукрона мушкилиҳоро паси сар карда, умеди даврони некро дар дил парварем.
Наҷмиддин РАШИДОВ,
шаҳри Тирмиз.