ПАНҶ ТАШАББУС – ДАР ИСТИРОҲАТГОҲИ «БАРКАМОЛ АВЛОД»

Истироҳатгоҳи бачагонаи «Баркамол авлод» дар деҳаи зебоманзари Оғасаройи ноҳияи Чуст воқеъ буда, аз мобайнаш оби Ғавосой ҷорӣ мешавад.

Истироҳатгоҳи бачагонаи «Баркамол авлод» дар деҳаи зебоманзари Оғасаройи ноҳияи Чуст воқеъ буда, аз мобайнаш оби Ғавосой ҷорӣ мешавад. Гирду атрофашро дарахтони меванок ва сояафкан иҳота карда, боди форамаш ба истироҳаткунандагон ҳузур мебахшад.
Дар истироҳатгоҳ дар ҳар баст 150 нафарӣ, дар 4 баст то охири мавсим ҷамъ 600 нафар писарону духтарон аз ноҳияҳои Чуст ва Тӯрақӯрғон истироҳат карда, ба оғӯши падару модарашон солим бармегарданд.
Барои истироҳати бофароғати бачагон таҳти сарварии Одина Мирзоҷонова тарбиячиён Зиёда Хидирова, Моҳинур Алибоева, Маҳлиё Дадабоева, Покиза Ҳамидова, роҳбаладҳо Шодия Деҳқонова, Фарзона Солиҷонова, Шоҳсанам Турсунбоева, Шаҳзод Ҳабибҷонов, роҳбари мусиқӣ Иззатулло Ҳикматуллозода, омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ Дилрабо Хонназарова, сардухтур Фозилҷон Тоҷибоев, ҳамшира Олтиной Мусаева, ошпаз Мавлонбой Дадабоевҳо аз таҳти дил меҳнат мекунанд.
Ба қарибӣ дар истироҳатгоҳи номбурда таҳти шиори «Панҷ ташаббус – панҷ имконият» чорабинӣ баргузор гардид.
Чорабиниро роҳбари шуъбаи Маркази маънавият ва маърифати ноҳияи Чуст Саида Насимхонова бо сухани муқаддимавӣ кушод.
Инчунин, дар чорабинӣ аъзоёни маҳфилҳои марказҳои маданияти ноҳия, варзишгарони маҳфилҳои мактаби варзишии бачагон ва наврасон, истироҳаткунандагони истироҳатгоҳ аз рӯйи санъат, варзишҳои гуногун, китобхонӣ, шоҳмоту шашка, ҳунармандӣ намунаҳо намоиш доданд.
Ба чорабинӣ баромади раққосадухтарон ҳусну таровати хоса бахшид. Сипас, варзишгарон аз рӯйи намуди каратэ, таэквондо, бокс, ҷанги дастӣ, футбол, тӯби дастӣ, тенниси рӯйи миз, гӯштин бо миёнбанд, гимнастикаи бадеӣ бо барномаҳои гуногуни рангинашон маҳораташонро намоиш доданд.
– Дар истироҳатгоҳ барои истироҳати бофароғати писарону духтарон баробари фароҳам овардани шароитҳои мусоид, минбаъд низ чунин мусобиқа ва чорабиниҳои гуногуни ҷолиби диққатро ба роҳ мемонем, – гуфт сардори истироҳатгоҳ Фурқатҷон Ҳакимов.
Дар чорабинӣ сардори раёсати сайёҳӣ ва варзиши вилояти Намангон Анвар Тӯйчиев ва ҷонишини ҳокими ноҳияи Чуст Зуҳриддин Бойбоев иштирок карданд.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: