ПАНҶ СОЛИ БОШУКӮҲ

  • ПАНҶ СОЛИ БОШУКӮҲ
  • ПАНҶ СОЛИ БОШУКӮҲ

ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ЧИРЧИҚ ПАНҶСОЛА ШУД

Ба ҳамагон аён аст, ки соли 2017 дар шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканд Донишкадаи давлатии омӯзгорӣ таъсис дода шуд. Дар ибтидо, донишкада дар ҳаҷми се-чор факулта бо теъдоди ками омӯзгорон ва донишомӯзон фаъолияти худро сар карда буд. Ногуфта намонад, ки муассисаи таълимӣ агар кори худро бо чил омӯзгору ҳаштсад нафар донишомӯз оғоз карда бошад, ҳоли ҳозир дар он зиёда аз панҷсад нафар устодон ба ҳашт ҳазор нафар шогирдон сабақ меомӯзанд. 
Ба гуфтаи проректор Б. Ҳусанов на ҳама муассисаи таълимӣ дар ин қадар муддати кӯтоҳ ба чунин муваффақият соҳиб мешавад. Оре, самараи ҳамин гуна пешравиҳост, ки дар назди факултаи фанҳои гуманитарӣ соли 2019 бахши забон ва адабиёти тоҷик низ таъсис дода шуд. Ҳамчунин, худи ҳамон сол дар назди факултаҳои методикаи таълими ибтидоӣ ва таълими томактабӣ таҳсили рӯзонаи гурӯҳҳои тоҷикӣ низ ба роҳ монда шуданд. Алъон, ҳамаи ин шуъбаҳо ҳар сол 25 нафар донишҷӯро қабул менамояд. Гузашта аз ин, дар факултаи методикаи таълими ибтидоӣ шуъбаи ғоибона низ кушода шудааст, ки 25 нафар довталабонро ҳар сол қабул менамояд. 
Ин ҷо мехостем, чанд андешаи худро доир ба кори бахши забон ва адабиёти тоҷик иброз дорем. Ин факулта дар аввал “Таърих ва забонҳо”, ном гирифт. Дертар ба “Факултети фанҳои гуманитарӣ” баргардонда шуд. Дар бахши мазкур зиёда аз 1420 нафар донишомӯз дар шуъбаи рӯзона, 120 нафар дар самти таълими магистратура, 1366 нафар дар бахши таълими ғоибона дар аудиторияҳои муҷаҳҳази замонавӣ ва лабораторияҳои ихтисосӣ таҳсил мегиранд. Дар факултет китобхона, лабораторияи таърих, клиникаи юридикӣ, марказҳои “Археология”, “Дӯстӣ” ва 6 маркази илмию тадқиқотӣ фаъолият мебаранд.
Факултети фанҳои гуманитарӣ низ баробари пешрафти кори донишкада вусъат меёбад. Дар солҳои хониши 2019-2020 дар нӯҳ бакалавриати он 115 омӯзгор-профессорон ва 995 нафар донишомӯз кор бурда бошад, дар солҳои таҳсили 2021-2022 дар ҳафт бакалавриат ва чор магистратура 150 нафар омӯзгор-профессорон ва 3123 нафар донишомӯзон фаъолият мебаранд. Тариқи бакалавриат ба бахшҳои таърих, забон ва адабиёти ӯзбек, забон ва адабиёти қазоқ, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус ба гурӯҳҳои забонҳои ғайр, кори иҷтимоӣ (худидоракунии шаҳрвандон), ғояи миллию таълими асосҳои маънавият ва ҳуқуқ ҷудо мешавад. Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дастпарварони факулта дар бисёр  озмунҳои байни донишкадаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда, шарафи донишкадаро  ҳимоят мекунанд. Анъанаи устоду шогирд ҳам дар факулта хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Ва самараи он боиси ифтихор аст гӯем, хато намекунем, зеро дастпарвари факултет Нурсултон Шайхисломов ғолиби стипендияи далатии Президенти Ӯзбекистон ва стипендияи давлатии ба номи Алишери Навоӣ мебошад. Гуфтан бамаврид аст, ки донишҷӯёни бахши тоҷикии факулта нисбатан фаъоланд. Онҳо бо либосҳои миллӣ баромад карда, ба ҳусни ҷашнвораҳо меафзоянд. Дар маҷмӯаи эҷодие, ки аз ҷониби факулта ба қарибӣ нашр карда шуд, шеърҳои донишомӯзони курси дуввуми бахши тоҷикӣ – Муниса Раззоқбердиева ва Иброҳим Бозоров  низ ҷой доранд. Гузашта аз ин, донишҷӯёни курси дуюм Сабина Давронова, Нозанин Ҷӯраева  ва муҳассилини курси саввум – Насим Содиқов низ орзуи қаламкаш шудан доранд. 
Декани факултет – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Равшан Икромов бо изҳори шукру қаноатмандӣ аз натиҷаҳои назарраси факулта ёдовар шуда, мегӯяд, ки ин ҳамагӣ ҳафтод фоизи муваффақиятҳоест, ки мо ба нақша дароварда будем. Зеро мо ба ходимони худ сахт боварӣ дорем. Дар факултет аз рӯйи корҳои илмию тадқиқотӣ дар раванди Кластери инноватсионии таълими педагогӣ ду нафар ба ҳимояи DSc  ва панҷ нафари дигар ба ҳимояи PhD, ки ин ҳам аз муваффақиятҳои арзандаи мост. Вай дар ин маврид, ба хусус, ба масъалаи таъмини китобҳои дарсӣ ва маҷмӯаҳои таълимию омӯзишӣ, илмию услубӣ ба забонҳои тоҷикию қазоқӣ истода гузашт. Ҳамчунин омӯзгорони ин самтро вазифадор кардааст, ки бо муассисоти таълими олии кишварҳои ҳамсоя равобитро мустаҳкам намоянд. 
Дар ҳақиқат, дар арафаи панҷсолагии донишкада месазад, ки аввалан аз муваффақиятҳои он ҳамчун омӯзгори ҳамин муассиса болем. Сониян, ӯҳдадор ҳастем, ки пайи бартараф кардани мушкилоти мавҷуда камари ҳиммат бандем. Ин аст, ки ҳамкории бевоситаро бо бахшҳои тоҷикии  Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии Тирмиз, Донишгоҳи давлатии  омӯзгории Фарғона ба роҳ мондаем. Минбаъд ният дорем, ки ин ҳамкориро бо донишгоҳҳои Тоҷикистон низ ба роҳ монда, дар  тарбияи мутахассисони касбию соҳавӣ  ҳиссагузор бошем.

Тоҷихон СОБИТОВА,
Ҳикмат СУЛТОНЗОДА,
устодони Донишкадаи давлатии омӯзгории Чирчиқ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: