ПАРАСТОРИ «СЕ ПАҲЛАВОН»

Дар Чусти бостонӣ, сарзамини ҳунармандон, ки дар он намояндагони миллатҳои гуногун умр ба сар мебаранд, занони аз ҳафт то ҳафтодсола бо яке аз навъҳои ҳунар – тоқидӯзӣ машғуланд.

Муқими маҳаллаи Бибиона – Нурхон Бойбоева низ яке аз онҳост, ки бо ин касб шуҳрат пайдо карда, имрӯз бо ҳисси шукргузорӣ умр ба сар мебарад.
– Дигаргуниҳоеро, ки дар мамлакатамон ба амал меоянд, дида, дилатон лабрези шодӣ мегардад. Имкониятҳо беохиранд. Аз ин дуруст ва оқилона истифода бурдан лозим. Аз паси ҳунарам иззату эҳтиром пайдо кардам, – мегӯяд апаи Нурхон. 
Дар кӯдакӣ борҳо тамошо мекардам, ки бибию модарам ва занҳои ҳамсоя ҷамъ шуда, тоқӣ медӯхтанд. Онҳо чун афсунгар бо нӯги ночизи сӯзан асари санъат меофариданд. Ба мо, духтарони хурдсоле, ки бозикунон мегаштем, як порча матоъ дода, дӯзандагиро ёд медоданд. Ёд дорам, ки ману модарам аввалин тоқии дӯхтаамро ба бозор бурда, ба даҳ сӯм фурӯхта будем. Ба ин пул нону намак харида, ба ҳамсояҳо тақсим кардем. Ба 2 сӯму 80 тини боқимонда китоб харида будам.
Падарам дар заводи пахтаи ноҳия муҳандис буд. Модарам аз ин ҳунар даромад ба даст меовард. Модарамро Раҷаббии чевар мегуфтанд. То охири умрашон аз шуғли худ даст накашиданд. «Аз зарурат не, асабҳоям ором мегирад, барои дилгир нашудан медӯзам», мегуфт модари раҳматиам. Ба наберагон низ ин ҳунарро боҳавсала ёд медоданд. Аксар вақт такрор мегуфтанд, ки «кори дастӣ, ашёи сохташуда пурқимат аст, кас қадри меҳнатро ёд мегирад». Бегоҳӣ низ, бо тоқӣ тайёр кардан машғул мешуданд. 
Дар байни шароити он замон ва имкониятҳои имрӯза тафовути калон мавҷуд. Имрӯз растаҳои замонавии бозорҳо пур аз маҳсулот ва дар чеҳраи ҳамватанон нишонаи сипосгузорӣ, ки аз ин дилатон шод мегардад. Барои онҳое, ки хоҳиши ҳунармандию соҳибкорӣ доранд, тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, Сарвари давлат чанде пеш ба вилояти мо ташриф оварда, ба фаъолияти соҳибкорони намангонӣ баҳои алоҳида доданд.
Соли гузашта писарам Аббосҷонро, ки дар Донишгоҳи давлатии Қазон таҳсил мекунад, пазмон шуда, ба наздаш рафтам. Албатта, барои туҳфа корду тоқии Чуст гирифтам. Сафари мо дар он ҷо ба «Фестивали дӯстӣ» рост омад. Аз номи падару модарон ба сухан даъват карданд. Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ ва ҳатто англисӣ салом додам. Фикру мулоҳизаҳоямро баён намудам. Тоқиҳоро ба созмондиҳандагони чорабинӣ ҳадя кардам. Ҷавони сухангӯ, ки тотор буд, тоқиро ба сараш пӯшида, чорабиниро идома дод. Духтараки донишҷӯ, ки худро Замира аз Тоҷикистон шинос кард, ҳатто аз шодӣ ва ифтихор ба модараш занг зад...
Саъю кӯшиши қаҳрамони мо дар роҳи гиромидошти ҳунари момомерос ва омӯзиши он ба насли наврас низ шоёни таҳсин аст. Зиёда аз се сол мешавад, ки дар ин маҳалла корхонаи хурди «Тоқиҳои Чуст»-ро дар заминаи хоҷагидорӣ таъсис додааст. Ба ин корхона, ки 30 нафар занонро бо ҷойи кор таъмин кардааст, асосан ҷавонони маҳалла, ки ба ҳунар шавқу ҳавас доранд, ҷалб шудааст.
Кори дигари хайрноки апаи Нурхон таъсиси боғчаи хусусии «Се паҳлавон» мебошад. Дар ин ҷо 25 нафар кӯдакони маҳалла тарбия мегиранд. Ҳамроҳи шавҳараш Даминҷон ду духтару се писарро тарбия намуда, ба камол расонданд. Духтару арӯсҳо гарчи дар идораҳои давлатӣ кор мекунанд, дар вақти холӣ бо тоқидӯзӣ машғул мешаванд. Наберагон – Моҳинаю Лола низ дӯстдори ин ҳунаранд.

Шоҳида ДАМИНОВА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: