Ман ба сафарҳои хориҷӣ бисёр нарафтаам.
Ман ба сафарҳои хориҷӣ бисёр нарафтаам. Аз ростӣ ба хориҷ баромаданро чандон намехоҳам. Аз чи бошад, ки кишвари азизам маро чун оҳанрабо ба худ мекашад.
Соли гузашта ба чорабиниҳои анҷумани ҳафтуми байналхалқии оид ба масъалаҳои ҳамкории иҷтимоию иқтисодӣ, ки дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин баргузор шуд, шарафи иштирок кардан доштам.
Дигаронро намедонам, вале ман ҳанӯз як қадам аз Тошканд набаромада ёди хона мекардам, шояд ин барои дигарон ғалатӣ бошад, вале барои ман айнан чунин буд.
Ба Хитой, ки дар хобҳои шаб ҳам надида будам, рафтем. Агар хато накунам, айни авҷи фасли тирамоҳ буд. Дар кишвари мо тамоми атроф ранги заррин гирифта буд. Мавсими хазонрез буд.
Дар чунин ҳангом шаҳри Наннин, ки дар ҳудуди дурдасти мухтори Гуанси-Чжуани кишвари дурдасти Чин воқеъ шудааст, бағоят зебо буд. Моҳи октябр ба охир расида бошад ҳам, гирду атроф ҳамчун баҳори зумрадгун сарсабз буд. Гӯё ба чор ҳудуд гилемҳои сабз густурда бошанд. Гули мехаки Чин, ки мо дар тубакҳо ва зарфҳои зебо бо муҳаббат парвариш мекунем, гули зебои архидея, боз гулҳои дигар дар ҳар қадам чун дар бӯстон шукуфта буданд. Бинобар маълумот дар ин ҷо зиёда аз се ҳазор навъи гиёҳҳои олам месабзидаанд. Хониши паррандагон мунтазам ба гӯш мерасид. Ин шаҳри «Оқили смарт», ки дар он технологияҳои рақамӣ бо суръати баланд тараққӣ кардаанд, ба боғи бузург ва мафтункори ботаникӣ шабоҳат дошта бошад ҳам, нохушиву ғуборе, ки дар қалби ман буд, пароканда намешуд.
Дар даромадгоҳи бинои муҳташаме, ки анҷуман бояд мегузашт, баробари парчами дигар давлатҳои иштирокдор парчами давлатии Ӯзбекистони азизи мо низ парафшон буд! Дар диёри худ гоҳе саросемавор ва гоҳе хаёломез гаштугузор карда, баъзан бошад бинобар беэътиборӣ ба он зеҳн намонда будаам, ҳоло парчами кишвар ба назарам чун офтоб метофт. Ин манзарае буд, ки ба дил бағоят қарин ва барои таърифаш забон оҷиз мебошад. Ростӣ, қариб буд гиря кунам. Аз ҷониби дигар дар дилам эҳсоси ғуруру ифтихор пайдо шуд. Баъд аз ин, гӯё сафари хидматӣ ҳам бароям писанд буд.
Анҷуман бо рӯҳи баланд гузашт. Давлатҳои иштирокдор салоҳияти иҷтимоиву иқтисодии худро намоиш доданд. Нақшаҳои нав, уфуқҳои минбаъдаи истиқболи ҳамкории соҳа мушаххас карда шуданд.
Оре, қадри диёр, қимати рамзҳои он бештар ҳангоми сафарҳои дур маълум мешудааст. Дар замири арҷгузорӣ ба парчами Ватан, ки аз ҷониби варзишгарон ҳангоми зафарҳояшон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ифода меёбад, мазмуну маънои бузург ва мантиқи зиёд муҷассам будааст. Ашки шодии онҳо беҳуда набудааст. Асрори иҷрои баланди санъати мусиқоронамонро дар зери ин рамзи давлатии Ӯзбекистони азиз гӯё идрок намудам. Парчами мо ба онҳо нерӯ, завқи эҷод мебахшидааст! Бешубҳа он иштиёқи парвозро ба олами пурасрори санъат дучандон мекардааст.
Шояд касе ин гуфтаҳоро суханони баланд пиндорад. Вале ман ҷозибаи парчами кишвари азиз, қудсияту қадрдонии онро танҳо дар чанд рӯзи аз диёр дур будан беш аз пеш эҳсос кардам.
Назокат УСМОНОВА,
хабарнигори ӮзА.