Дар миқёси вилояти Фарғона ба муносибати 27-умин солгарди рӯзи қабули парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардиданд
Ин чорабинӣ-фестивали фарҳангиву маърифатӣ аз тарафи ҳокимияти вилоят ва дар ҳамкорӣ бо Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонон роҳандозӣ шуд. Дар он донишҷӯёни донишгоҳҳо, донишомӯзони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок карданд.
Гуфта мешавад, моҳияти аслии ҷашнвораро ғояҳои муҳаббату садоқат ба Ватани маҳбуб, мустаҳкам намудани ғояҳои истиқлол дар байни ҷавонон, баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи мамлакатамон дар миқёси байналхалқӣ ва амсоли он ташкил намуд.
Парчам дар баробари суруди миллӣ ва рамзи давлатӣ ҳар як кишварро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Ин анъана аз замонҳои қадим то кунун идома меёбад.
– Аз тариқи пиёда кардани ин фестивал, ҳамчунин мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, роҳпаймоиҳои муташаккилона, баргузор кардани марафон ва амсоли он, намоиш додани истиқлолияти кишвари азиз, озодӣ ва шаъну шавкати он мадди назари мо буд. Ба ин васила дӯстиву рафоқати байни қавму миллатҳои гуногун, арҷгузорӣ ба мероси бойу ғановатманди гузаштагонамон низ возеҳу равшан тараннум ёфт, – мегӯяд раиси Шӯрои бахши вилоятии Иттифоқи ҷавонони ҷумҳурӣ Аҳадҷон Акбаров.
Ба таъкиди сарвари ҷавонони вилоят дар доираи ин чорабинии фарҳангиву маърифатӣ байни командаҳои «Санъаткорон» ва «Ҷасорат» футбол-шоу баргузор гардид. Гузашта аз ин, дар мусобиқаҳои танобкашӣ, бо парчам давидан ба масофаи сад метр ва сангбардорӣ барин намудҳои варзиш ҷавонони зиёд ҳунарнамоӣ карданд ва зӯру тавони худро намоиш доданд.
Ногуфта намонад, ки дар фестивали мазкур гурӯҳи аспсаворони отряди махсуси Гвардияи миллӣ иштирок карда, усулҳои гуногуни аспсаворӣ ва аспдавониро ба тамошобинони зиёд намоиш доданд. Баъд суруду таронаҳо ва рақсҳои ҷолиби овозхонҳову раққосони моҳир шаҳомати ин фестивали ҷавониро боз ҳам афзун кард.
– Ман ҳамеша бо парчами Ватанамон ифтихор мекунам. Хусусан, вақте ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ варзишгаронамон ғолиб мебароянд ва ба ифтихори онҳо парчами кишварамон парафшонӣ мекунаду мадҳияамон садо медиҳад, ҳисси ифтихорам бештар боло мегирад. Бо тамоми вуҷуд меболам, ки шаҳрванди Ӯзбекистони соҳибистиқлол ҳастам, ки он дорои парчами худ мебошад, – бо шавқ изҳор кард толибаи коллеҷи омӯзгории шаҳри Фарғона Мавлуда Азизматова.
Файзулло ИБРОҲИМОВ,
донишҷӯи гурӯҳи тоҷикии факултети филологияи ДДФ.