Парчами азим кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Фарғонаро сайр намуд

  • Парчами азим кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Фарғонаро сайр намуд
  • Парчами азим кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Фарғонаро сайр намуд

Маркази маъмурии вилоят - шаҳри Фарғона аз ҳаррӯза дида намои бошукӯҳ ва пурҷило касб намудааст. Дар ин шаҳр ба истиқболи 30-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 14 январ-Рӯзи ҳимоятгарони Ватан чорабиниҳои доманфарох пиёда мегарданд. Дар роҳандозии ин чорабиниҳо афсарону сержантҳо ва сарбозони ситоди Фармондеҳии округи ҳарбии Шарқӣ нақши муҳим мебозанд.

Яке аз ҷашнвораҳои бошукӯҳ дар ин рӯз аз назди ҳокимияти вилоят ба сайри кӯчаву хиёбонҳо баромадани парчами давлатамон мебошад. Парчамро як гурӯҳ низомиён аз чаҳор тараф дошта “сайр” мекунониданд. Масоҳати ин парчам 1 ҳазору 100 метри мураббаъро ташкил мекунад. 
Мардуми зиёд низ аз ин чорабиниҳ ва мусиқии пурсару садои оркестри низомӣ ба шавқ омада, ба кӯчаҳову хиёбонҳо сарозер мешуданд.
-Бори нахуст парчами давлатии Ӯзбекистони азизамро бо чунин бузургӣ медидам. Ҷилои он эътибори ҳамаро мерабуд. Садои мусиқии оркест паради низомиёнро бештар шукӯҳ мебахшид. Кайҳо чунин паради низомиро аз тариқи телевизион тамошо карда будам. Аммо акнун бо чашмони сар медидаму бо гӯшҳоям мусиқии марширо мешунидам ва дилам аз шодиву хурсандӣ мехост  аз қафаси танг берун ҷаста барояд,-мегӯяд сокини шаҳри Фарғона Шерзод Амиралиев.
Дарвоқеъ, хурду калон бо хушнудӣ ин ҳодисаро истиқбол мегирифтанд. Парчами давлатамон зери оҳанги марши оркестр масофаи байни бинои Хонаи соҳибкорон то назди Кохи бошукӯҳи театр ва консерти ба номи Ислом Каримовро ҳамин гуна тай намуд.
Интизор меравад, ки низомиён барои мардум намунаҳо аз тамринҳоихудро намоиш хоҳанд дод.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: