Париж 2024: Бобурҷон Омонов рекорди паралимпии худро нав кард ва медали тилло ба даст овард!

Ҳамватани мо Бобурҷон Омонов, ки дар тела додани ядро (категорияи F41) рақобат кард, бо натиҷаи 14,32 м рекорди худро, ки дар бозиҳои қаблии Токио-2020 гузошта шуда буд, нав кард.

Ба туфайли ин нишондиханда Омонов ба нафъи дастаи мо боз як медали дараҷаи олӣ зам кард ва чемпиони дукаратаи бозиҳои паралимпӣ гардид.

Пас аз ин комёбӣ ҳайати Ӯзбекистон дорои 14 ҷоиза: 6 тилло, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ мебошад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: