ё чанд сухан дар бораи овозхони ҷавоне, ки аллакай ними дунёро дидааст
Ду ҳафта қабл дар шабакаи телевизиони «Наво»-и Тошканд дар доираи лоиҳаи «Икки томон» («Ду ҷониб») овозхони бомаҳорат Фазилат Аҳмедова (оре, хонуме, ки «Қашқарчаи савти муҳайяр»-ро бар ғазали Аҳмади Ҷомӣ дар сатҳи хеле аҷибу ғариб мехонад) ва меҳмон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Иброҳимзода ҳунарнамоӣ карданд. Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон, ғижжакнавози моҳир Абдуҳошим Исмоилов онҳоро ҳангоми сурудхонӣ гӯё ба роҳ меандохт ва ба қавле «мотиватсия» (илҳом) мебахшид. Барнома бо таронаи хуши бахшида ба дӯстии мардумони тоҷику ӯзбек дар сабки «ширу шакар» анҷом ёфт:
Тоҷик, ӯзбек иккиси аслида бир
гавҳар эрур,
Ҳамнафас диллар азал бир
бирига пайванд бӯлур.
Байни халқи ҳар ду кишвар
риштаҳо пайванд гашт,
Ҷовидон ду халқ зери сояи ду
сарваранд...
Ин барнома як сол пеш низ садо дода буд, он вақт камина аз тамошояш сер нашуда будам. Ҳам Фазилат, ҳам Хуршед завқи баланди Шашмақомхониро намоиш доданд. Ғазалҳо аз шоирони классикии тоҷику ӯзбек дар шеваи сурудхонии ин ду ҷавон ифшои рози санъати мақом барои бинандагон буд. Ин тарзи иҷрои таронаҳо тахминҳои даҳсолаҳои пешро дар бораи он, ки гӯё «Шашмақом» мемираду эстрада оммавӣ мегардад, ботил карданд.
Ростӣ, ҳам дар кишвари мо ва ҳам дар Тоҷикистон ба тарғибу ташвиқи жанри бемисли ҳунари сарояндагии Шашмақом эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Аз ин метавон далелҳои зиёд овард. Маълум шуд, ки Хуршеди Иброҳимзода ҳам дар мактаби бузурги шашмақомхонӣ сабақ омӯхта, имрӯз дар ин ришта ҳатто ба дараҷаи устодӣ расидааст.
Чун сухан аз ҳунари волои устоди бузург Ҷӯрабек Муродов дар солҳои охир равад, ҳатман, ансамбли давлатии шашмақомсароёни «Нури Хуҷанд» ба забон гирифта мешавад. Хуршед Иброҳимзода айнан дар ҳамин боргоҳи ҳунар аз соли 2002 то соли 2003 асрори мусиқии ниёгонро фарохтар омӯхтааст. Қабл аз ин дар зодгоҳаш – шаҳри Конибодом ба ансамбли шашмақомсароёни навраси ба номи Боймуҳаммад Ниёзов шомил шуда, аз устоди аввалинаш Шуҳратҷон Эргашев дар ҷодаи шашмақомсароӣ бисёр сурудҳоро андӯхтааст. Мақоми Шашмақом, ки хеле баланд аст, Хуршед Иброҳимзодаи ҷавон барои омӯзиши амиқтари ин санъат панҷ сол дар факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва дар Академияи мақом таҳти сарварии яке аз донишмандони намоёни шашмақом, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов ба ҳайси аспирант таҳсил кард.
Имрӯз дар иҷрои ӯ кулли силсилаҳои овозии «Наср»-и мусиқии «Шашмақом», дар алоҳидагӣ Ушшоқи Содирхон, Даромади Ушшоқ, Чапандози Наво, Насруллоӣ, Ушшоқи Самарқанд, Фурӯғи Ушшоқи Содирхон, Савти Панҷгоҳи Содирхон, Фурӯғи Савти Муҳайяр, Бебокча, Наврӯзи Сабо, Насри Ҳиҷоз, Насри Чоргоҳ, Ироқи Бухоро ва ғайраро дар телевизион ва радиои Тоҷикистон, ҳамчунин дар Ютуб мунтазам садо медиҳад. Таронаҳои «Мустазод», «Мебарӣ», «Ёри ман танҳо гузашт», «Ҳурмати мардум намову иллати мардум макун», «Модар», «Тоҷикам», «Ин ҷо ғариб» ва монанди инҳо аз шефтагии дили ин ҳофиз ба таронаву суруд далолат медиҳанд.
Агар ӯ аз А. Абдурашидов дарси танбӯр, аз Саттор Фозилов мусиқиро ёд гирифта бошад, аз устодон Абдуқодир Маниёзов, Бадриддин Мақсудов, Ҷӯра Ҳошимӣ, Урватулло Тоиров, Боймурод Шарифзода арӯз ва суханвариро омӯхтааст. Зиёда аз ин, шунидани сабти овозҳои Боймуҳаммад Ниёзов, Барно Исҳоқова, Нериё Аминов, Акашариф Ҷӯраев ва дигарон маҳораташро сайқал бахшиданд. Аз соли 2011 то имрӯз дар ансамбли давлатии Шашмақоми ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси овозхони дараҷаи олӣ кору фаъолият дорад. Ҳамзамон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон мудири кафедраи сарояндагии анъанавӣ мебошад.
Дар ҷашнвораи мусиқии «Таронаҳои Шарқ» дар Самарқанд (с. 2011) соҳиби мукофоти махсуси он шудааст. Овози Хуршед дар толорҳои консертии Фаронса, Англия, ИМА, Эрон, Испания, Хитой, Ҳиндустон, Алҷазоир, Кореяи Ҷанубӣ, Озарбойҷон, Туркманистон ва дигар кишварҳо садо додааст. Ӯ барандаи Ҷоизаи байналмилалии Грэммии ИМА ва дигар ҷашнвораҳост.
Хуршед Иброҳимзода дӯстдори санъати Ӯзбекистон аст. Ҳунари овозхонии ӯро дар ин ҷо қадр мекунанд. Ба шарофати рушди робитаҳои фарҳангии байни Ӯзбекистону Тоҷикистон ӯ барои ташкили консерташ дар Самарқанд (16 март, бо иштироки Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Мардон Мавлонов) ва дар Тошканд (18 март, меҳмони консерти Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Оғабек Собиров) шуд.
Бовар дорем, ки санъати волои Хуршед Иброҳимзода қалби ҳар кадоми мо – дӯстдору ҳаводори таронаву сурудро тасхир хоҳад кард.
Шоқаҳҳор САЛИМОВ,
узви Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.