ПАРАСТУҲОИ НАХУСТИН

Қарори Президент «Дар бораи ташкил ёфтани ДДОЧ» (аз 27.07.2017) боиси хурсандии аҳли вилояти Тошканд гардид.

Инчунин, барои кадрҳои педагогие, ки маълумоти миёнаи махсус доштанд, оиди гирифтани маълумоти олӣ дари имкониятҳо боз гардид.   
Ба донишгоҳ  доктори фанҳои кимиё, профессор Ғафурҷон Муҳаммедов роҳбарӣ мекунад. Ғ. Муҳаммедов «Арбоби илми Ҷумҳурии Ӯзбекистон» мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ 4 нафар доктори фан, 7 нафар номзади илм тайёр карда шудаанд. 
Дар донишгоҳ фаъолият бурдани факултетҳои тоҷикӣ ва қазоқӣ орзуву ормонҳои намояндагони мансуб ба ин миллатҳоро рӯйи об баровард. Бахусус, соли аввал ба факултети «Таълими ибтидоӣ ва корҳои тарбиявии спорт»-и шуъбаи тоҷикӣ наздик ба 100 абитуриент ҳуҷҷат супурда бошад, 17 нафари он донишҷӯ гардид. 
Солҳои сипаригардидаро ба хотир меорем, имтиҳони дохилшавиро аз забони англисӣ дар бинои Донишкадаи ирригатсия ва мелиоратсияи Тошканд супурда будем. Барои чӣ? Чунки дар худи донишкада шароити зарурӣ набуд, танҳо аз як бино иборат буд. Ҳамон донишкада имрӯз ба мақоми ДДОЧ дорост ва ба ташкилёбии он 6 сол пур мешавад. Дар ин муддати кӯтоҳ  дар ҳаёти донишгоҳ як қатор дигаргунӣ, ислоҳот, корҳои сохтмону бунёдкории васеъ дар амал иҷро шуданд. Биноҳои нави хониш, лабораторияҳо, толори варзиш, бинои хобгоҳ барои донишҷӯён, маркази ахбору ресурси замонавӣ, соҳиби китобхонаи дорои 64 ҳазор фонд, хонаҳои маънавият ва маърифат ва ғайра баҳри ҳамнафаси замон таҳсил гирифтани талабагон хизмат мекунанд. 
Имрӯз дар донишгоҳ 10 факултет, 39 кафедра ва 20 шуъбаву марказ фаъолият мебарад. Дар онҳо беш аз 20 ҳазор талаба таҳсил мегирад. Ба онҳо зиёда аз 1000 нафар омӯзгор ва мураббиёни ботаҷриба сабақ медиҳанд. 
Бо муассисаҳои таълими хориҷӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст, аз ҷумла бо Донишгоҳи педагогии Хайделберги Олмон, Донишгоҳи давлатии Маскав, Донишгоҳи давлатии педагогии Ленинград, Донишгоҳи давлатии Қазоқистони Ҷанубӣ. Ба қарибӣ бо директори филиали Тошканди Донишгоҳи давлатии педагогии Русия Сергей Барченко вохӯрӣ ба амал омад. Дар он меҳмонон бо таҷрибаи рушди сохтори таълими донишгоҳ, самтҳои таълими инклюзив таваҷҷуҳ зоҳир намуда, доир ба корҳои илмӣ дар ин соҳа таклифҳо ба миён оварданд. Чунин вохӯриҳои байналхалқӣ ба баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ замина мегузорад. 
Дар солҳои сипаришуда дар ин даргоҳ анҷуманҳои байналхалқӣ, семинарҳо, вохӯриҳо, чорабиниҳои мухталиф гузаронда шуданд ва ҳоло ин ҷараён идома дорад.  
Ба гурӯҳи забони тоҷикӣ устодони таҷрибадор ва меҳрубону ҷонсӯз сабақ медиҳанд, нозукиҳои ҳар як фанро амиқ меомӯзонанд. Муаллифи якчанд китоб, номзади фанҳои педагогӣ, дотсент Алиҷон Каримҷонов, устоди кафедра Ойбек Мирзораҳимов, доктори фанҳои биологӣ Воҳид Файзиев аз ҷумлаи онҳоянд, ки мо онҳоро бо фахр ба забон мегирем.
Дар донишгоҳ барои бурдани корҳои илмии устодон шароит ва имкониятҳо мавҷуд аст. Яке аз устодони донишгоҳ, доктори фалсафа доир ба фанни педагогика (PhD) Эркин Айдаров мебошад. Наздик ба 100 кори илмию услубӣ, аз ҷумла 8 гувоҳнома, 2 монография, 5 дастури методӣ ва 1 китоби дарсии ӯ рӯйи чопро дидаанд. 
Мо – хатмкунандагони гурӯҳи 18/4-и таълими ибтидоии донишгоҳ ба сифати парастуҳои аввалини шуъбаи ғоибона бо донишгоҳ хайру хуш намуда, ба дастамон диплом мегирем. Дар ҳамин ҷо саволе ба миён меояд: «Дар панҷ соли таҳсил чиро омӯхтед?»  Ба ин савол ҷавоби муносиб чунин аст: – Донишҷӯ дар муассисаи таълими олӣ мутахассиси касбӣ шуда намебарояд. Донишгоҳ ба ҳаёт, ба фаъолият, ба таҷрибаомӯзӣ, барои мутахассиси соҳаи худ шудан замина меофарад. Мо – 16 нафар хатмкунанда дар таълимгоҳ аз устодони меҳрубон ва сахтгири худ на танҳо асрори касб омӯхтем, балки хислатҳои садоқат ба Ватан, дӯстӣ, меҳру оқибат, ҳурмат ба калонсолон, шарики ғаму шодӣ, кӯмак ва дастгирии якдигар, сабр, шукргузорӣ, ҳифзи табиати зеборо омӯхтем. Дар қатори дигар ҷавонон баҳри ояндаи дурахшон ва гул-гулшукуфии Ӯзбекистони Нав бо одобу ахлоқ ва дониши пухтаи худ ҳисса гузоштанро дар шуури худ ҷойгир намудем. Ба устодони худ сар ба таъзим мефарорем.       

Баҳодур АШУРОВ, 
хатмкунандаи факултети таълими ибтидоии ДДОЧ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: