Парлумони Аврупо: ГУРӮҲИ ДӮСТИИ «ИТТИҲОДИ АВРУПО – ӮЗБЕКИСТОН» ТАЪСИС ЁФТ

29 апрели соли 2021 дар шакли конфронси видеоӣ инаугуратсияи Гурӯҳи дӯстии «Иттиҳоди Аврупо – Ӯзбекистон», ки дар Парлумони Аврупо таъсис ёфтааст, баргузор шуд.

29 апрели соли 2021 дар шакли конфронси видеоӣ инаугуратсияи Гурӯҳи дӯстии «Иттиҳоди Аврупо – Ӯзбекистон», ки дар Парлумони Аврупо таъсис ёфтааст, баргузор шуд.
Дар чорабинӣ депутатҳои Парлумони Аврупо Ришард Чарнетски, Фулвио Мартушелло, Адриан Васкес Ласар ва дигарон, муовини директори иҷрогари Хидмати аврупоии амалиёти хориҷӣ Люк Девин, намояндагони доираҳои экспертиву таҳлилӣ ва соҳибкории Аврупо, ҳамчунин вакилони расонаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.
Аз ҷониби Ӯзбекистон муовини аввали раиси Сенати Олий Маҷлис Содиқ Сафоев, муовини аввали раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Акмал Саидов ва раиси Кумитаи оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустамбек Қурбонов иштирок карданд ва суханронӣ намуданд, ҳамчунин тамоми аъзои гурӯҳ бинобар ҳамкории парлумони Ӯзбекистон бо Парлумони Аврупо ширкат ҷустанд.
Муовини аввали раиси Сенати Олий Маҷлис Содиқ Сафоев таъкид сохт, ки таъсис ёфтани Гурӯҳи дӯстии «Иттиҳоди Аврупо – Ӯзбекистон» дар муносибатҳои ӯзбекистониву аврупоӣ ҳодисаи таърихӣ ба шумор меравад ва сохтори мазкур, ки дар Парлумони Аврупо бори аввал таъсис меёбад, «пул»-и байни ду ҷониб хоҳад шуд.
Нотиқон рушди ҳамкориҳои байни Иттиҳоди Аврупо ва Ӯзбекистонро қайд намуда, таъкид сохтанд, ки ташкил гардидани Гурӯҳи дӯстии «Иттиҳоди Аврупо – Ӯзбекистон» дар парлумони Аврупо ба рушди муносибатҳои тарафайн, ба роҳ монда шудани мулоқоти дараҷаи олии байни намояндагони доираҳои сиёсиву соҳибкорӣ, ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ хидмат хоҳад кард.
Ришард Чарнетски (Полша), Фулвио Мартушелло (Италия), Адриан Васкес Ласар (Испания), Атиҷа Алиева-Вели (Булғория), Тиерри Мариана (Фаронса), Татяна Жданока (Латвия), Иулиу Винклер (Руминия) ва Никлас Нинас (Олмон) муассисони Гурӯҳи мазкур гардиданд.
Депутати Аврупо Ришард Чарнетски раиси Гурӯҳ интихоб шуд, котиби генералӣ – мушовири сиёсии ӯ Ипек Текдемир таъин гардид.
Депутати Парлумони Аврупо Ришард Чарнетски ба ислоҳоте, ки дар кишвари мо татбиқ мегарданд, баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки таъсис ёфтани Гурӯҳи дӯстии «Иттиҳоди Аврупо – Ӯзбекистон» дар муносибатҳои байни Иттиҳоди Аврупо ва Ӯзбекистон давраи муҳим ба шумор меравад.
Ҷониби Аврупо қайд намуд, ки Ӯзбекистон барои ҳамкории беш аз пеш қарини байналхалқӣ кушода мебошад, барои сармояҳо ва рушди иқтисодӣ шароит фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, рағбати рӯзафзуни сармоягузорони Аврупо ба давлати мо мушоҳида мегардад. Дар мамлакат барои он ки дар соҳати шӯравии собиқ ба яке аз иқтисодиёти пурқувват табдил ёбад, тамоми имкониятҳо мавҷуданд.
Таъкид шуд, ки Кумитаи ҳамкории парлумонии «Ӯзбекистон – Иттиҳоди Аврупо» ба нақшаҳои муштарак бо гурӯҳи навтаъсиси дӯстӣ ҳамеша омодааст ва дар ин самт мехоҳад ҳамкорӣ кунад.
Мақоми кишвари бенефисиари низоми «GSP+» дарёфтани Ӯзбекистон эътироф гардидани ислоҳотест, ки дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла барои беҳтар шудани иқлими корчаллонӣ татбиқ мегарданд.

Хидмати матбуоти Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: