ПАРТАБАХШ

– Духтари ҳамун «Ҷанозахабар»-ро чӣ мекунӣ, як дари пӯшидаву сад дари кушода! – ба сӯйи ҳавлии Мастонамак ишоракунон гуфт амакам.

Ба падари Нурӣ лақаби «Ҷанозахабар»-ро часпондани амакам ба дилам сахт расид. Лекин он касро на танҳо амакам, балки тамоми қишлоқ «Ҷанозахабар» мегӯяд.
Барои чунин номи «зебо»-ро соҳиб гардидани Мастонамак ман ҳам каму беш «ҳисса» гузоштаам. Албатта, худам надониста. Барои ҳамин калонсолон, махсусан, модаркалонам «гуноҳҳои дониставу надониста содир кардаамро бахш, Худоё!» мегуфтаанд-дия.
Аз ин чанд сол пеш аз хоби пешинӣ хеста, ба кӯча баромада дидам, ки чанд нафар ҳамсоя дар сар тоқӣ, зери сояи тут рост истодаанд. Аз теғи офтоб мумфарши кӯча буғ мебаровард. Баробари дидани ман ҳамсояҳо гӯё маро кайҳо боз интизор бошанд, садо баланд карданд:
– О, тезтар бароӣ намешуд. Тезтар ҷеғ зан!
Мани аз кору бори дунё бехабар ҳайрон будам, ки киро ҷеғ занам.
– Дадем пагоҳӣ ба кор рафтаанд, – ба ҳар ҳол гуфтам ман.
– Дадоятро медонам, вай аз кор рост ба ҷаноза рафтааст. Мастонро мегӯям, ҷиянам, илтимос, гӯй, ки тезтар барояд!
– Ҷанозаи кӣ? – пурсидам ман.
– Усто Шараф мурдааст. Соати се ҷаноза. Ман навакак Мастонро огоҳ кардам. Хабар дорад. «Ҳозир мебароям!» гуфту ним соат боз намебарояд. «Ҳама ҷамъ шудагӣ»  гӯй! – аз номи ҳама ба ман таъин намуд Самеъбиргад.
Вақте ки дари Мастонамакро кӯфтам, аз дарун овози худашон баромад:
– Ман намеравам! Рафтан гиретон. Ба ман хабар нарасидааст.
Мани камтаҷриба ба ҳамсоямардҳо «Мастонамакам намерафтаанд. Кори зарурашон баромадааст!» гӯям, мешудааст. Охир, хурдсол будаам-дия. Гӯлу нӯл!
– Биргадбобо, – тозон ба наздашон рафта хабар додам. – Мастонамакам намерафтаанд. Ба он кас хабар нарасида будааст.
– Чӣ хел, навакак ман хабар додам-ку. Меравам, мо ҳамроҳи Усто Шараф ҳамроҳ дар як синф хондагӣ, гуфт. Хурсанд шудам, ки як раги одамгарии Мастонқул ҷунбид, – ғур-ғуркунон маро пеш-пеш карда, сӯйи дарвозаи нақшдору иморати нестдарҷаҳони Мастонамак оварданд Самеъбиргад.
– Мастон, ҳӯ, Мастон! – бо овози марғуладори ба худ хосашон садо доданд он кас. – Ин ҷо баро! Навакак гуфтӣ, ки ҳозир тайёр шуда мебароям. Чӣ, занат нарав гуфт?!
– Самеъака, ассалом! Ин дафъа занам ҳеч чиз нагуфтааст. Вай ҳоло аз кор наомадааст. Лекин ба ҷойи ногуфта чӣ хел меравам.., – гардан каҷ намуданд Мастонамак.
– Ҳӯй, касе туя тӯй намебарад. Ҷаноза шудааст. Ҷӯраат мурдааст. Мефаҳмӣ?! Ҳа, одам набудӣ, туя Ҷанозахабар гуфтан даркор. Рав-е! – шӯриданд Биргадбобо. 
Биргадбобо боз ғур-ғуркунон сӯйи ҳамсояҳои дигар рафтанду ба онҳо ҳамроҳ шуданд. Пас аз фурсате миёни онҳо ғалоғула барпо шуду садои ханда баланд гардид.
– Тавба, ба ҷаноза мераванду боз механданд, – барои Мастонамакро аз ҳолати ногувор баровардан гуфтам ман ба тарафи ӯ гузашта.
– Замир, ҳамин баъзе ҳамсояҳо маро дида наметавонанд. Бин, ин хел иморати базеб ва зӯри бозу ба кӣ ҳаст? Ба ана ҳамин Маҳмадамакат ҳаст! – ба саволи худ худ ҷавоб гардонида, ба сари синаашон заданд Мастонамак.
– Мастонамак, Маҳмадамак кист? – пурсидам ман.
– Ман-дия Маҳмадамак. Номи Мастонро модарарӯсаму янгаатон мондагӣ. Гӯр ҳамин мастиву арақхӯрии ман шавад! Ту минбаъд Маҳмадамак гӯй, – илтиҷо намуданд Мастонамак, э... Маҳмадамак.
Агар духтари ягонаашон, ҳамсинфи ман Нурӣ намебаромаду падарашро ба дарун, назди модараш ҷеғ намезад, ин ҳамсояи камгапу пухтакор бисёр гапҳоро мегуфтанд...
– Боз хаёлат куҷо рафт, агар девор намебуд, нури чашмат ҳамон сӯйи Нурӣ мезад-а? Куҷои вай тапакдухтар хушрӯй, ки хаёлатро бурд?
Ин садои қаҳромези амакам буд, ки маро ба худ овард.
– Охир, бачаи касро тапидухтар нагӯед, дадеш, вай гуноҳ надорад. Номаш ҳам хушрӯ: Нурӣ, – амакамро нарм карданӣ мешуданд янгаам.
– Ҳой занак, агар ҳамон духтар Нуринисо, Нурҷамол, Нуршед ном медошт, гапи дигар буд. Охир маънои Нурӣ – пору-дия. Нурии минералӣ! 
Ин гапи амакам ба ман сахт расид. Нурӣ сиёҳҷурда бошад ҳам, чашмони бамеҳр дорад. Аз он, ки номи модараш Меҳрӣ аст, ба вай Нурӣ ном гузоштаанд. Ин айби вай не-ку!
– Замирҷон, хафа нашав, ҳамин Маҳмади Мастон, ки духтарашро ба мо раво надид, амакат оташин шуданд. Медони-ку, гапи амакат доим гап буд! – гуфтанд янгаам. 
Духтар розӣ, лекин падару модараш мегӯянд, ки духтарак дар кӯдакӣ ба як хешбачааш гаҳворабахш шудааст. Ин анъанаи пешинагонро шикастан хато мегӯянд онҳо.
– Чӣ? – аз ин суханҳои янгаам амакам аз нав ҷон гирифтанд. 
Дарҳол аз ҷой хеста, моро низ маҷбур карданд, ки ҳамроҳашон ба хонаи ҳамсоя гузарем. Амакам пеш-пешу мо аз ақиб ба дарвозахонаи ҳамсоя даромадем.
– Маҳмад, келин куҷост, гапи ман бо ту намепазад, медонам. Келина ин ҷо  гӯй, кори муҳим ҳаст.
Маҳмадамак тозон ба хонаи дарун, ки завҷаашон он ҷо будааст, рафта чунон илтимос карданд, ки ба рост будани гапи Самеъбиргад шубҳа намонд. Ҳамсояи мо аз занашон сахт метарсидаанд.
– Келин, сабаби ба духтардиҳӣ розӣ нашуданатон гаҳворабахш доштанаш аст? – оташин буданд амакам.
– Ҳа, муллоака, дар вақташ розӣ шуда будем… – пастакак ҷавоб гуфт ҳамсоязан.
– Бо ҳамон писар духтаратон чанд вақт дар як гаҳвора хоб кардааст?
Ин саволи бепардаи амакам ҳамсоязанро дарғазаб кард, вале аз бадномӣ тарсида гуфт:
– Ягон дақиқа ҳам дар як ҷо хоб накардаанд.
– Ин хел бошад, келинҷон, нағз донед, ки Нурӣ бо ҷияни мо даҳ сол дар як парта нишастааст. Аслан Нурӣ барои Замири мо «партабахш» шудааст! Агар не гӯед, рафтем ба мактаб! Аз ҳамсинфу ҳамсояҳо мепурсем!
Худоё, намедонам гапи амакам сабаб шуд ё «партабахш» будани мо роҳ кушод, ба ҳар ҳол Мастони Маҳмад ва Меҳрии куҳнапараст ба духтардиҳӣ розӣ шуданд. Ман бошам – дудила.

Озод ҲАМИДЗОДА,  
вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: