Инсон бидуни эътиқод зиста наметавонад. Эътиқод, дин ва виҷдони ӯ дар муҳаббат нисбат ба замине, ки вай таваллуд шудааст, ҳамчунин рамзҳои муқаддаси он зоҳир мегардад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯнамои мамлакати мо дар хориҷа ба шумор меравад.
Мо ба парчами худ эҳтиёткорона муносибат мекунем, онро ҳамчун гавҳараки чашми худ ҳифз менамоем. Ҳамдиёрони мо ҳангоми дар кишварҳои гуногуни хориҷӣ будан вақте Парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар байни парчами бисёр кишварҳо мебинанд, ба ҳаяҷон меоянд ва эҳсоси махсусеро аз дил мегузаронанд. Бисёрии мо чунин эҳсосро дарк кардаем.
Алҳол мамлакати мо ба олам ба сифати Ӯзбекистони нав муаррифӣ мегардад. Ҷомеаи ҷаҳон кишвари муқаддаси моро ҳамчун сарзамини дорои таърих ва фарҳанги ғаниву куҳан эътироф мекунад, ки ба олам олимони бузургро додааст, ки дар рушди илму маърифат саҳми беқиёс гузоштаанд, ҳамчунин ба сифати кишваре мешиносад, ки ҳоли ҳозир равандҳои васеъмиқёси бозсозӣ, ислоҳоти бебозгаштро татбиқ менамояд.
Сулҳу салоҳ ва фаровонӣ, дӯстӣ ва ҳамдилии халқ, ки дар мамлакати мо ҳукмрон аст, бунёдкориҳои вай боиси ифтихори махсус мебошанд. Парчами кишвари мо саъю кӯшиши халқро, ки бо қадамҳои дилпурона ба оянда меравад, собит месозад.
Он чиз сазовори эътибор аст, ки кӯдакон бо рамзҳои муқаддаси Ватани мо аз синни хурдӣ, ҳанӯз дар муассисаҳои таълими томактабӣ шинос мешаванд. Мо бисёр мушоҳида кардаем, ки фарзандонамон дар даст байрақчаҳои Ӯзбекистон бо хурсандии зиёд, ифтихор ва қаноатмандӣ медаванду сурудҳои ватандӯстона месароянд.
Парчам ба писарону духтарон кумак мерасонад, ки Ватанро амиқтар шиносанд, дарк намоянд, ки тақдир ва ояндаи онҳо ба он зич вобаста аст, вай ба онҳо муҳаббат ба Ватанро меомӯзонад.
Бидуни шубҳа, парчами мамлакат ба тимсоли мардиву ватандӯстӣ, ҷасорату шуҷоат, озодӣ, некӣ ва бахту саодати Ӯзбекистони бемисл табдил ёфтааст!
Дар кишвари мо ҳанӯз хеле пеш аз таҷлили ин сана бахшида ба 18 ноябр – Рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабиниҳо баргузор гардиданд. Инҳо ҷашнвораҳои гуногун, мусобиқаҳои варзишӣ, пойгаҳо, иқдомҳои саломатӣ ва иҷтимоӣ, конфронсҳои маърифатӣ буданд.
Чунин чорабиниҳо дар сатҳи баланди ташкилӣ ва рӯҳи болида дар маҳаллаҳо, ҷамоаҳои меҳнатӣ, муассисаҳои таълимиву динӣ, қисмҳои ҳарбӣ мегузаранд. Иштироки фаъоли ҳамдиёрони мо дар онҳо шаҳодати эҳтироми бузург ва садоқати бепоёни мардум ба рамзҳои муқаддаси Ватан мебошад, онҳо ба тақдири мамлакате, ки дар он зисту зиндагӣ доранд, бефарқ нестанд.
Назокат УСМОНОВА,
хабарнигори ӮзА.