Париж-2024: параатлетони Ӯзбекистон дар тела додани ядро ду медал ба даст оварданд

  • Париж-2024: параатлетони Ӯзбекистон дар тела додани ядро ду медал ба даст оварданд
  • Париж-2024: параатлетони Ӯзбекистон дар тела додани ядро ду медал ба даст оварданд

Варзишгарони Ӯзбекистон Қудратуллохон Муруфхӯҷаев ва Толиббой Юлдошев дар мусобиқаи параатлетика дар барномаи ядропартоии класси F37 миёни мардон медалҳои тилло ва биринҷӣ ба даст оварданд.

Қудратуллохон Маъруфхӯҷаев бо натиҷаи 16,37 метр ба зинаи баландтарини шоҳсуфа баромад ва Толиббой Юлдошев бо натиҷаи 15,24 метр медали биринҷӣ гирифт.

Ба ин тартиб, мунтахаби Ӯзбекистон дар Паралимпиадаи Париж шаш медал: 2 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст овард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: